Суҳбати мо перомуни сарояндаи хушсадову хушсимо, хушлиқову хушпайкар, ки садои ӯ тасхиргари қалбҳост ва ӯро ном Аҳмад Зоҳир аст. Ҳамон Аҳмади Зоҳир — сарояндаи марғубе, ки дар давоми фаъолияти начандон зиёд ва умри кӯтоҳи худ тавонистааст ҳудуди 800 сурудро пешкаши ҳаводорони ҳунару санъати асил гардонад ва бо сурудаҳои нотакрори худ пайвандгари санъати Шарқу Ғарб гардад.

Ҳамсуҳбати мо ҳастанд, раиси бунёди байналмилалии «Хубони порсигӯ» — шоираи ширинкалом Меҳриниссо Бобобекова, ки Аҳмад Зоҳирро аз наздик дидаву ҳатто чанде меҳмони худ кардааст.

 Сараввал мехостем, ки аз шиносои нахустинатон аз ин сарояндаи марғубу писандида чанде мегуфтед…

-Аз он солҳо хеле-хеле гузашта, вале ёду хотироти он саҳифаҳои заррини рӯзгор ва зиндагии ман аст.

Соли 1973 мо ба Кобул рафтем. Баъдан он ҷо ҳунарманди хеле шоиста, инсони комилу наҷиб ва олими варзида Ҷӯрабек Назриев омаданд. Эшон як рӯз ба хонаи мо меҳмон буданд.

Он ҳангом, чун дар ғарибӣ будем ва як инсонҳои ошно, инсонҳои ҳамдил, инсонҳое, ки метавони ба онҳо розу ниёз гӯӣ, он ҷо ба ман пайдо намешуд, танҳо суруд гӯш медодам. Бо ҳамин, садои Аҳмад Зоҳир барои ман дар он солҳо воқеан ҳамдарди дил, ҳамсафари ҳамон рӯзгор шуда буд. Ва вақте ки Ҷӯрабек Назриев омаданд, аз баски ростӣ, намешинохтаму надида будам, гуфтам, як ҳунарманд мехонад инқадар зебо, инқадар дилнишин, инқадар ҷазоб, дар аҷабам, ин кист?

Магар то ин замон ошноӣ надоштед?

-Не, медонам, садояшро мешиносам ва ҳамчунин, дар рӯи фиттааш номаш навишта шудааст. Аммо он вақт барои ман ин ном онқадар маъмулу шинохта набуд.

Баъдан он кас гуфтанд:

-Ман мешиносам, ӯ зуд-зуд ба ҳамон маҳаллае, ки ман зиндагӣ мекунам, меоянд, чунки дар ҳамон маҳалла Залон, хонум Жило зиндагӣ мекарданд. Шояд рафту омади Аҳмад Зоҳир аз ҳамин ҷо шурӯъ шуда бошад…

Ростӣ, он вақт гумон кардам, Ҷӯрабек Назриев шӯхӣ мекунанд, яъне барои дили ман, барои он ки ман ҳунарро, санъатро дӯст медорам ва як қалби пур аз эҳсосу ишқу меҳр ва саршори самимият Худованд бароям ҳадя додааст, ғамгиниямро нахоста мегӯянд. Мехоҳед ман Аҳмад Зоҳирро ҳамроҳ биёрам?, — гуфтанд эшон.

Чӣ қадар хуб мешуд. Агар ин кор мешуд, туҳфаи беҳтарин буд.

Дақиқан, рӯзи ҷумъа (рӯзи истироҳатии Ҷумҳурии Афғонистон) буду ман ба корҳои хона овора будам, ки ногаҳ занги хона пахш шуд. Дарро кушода дар ҳайрат мондам: Ҷӯрабек Назриев бо ду нафар рост меистоданд. Ва вақте нигоҳам ба Аҳмад Зоҳир афтод, хаёл кардам, ки ӯро ҳазор сол боз мешиносам. Яъне, он робитаи ҳамон шеъру оҳангу суруду наво ба ман он қадар таъсирбахш буд, ки баробари нигоҳ кардан  гуфтам: Аҳмад Зоҳир!

