Кароматулло хатмкардаи мактаб-интернати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буда, айни замон донишҷӯйи курси сеюми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Дар риштаи ҳуқуқшиносӣ мехонад.

Ӯ соли 1998 дар ҷамоати Фрунзеи ноҳияи Калхозобод (ҳозира Ҷалолиддини Балхӣ) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Дар оила онҳо 6 нафар — 3 духтар ва 3 писар буда, Кароматулло фарзанди чорум аст.

Вақте Кароматулло 4 сола буд, оилаи вай ба Федератсияи Русия, роҳи муҳоҷиратро пеш мегирад. Модари ӯ дар муҳоҷирати меҳнатӣ, дар кишвари бегона, ин дунёро падруд мегӯяд.

”Модарам ба бемории саратон  гирифтор шуд ва моро тарк кард. Ҳамин ҳодиса сабаб шуд, ки ман натавонистам дар ҳафтсолагӣ ба мактаб равам. Ва як сол баъд, соли 2007, ба яке аз  мактабҳои Русия ба синфи як қабул шудам”, — аз кӯдакии худ ёд меорад Кароматулло.

Ӯ то синфи чорум дар Русия мехонад, баъдан ӯро ба зодгоҳаш, назди хешовандони падару бародаронаш меоранд. Бинобар мушкилии зиндагӣ ва аз мактаб дур намондан, Кароматулло бо хоҳиши худ ба мактаб интернат меравад.

Хонданро дӯст медоштам, аммо дар ҷамоати мо мактаб набуд. Мактаб танҳо дар маркази ноҳия, 12 км дур аз деҳаи мо, ҷойгир буд. Тай кардани ин қадар роҳи дур барои ман мушкил буд ва ман хостам, ки маро ба мактаб интернати ба номи Абдуғаффор Каҳҳоров, ҳозира Мактаб интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, баранд”, — хотираҳои худро варақгардон мекунад қаҳрамони мо.

Кароматулло хондани адабиёти классикиро ҳам дар шакли назм ва ҳам наср бисёр дӯст медошту ҳоло ҳам ин меҳр аз дилаш гусаста нашудааст.  Шояд ҳамин меҳри эҷодиёти шоиру нависандагони бузург буда, ки Кароматулло аз 14-солагӣ ба навиштани шеър оғоз кардааст.

”Вақте дар дарси адабиёт мавзуи шеърӣ мегузаштем, ҳар замон дар дилам илҳоми эҷод кардан бедор мешуд. Шеърҳои аввалини худро менавиштам, аммо ба касе нишон намедодам. Танҳо бо ду нафар дӯсти наздикам нишон медодаму халос. Аз пешниҳод кардани шеърҳоям ба омӯзгорам Мазоров Шукрихудо метарсидам, ҳарчанд ӯ муаллими меҳрубон буд…”, — мегӯяд Кароматулло.

Кароматулло яке аз аввалин гирандагони «стипендияи президентӣ» дар мактаб-интернат буд. Ҳамаи ин муваффақиятҳо ва меҳри эҷод кардану навиштан, ӯро ба сӯйи орзуи рӯзноманигор шудан мебурданд.

Аммо, вақте замони донишҷӯ шудан фаро расид, бародараш хост, ки ӯ ҳуқуқшинос шавад.

““Ҳаёти туро, зиндагии туро, касби туро ман интихоб мекунам, ту фақат зиндагӣ мекунӣ”, — гуфт акаам ва ҳамаи 12 ихтисосе, ки ба Маркази милли тестӣ барои дохилшавӣ интихоб карданӣ будам,  ӯ интихоб кард. Ман бошам аз гуфтаи ӯ набаромадам”, — нақл мекунад ӯ.

Ба хотири амалӣ кардани орзуи бародар, Кароматулло аз орзуи худ даст мекашад. Ҳоло барои ҳуқуқшинос шудан дар ДМТ таҳсил мекунаду дар хобгоҳи донишгоҳ зиндагӣ. Ҳамзамон дар Бюрои марказии милии ВКД ба ҳайси ёрдамчии муфаттиш таҷриба меомӯзад.

Барои аз худ хотирае мондан дар мактаб-интернат, Кароматулло маҳфили илмиву адабиеро бо номи «Барги сабз» кушодааст, ки то ҳол фаъол аст. Айни замон, додари Кароматулло низ дар ҳамон мактаб интернат таҳсил дораду хоҳари хурдакакаш бошад, дар тарбияи аммааш аст.

Кароматулло орзу дорад, ки дар донишгоҳ омӯзгор шуда, дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ ба воситаи тарбияи ҷавонон саҳми худро гузорад.

«Ҳамеша аз пайи сайқал додани донишу малакаи худ ва такмил додани маҳорату истеъдоди худ бошед», — ба ҳамсолону ҳамтақдиронаш тавсия медиҳад Кароматулло.

Саҳобахон Ҷӯраева,

“Зира Медиа”

Маводи мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки аз тариқи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст. «Зира Медиа» барои муҳтавои ин матлаб масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА ё Internews-ро инъикос кунад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here