Тилобердиев Муҳаммад Турсун истиқоматкунандаи ноҳияи  Вахши ҷамоати деҳоти Тоҷикободи Роҳи нав аст. Ӯ соҳиби  панҷ фарзанд мебошад, ки аз се нафари онҳо маъюбанду ду нафар маъюби гуруҳи якум ва як нафари дигар маъюби гуруҳи дуюм. Айни ҳол 13 нафар дар таъминоти ин мард ҳастанд.

Кӣ ба маъюбон замин дод?

Соли 2010 ба бо дастгирии ду намояндаи Дастгоҳи  иҷроияи Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳудуди деҳаи Роҳи Нави ҷамоати  деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш ба Тиллобердиев Муҳаммад Турсун ба далели зиёд будани аъзои оилааш ва барои дар таъминоташ будани се маъюб 15 сотих замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд.

Бо сабаби душвор будани шароити зиндагӣ, ин мард имконияти сохтмони манзили истиқоматӣ надошта, ноилоҷ барои таъмини аъзои оила ин замини наздиҳавлигиро киштукор карда истифода мебарад. Ӯ хуб медонад, ки ҳадаф аз ҷудо кардани замин сохтмони манзили истиқоматӣ мебошад.

Кӣ бояд заминро ҳуҷҷат кунад?

Тиллобердиев Муҳаммад Турсун чандин маротиба  ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш барои қонунӣ ҳуҷҷатгузорӣ кардани ин замини наздиҳавлигӣ  муроҷиат кардаст, зеро замини ҷудошуда ягон ҳуҷҷат надорад, ки муайянкунандаи соҳибмулк будани Тиллобердиевро тасдиқ кунад. Чаро мақомоти дахлдор то ҳол ба ин масъала монеа эҷод мекунанд?

7 сол дар интизории посух

Номбурда бо се фарзанди маъюбаш муддати ҳафт сол мешавад, ки  дар пушти дари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш овора аст. Падари ин се маъюб мегуяд, ки аз чунин ранг гирифтани масъала ва рафти ҳуҷҷатгузории замин хаста шуда, борҳо ба мақомоти дахлдор арз кардааст, аммо ягон натиҷа надодааст. Чун пештара, тарафи ҷамоат ва намояндаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати дар ноҳияи Вахш танҳо ваъда додаанду халос.

Кӯдакони маъюб чӣ гуноҳ доранд?

Чаро Тиллобердиев Музаффар, Тиллобердиев Исмоил ва Тиллобердиева Роҳиллахон нафақаи маъюбии кам мегиранд? Аламовар ин аст, ки дар ҷашну маросимҳо аз ҳоли онҳо касе хабар намегирад ва онҳоро барои гирифтани ёриву кумакпулиҳо хабар ҳам намекунанд. Ин дарду ранҷҳояшон басанда набуд, ки келини ин хонадон моҳи апрели соли 2018 баъди таваллуди  фарзандаш ду моҳ зисту вафот кард. Айни замон се кӯдаки хурди ӯ низ дар таъминоти Тиллобердиев Муҳаммад қарор доранд. Шароити зисту зиндагии ин мард хеле вазнин аст. Ӯ намедонад ба куҷо раваду дарди дилашро ба кӣ арз кунад.

Чаро супоришҳо иҷро намешаванд?

Чаро супоришҳоро масъулини  ноҳияи Вахш ва кормандони масъули ҷамоати деҳоти Тоҷикободи дар маҳал иҷро намекунанд? Заминро ҳамчун таҳҷои замин ҷудо карда додаанд, вале ҳуҷҷатгузории онро ба иҷро намерасонанд. Мо дар давлати ҳуқуқбунёд қарор дорем ва ҳар амали мо мувофиқи қонун ҷавобгарӣ бояд дошта бошад, Мавсуф  хоҳиши расмӣ гардонидани замини наздиҳавлигиаш аст, вале мақомоти иҷроия дар минтақа дар баровардани қарор дар бораи вобаста намудани замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ» саҳлангорӣ мекунанд. Наход, ки мақомоти маҳаллӣ се маъюбро дастгирӣ карда натавонад?!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here