Аз шинохти ман ӯ онқадаре хуш шуд, ки ногуфтанист. Бубинед, як инсони комилу шариф ва ба хусус ҳунарманди асил, ки номвар шуда, вақте ӯро, бигӯем нодида мешиносанд, чӣ ҳиссе пайдо мекунад.

Дар бораи Аҳмад Зоҳир то он вақт хеле кам маълумот буд. Албатта, Аҳмад Зоҳир медонист, ки Тоҷикистон ҳаст ва дар ҳамсоягии Афғонистон қарор дорад, аммо намедонист, ки мо ба забони тоҷикӣ ҳарф мезанем, яъне ба забоне, ки худи ӯ ҳарф мезанад, суруд мехонад, эҷод мекунад.

Дар аввал ман гумон мекардам, ки Аҳмад Зоҳир як инсони хеле мағрур, як инсоне, ки ба худаш баҳои баланд медодааст. Вале вақте ки Аҳмад Зоҳир омад, то соати 10-и шаб фақат суруд хондем, рақсидем ва банда хело хушҳол будам. Ӯ аз хондан ҳеҷ сер намешуд. Суруд мехонду рақс мекард. Мегуфт, мехоҳам бихонам, бихонам,  бихонам!

Аввал, ки омада буд, бо худ асбоби мусиқӣ надошт. Бо дастонаш дар миз доира зада суруд мехонд. Баъд мо гуфтем, ки акардион дорем. Лабхандзанон гуфт, биёред. Овардем, каме суруду гуфт, на, ин намешавад, ҷӯр нест. Ба шавҳарам ишора кард, ки биё ба манзили мо равем, ман аз он ҷо органи худамро биёварам. Онҳо рафтанду оварданд, ин қадар суруд хонд, ки ногуфтанӣ.

Дар зиндагӣ ман инсонҳои бузургро бисёр дидам. Сурудҳои оғои Шаҷарёнро шунидам, аз Мададӣ шунидам, хонум Залонро гӯш додам, хонум Жиллоро дидаму ба садояш аз наздик гӯш додам. Вале воқеан Аҳмад Зоҳир тафовути хеле зиёд дошт.

Чӣ гунае, ки огоҳем ва худ ҳам зикр кардед, Аҳмад Зоҳир меҳмони хонадони Шумо буданд. Вале аз ин нишаст чӣ хотирае доред, ки то имрӯз фаромӯшношуданист?

-Ҳамон солҳо нав аз зиндон озод шуда буд. Ӯро бо ҳамон гуноҳи бегуноҳӣ ҳабс карда буданд ва дар ин мобайн модарашро гум карда буду гаштаю баргашта аз он ҳодиса нақл мекард, ки вақте ман дар зиндон будам, хабари гузаштани модарамро шундаму омада дидам модарам дигар нафас намекашад, худро аз дард корд задам. Ва ин қадар ғусса мехӯрд, аз он ки ӯро бо як гуноҳе ки содир накарда буд ва ҳаргиз содир карда наметавонист, айбдор карданду модараш дар ин моваро чашм зи олам баст.

Вай мегуфт, ана, ба чашмони ман нигаред, ҳамин чашмон магар метавонанд, касеро аз байн бибаранд?

Боз чӣ дар ангораҳо монда?

-Боз ин бароям хотирмон буд, ки вақте ман баробари Аҳмад Зоҳир суруд мехондам, ӯ дар ҳайрат буд, ки ман аз куҷо забони ӯро медонам. Ҳамон замон гуфта буд: «Ман дар хонаи эрониҳо, покистониҳо, олмониҳо, итолиёвиҳо будам, аммо ба хонаводаи шӯравӣ бори аввал меоям ва чӣ қадар бароям хушбахтист, ки маро мефаҳманд, ҳамроҳам суруд мехонанду сурудҳои маро медонанд».

