Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Муҳтарам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон! Пеш аз ҳама ба Шумо арзу сипоси худро баён намуда, эҳтиромона аз Шумо, ҳамчун сарвар ва ғамхори миллат, алалхусус ғамхори бечорагону дармондагон, маъюбону беморон ва ятимон, хоҳиш мекунам, ки ба мани дар чорсуи зиндагӣ ҳайронмонда ёрӣ расонед.

Ман аз  Шумо барои он   ғамхорӣ ва дастгириҳое, ки нисбати мо ба иҷро мерасонед, ниҳоят  сипосгузор мебошам. Сабаби ба унвонии Шумо  муроҷиат карданам аз он иборат аст, ки фарзандам Тоатов Аминҷон Акбаршоевич бо ҳукми суди ВМКБ ҶТ аз 19 марти соли 2021 бо моддаи 347, қисми 1 айбдор дониста шуда, ба ӯ ҷарима ба андозаи панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба сӣ ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат, таъйин карданд.

Ҳангоми баррасӣ кардани парвандаи ҷиноятӣ нисбати фарзандам дар  суди ВМКБ писарам ба гуноҳи  худ пурра иқрор шуда, аз кардааш сидқан пушаймонӣ шуд. Суди ВМКБ нисбати писарам Тоатов Аминҷон ба моддаи 347, кисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки талаботи ин модда аввал ҷарима, баъдан ҷазои  маҳрум сохтан аз озодиро аст, суд нисбати писарам ҷазоро дар намуди ҷарима таъйин намуда писарамро аз толори маҷлиси судӣ озод кард. Суди марҳилаи аввал ҳамаи ҳолатҳои корро, яъне ҷинояти начандон вазнин будан, якум бор ҷиноят содир кардан ва ба ҷамъият хавфнок набудани ҷинояткор ва пеш суд нашудани писарамро дар мурофиаи судӣ санҷида ба онҳо баҳои дурусти ҳуқуқӣ дода қарори одилона баровард. Аммо мутаассифона прокурори ВМКБ ба ин ҳукми суд розӣ нашуда нисбати ҳукми суд ба Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бекор кардани ҳукми суд эътирози кассатсионӣ пешниҳод кардааст.

Ҳаминро қайд кардани ҳастам, ки дар рафти тафтишоти пешакӣ, мақомоти тафтишот нисбати писари ман Тоатов А.А. чораи пешакиро дар намуди ҳабс ва нисбати “шарики” ҷиноии ӯ Додов Қ.Ё., ки бо қисми 1 моддаи 347 айб эълон карда буд, чораи пешакиро дар намуди тарк накардани маҳали зист бо забонхатро лоиқ донист, ҳоло он, ки охирин бо маҳкумшуда (Вазиров С.У.) дустии тулони дошт ва дар рафти тафтишоти пешаки ва дар мурофиаи суди низ иқрор шуда буд, ки дар бораи робитаҳои макумшуда Вазиров С.У. бо ҷинояткорон дар ҷараён буд ва чандин маротиба охирин аз телефони мобилии Додов Қ..Ё. истифода намуда бо онҳо робита намудааст.

Ҳамин тариқ чор нафар аз дустони маҳкумшуда Вазиров С.У., (Мирзоев М.И., Хингов Ҷ.Т., Аброров И.Д. ва Қадамов Ф.М.) ки бо у (Вазиров С.У.) робитаи дустона доштанд ва аз ҳама ҳаракат ва робитаҳои охирин дар ҷараён буданд дар парванда ҳамчун шоҳид гузаронида шуданд. Ҳамчунин низ шахсе бо номи Иқбол, зодаи ноҳияи Ваҳдат, ки шоҳиди як робитаи телефонии Вазиров С.У. бо ҷинояткоре бо номи Мансур буд ва дар фикри айбдори ва ҳукми суди дар борааш сухан меравад, то ҳатто ба ҳайси шоҳид ҳам ҷалб нагардид.

Ин ҳама далелҳо аз фармоиши будани парвандаи ҷинояти ва эътирози прокуратураи ВМКБ ҶТ низ аз болои ҳукми суд аз 19.03.2021 сол зери фишор оварда шудааст, ки алайҳи писари ман Тоатов Амиҷон шаҳодат медиҳанд.

Бояд қайд намуд, ки писари ман Тоатов А.А. фаққат дар як ҳолат шоҳиди алоқаи телефонии Вазиров С.У. бо ҷинояткорон гардид, ки он ҳам тасодуфӣ ва зимни аз хонаи хоҳараруси охирин бозгаштани онҳо буд, ки писари ман бо хоҳиши Вазиров С.У. сари чамбараки автомашинаи у, бинобар сабаби шаҳодатномаи ронандаги надоштани Вазиров С.У., нишаста  буд, сурат гирифт. Ин ҳолат албата ғайринақшавӣ буд. Раводиди (санксияи) моддаи 347 кисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аввал ҷаримаро ва баъдан маҳрум сохтан аз озодиро муайян кардааст, суд бошад ин ҳолатҳоро баҳои дурусти ҳуқуқӣ дода нисбати писарам ҷазо дар намуди ҷарима таъин намудааст, аммо прокурор ба ҳукми суди ВМКБ розӣ нашуда нисбати он эътирози кассатсионӣ овардааст, ки талаби эътироз ба ҳолати аслии кор рост намеояд.

Аз Шумо ҳамчун як падар ва шаҳрванд  эҳтиромона хоҳиш менамоям, бо истифода аз ҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баррасии парвандаи мазкур дар доираи қонун, холисона ва аз руи виҷдон дар марҳилаи кассатсионӣ дар Суди олии ҶТ, бо истифода аз мавқеи худ кумак кунед. Чунки аз ҳарактаҳо ва эътирози овардаи прокурори ВМКБ ҶТ дида мешавад, ки парвандае, ки дар асоси қонун баррасӣ карда шудааст ва суд қарори одилона қабул кардааст, ғайриқонуни бекор ва фарзанди ман Тоатов Аминҷонро мехоҳанд ба маҳбас кашанд.

Бо камоли эҳтиром Акбаршо Тоатов,

сокини ноҳияи Дарвоз, ҷамоати Қалъаи Хумб, деҳаи Мадраса

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here