Раиси ҳайатмудирони Бемористони Ибни Синои Душанбе Абдухалил Холиқзода гуфт, ки аз воксинзанӣ зидди коронавирус даст мекашад.
Баъди ба Тоҷикистон ворид шудани аввалин бастаҳои воксини “AstraZeneca”, ки моли ширкати бритонёии Оксфорд асту аз Ҳиндустон ба Душанбе оварда шуд, гуфта шуд, ки дар навбати аввал пизишкон воксинзанӣ мешаванд. Раиси ҳайатмудирони Бемористони Ибни Сино Абдухалил Холиқзода дар як муроҷиати фейсбукӣ навишт, ки алҳол воксинзанӣ нахоҳад кард.
— Ба андешаи инҷониб дар сарфи ин воксин набояд исроф сурат гирад. Гурӯҳи аввали авлавиятдор кормандони соҳаи тиб эълон шудаанд, дар ҳоле, ки тақрибан ҳама кормандони ин соҳа бемориро аз сар гузаронданд ва ба таври табиӣ масуният ҳосил кардаанд. Ба ақидаи коршиносон задани воксин ба касоне, ки масуният доранд, ғайр аз исроф чизе ба бор намеорад. Бояд ин воксин сараввал ба касоне, ки бемориро нагузарондаанд ва ба гурӯҳи хатар шомил мешаванд, зада шавад. Калонсолон, афроди дорои бемориҳои системи хун, диабети қанд, фарбеҳӣ ва дигарон, ки дар ҳоли сироят ёфтан бемориро вазнин мегузаронанд, бояд авлавият дошта бошанд. Шахсан ман ба суди ин гурӯҳ аз воксин даст мекашам. Ҳар вақт, ки воксин ба қадри кофӣ дар дастрас қарор гирифт, воксин хоҳам зад. Аз дигарон, бахусус кормандони тиббие, ки бемориро гузаронданд, даъват мекунам, ки ба суди гурӯҳҳои осебпазир аз воксинзанӣ даст кашанд, — пешниҳод кард Холиқзода.
Талхакаф шудам гуед домулло