Ӯ тифлакони маро оғӯш мекашид, мебӯсид. Ҳарчанд баъдан ӯ борҳо ба хонаи мо меҳмон шуд, вале ҳар лазҳаю сонияи он меҳмонии аввала бароям хотирмон буд. Ӯ ҳамин қадар ошиқи Тоҷикистон шуда буд, пас аз он меҳмонӣ гуфт: «Ман аваалин коре, ки мекунам, ба Тоҷикистон меоям”. Вале афсӯс, ки ӯро пас аз чанд вақте аз байн бурданд.

Ҳамчун як нафаре, ки ҳаводори сурудаҳои Аҳмад Зоҳир будед, пас аз он ки ӯро аз байн бурданд, чӣ ҳиссе пайдо кардед?

-Вақте ки ман дар Маскав будам, гуфтанд, Аҳмад Зоҳирро аз байн бурданд. Ман ҳеҷ боварам намеомад. Пас аз як ҳафтаи марги ӯ ман ба Кобул омадам ва вақте ки ба Кобул омадем, дар фурудгоҳ нахустин саволи ман аз мулкдорон ҳамин буд. Он замон гумон кардам ҳамаи кӯлворамро бардораму зуд биёям ба Тоҷикистон, гумон кардам, ки як мулк холист, як мулк беинсон монд, гӯё, ки офтоб дар он ҷо ғуруб кард, гӯё ки ситораҳо дигар намебароянд. Барои чӣ? Ба он хотир, ки ман воқеан ошиқи ҳунари ӯ будам.

Умри инсон хеле кӯтоҳ аст. Хеле кам инсон дарк мекунад, чӣ қадар зиндагӣ зебост, зиндагӣ пур аз ишқ аст, пур аз равшанист. Инро агар дарк кунед, зиндагиро бештар дӯст медоред, даҳшатҳои зиндагӣ дар назар ҳеҷ менамоянд, мисле, ки Аҳмад Зоҳир дид, дӯст дошт ва бигзашт аз баҳри ҳамаи шебу фарози рӯзгор.

Аҳмад Зоҳир аз ин рӯзгор чӣ дид ва ба пиндоратон чиро дӯст дошт?

— Бале, вақте мо ба Шӯравӣ меомадем, ман аз Аҳмад Зоҳир пурсидам, ки ба шумо чӣ туҳфа биёрам? Дар посух гуфт: “Ман мӯйи сари худро бисёр дӯст медорам, барои ман агар имкон бошад шомпу биёваред”, шӯхикунон гуфт ва каме пас илова намуд: “Шумо дӯстони мо ҳастед, пеш аз ҳама мехоҳам, ки шумо худатон бо ҳамин кӯдакон баргардед, ки ман як умедгоҳ дошта бошам”.

Бурдам. Ӯ гуфт: «падарам мӯяшон хеле зуд аз даст рафт. Ман намехоҳам, ки аз манам чунин шавад».

Дигар ҳангом, ки мо рафтем, бо худ як китоб бурдам. «Мушовара»- онҷо ба ҳуруфоти форсӣ аз тамоми намояндагони мамолики шарқу африқо намунаҳои шеър бо ҳуруфоти арабиасос буд. Ба Аҳмад Зоҳир гуфтем, ки аз ин як шеър интихоб кунед. Китобро кушоду шеъри «Ҳамин кофист»-и устод Мирзо Турсунзодаро гирифт. Мо гуфтем, тамом, ин ҳафта ба оҳанг медароред. Ва вақте ки ин ҳафта омад, гуфтам: туро металабанд хона ба хона, яъне ки имрӯз ин қадар талабгоратон бисёр, вале боз шумо хонаи мо омадед. Мо инқадар сарфароз. Ман шеърро овардам, — гуфт ӯ ва ҳамон шеърро бо оҳангаш хонд: Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман, ҳамин кофист…

Ва мегӯянд, вақте онро оварда ба устод Турсунзода, ки дар беморхона будаанд, медиҳанд, гаштаву баргашта гӯш медиҳанду мегӯянд, ин қадар олӣ мехонад.

