Дар натиҷаи як таҳқиқоти анҷомдодаи мутахассисони Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ арзиши як коса шӯрбо дар кишварҳои гуногун муайян ва барори ба даст овардан он чӣ миқдор даромади худро ба он сарф кардани одамон низ маълум карда шудааст.
ИА “АП” дар робита ба ин таҳқиқот менависад, ки барои мисол дар штати осудаву некӯаҳволи Ню-Йорк барои тайёр кардани як коса шӯрбо сокини маҳаллӣ ним фоизи даромади миёнаи якрӯзаи худро харҷ мекунад.
Дар Судони Ҷанубӣ ин таносуб сесад маротиба бештар будаааст – сокини ин кишвар барои харидани маҳсулот ва тайёр кардани чунин хӯрок бояд ду рӯз кор кунад.
Дар маълумот қайд мешавад, ки ба сокини Тоҷикистон барои омода кардани як коса ин навъи хӯрок харҷи 9 дарсади даромади якрӯза ва дар Қирғизистон – 10,4 дарсади он лозим меояд. Ин рақам дар Колумбия 2%, Миср 2,7%, Эрон 3%, Арманистон 3,4%, Ҳиндустон 3,5%, Қирғизистон 10,4%, Афғонистон 12,9%, Сурия 22,9 дарсадро ташкил мекардааст.
Дар Тоҷикистон ҳадди ақали музди меҳнат ба 400 сомонӣ (42 доллар) ва маоши миёна ба 1 ҳазору 112 сомонӣ (наздики 120 доллар) баробар аст.
Гуфта мешавад, ки айни замон дар ҷаҳон 821 миллион нафар гуруснагӣ мекашанд. Наздики 155 млн. нафар кӯдак дар саросари ҷаҳон аз лоғарӣ азият кашида, ҳудуди нисфи марги хурдсолон ба гуруснагӣ марбут аст. Дар ин бора Дабири кулии СММ Антониу Гутерриш дар паёми худ ба муносибати Рӯзи ҷаҳониии озуқаворӣ, ки ҳамасола 16-уми октябр таҷлил мегардад, хотиррасон менамояд.