Яъне, бубинед дар лаҳзаҳои душвор ҳам хондани Аҳмад Зоҳир чӣ қадар ба рӯҳу равон таъсир мерасонад.

Баъдан бар ҳамон китоб соядаст навиштам:

Садои ту садои резиши борон,

Садои ту ғиреви обшорон аст.

Садои ту сафои чашмаи куҳӣ,

Ки дармони дили шӯридаҳолон аст.

Чӣ гунае, ки мо огаҳ гаштем, Шумо бо Аҳмад Зоҳир дар як маҳфил оҳанги » Дигар ашкам марез»-ро дуэт сароидаед. Оё ин пешакӣ тарҳрезӣ шуда буд ва ё дар рафти ҳамон маҳфил ногаҳонӣ рафт?

-Не, не, бубинед, вақте Аҳмад Зоҳир меҳмони ман буд ва дар хона суруд мехонд, ман ҳар бор гоҳе ба ошпазхона мерафтаму гоҳ ба наздашон омада ба сурудхонӣ ҳамроҳӣ мекардам. Аз ин чӣ қадар хуши Аҳмад Зоҳир омадаву ҳатто гуфт: бубинед, Меҳриҷона, ки чӣ қадар зебо месарояд.

Ман бо ифтихор сарбаландона мегӯям, ки агар дар рӯзгорӣ ман чизе ҳам набошад, ман бо Аҳмад Зоҳир суҳбат кардаам, сари як дастархон нишастаам, ки аз худ меболам.

Вақте ин ҳама завқи Шуморо медиданд, боре таклиф накарданд, ки ҳамроҳашон ягон дуэт сабт намоед?

— Ман аз он, ки ҳатто як шеърамро ба ӯ пешниҳод накардам, ки бихон, пушаймон ҳастам. Барои дуэт хондан иҷозат лозим буд. Иҷозати ҳам хонавода, иҷозати сафоратхона. Чунки Аҳмад Зоҳир писари садри аъзами бознишаста буд. Бубинед, Ҷӯрабек Назриевро фақат ба хотири он ки эшон бо Аҳмад Зоҳир хеле робитаи наздик доштанд, бармаҳал, ҳамон қарордод хатм нашуда, аз онҷо ронданд. Вақте ки аз он ҷо меронданд, ту аллакай хоин будӣ, душмани халқ будӣ ва ҳатто ба мо дастур медоданд, ки агар афғонҳо ба хонаатон биёянд, хуб пазироӣ накунед. Махсусан, аз тоҷикҳо метарсиданд, аз ба ҳам омадани онҳо метарсиданд.

Ман ҳазорҳо бор гуфтам, ки хайрият аъзои ҳизби комунист нашудам. Набошад маро ким-кайҳо аз Кобул меронданд. Барои чандин саркашиҳоям, чунки ман дар қолаби худ намеғунҷидам: ба кинотеатрҳо мерафтам, дар консертҳо ширкат меварзидам. Дар чорчӯбаи назми азалӣ намеғунҷидам, ҳеҷ ҳамон қайду қуюдҳоро риоя намекардам. Хеле исёнӣ будам. Ҳоло хуб шудаам. Ман пинҳонию рустӣ ба мазори Аҳмад Зоҳир мерафтам, ки, албатта, ҳамаи ин барои мо мамнӯъ буд. Агар огаҳ мешуданд, моро аз он ҷо меронанд ва ин як умр доғи сиёҳ барои оилаам буд.

Ман пушаймон ҳастам, аз ин ки ҳамроҳаш суруд нахондам, ҳатто як шеърамро барояш пешниҳод накардам. Агар ин қайду қуюдҳо намебуданд, ман бо майли том мехондам, чун ин пешниҳоди худи Аҳмади Зоҳир ҳам буд, ки якҷо хонем.

Бештар ба шахсияти ҳамсарам фикр кардам, ки бадгӯйҳо зиёд мешаванд. Инсонҳое ки туро намефаҳманд. Намефаҳманд, ки, масалан ту метавонӣ шефтаю вайлои ҳунар бошӣ. Шахс ин ҷо ҳеҷ дахл надорад. Ҳунари ӯ дар аввал аст.

Ҳазрати Алӣ мегӯянд, ки бузургтарин гуноҳ тарс аст. Ин бузургтарин гуноҳ ҳамон вақт дар дили ман буд. Ман ба хонаводаам, падару модарам, ба Ватанам фикр мекардам, ки аз ин ҷо бо доғ рафтан мумкин набуд. Ин то имрӯз дар дилам мондааст.

Суруде аз Аҳмад Зоҳир, ки ба Шумо писанд аст ва ҳамвора месароедаш, кадом аст?

Ай ба дидаам торик моҳи осумон бе ту,

Сина чок-чокам ман ҳамчу каҳкашон бе ту

Аз навиштаҳои устод Султони Ҳамад бармеояд, ки  Аҳмад Зоҳир сарояндаи амрикоӣ — Преслиро идеали худ медонистанд. Шумо чи назар доред?

-Бале, ӯ сурудҳои Элвис Преслиро меписандид ва ба ӯ тақлид мекард. Ҳатто мӯяшро мисли ӯ мемонд. Дар хондан, либоспӯшӣ низ. Дар умум ошиқи ӯ буд ва пайравиаш мекард.

Оё Аҳмад Зоҳир дар  маҳфил ё меҳмоние ягон сухан аз тоҷик ва тоҷикият будани худ гуфта, ки Шумо шунида бошед?

-Не, ба фикрам модараш тоҷиктабор буду падараш пашту. Лек он вақт ин масъалаву ин маҳалгароӣ умуман дар Афғонистон набуд. Ӯ низ дар ин бора суҳбат намекард.

Чигунае огаҳем, шумо якчанд шеърҳои худро ба Аҳмад Зоҳир бахшидаед. Аммо ҳолати аз ҳама таъсирбахштарин дар Шумо барои эҷоди як шеър дар васфи эшон кадом буд?

-Баъди маргаш ҳам ӯро ором нагузоштанд. Қабри ӯро кофтанд, устухонҳояшро берун карданд ва ман ин ҳолатҳоро бо чашми худам дидам. Вақте ки ман соли 2002 ба Афғонистон рафтаму мехостам мазори Аҳмад Зоҳирро зиёрат кунам, як дӯсташ, ки моро раҳнамоӣ мекард, гуфт, намехоҳам онҷо равед. Мо гуфтем, не, охир мо ба ҳамин хотир омадем, бояд равем. Вақте рафтем, ман аз дур ҳамон мақбараи Аҳмад Зоҳирро дидам, ки мисли панҷ панҷаи сухтагӣ буд. Ӯро майда — майда карда буданд. Баъд ман ин шеърро навиштам:

Бо сад умед рафтам, ман бар мазори Зоҳир,

То пай барам ба рози паймонаҳои Кобул.

Эй вой, ман чӣ дидам, ҷои мазори он хуб,

Сад пора-пора карда, санги сари мазораш,

Бурданд устохонаш бегонаҳои Кобул…

Шояд хеле-хеле вақтҳои илҳоми ман ба Аҳмад Зоҳир рабт дошта бошад. Ва ин аст, ки маро шоири таронанавис мегӯянд, вале ман таронанавис нестам…

Нишаста дар танам чун ҷон садои Аҳмади Зоҳир,

Хаёлам, мӯъҷизи Қуръон садои Аҳмади Зоҳир.

Ба оҳанги дилангезаш, забони шаҳдомезаш,

Тасаллои дили инсон садои Аҳмади Зоҳир…

Ба ҳам орад Хурусонам, Самарқанду Сангонам,

Паёми ваҳдату паймон садои Аҳмади Зоҳир.

Суҳбаторо:

Шаҳрия Мадгиё

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here