Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ

Муҳтарам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Шумо борҳо дар суханрониҳоятон таъкид мекунед, ки соҳибкоронро дастгирӣ намоед. Ҳамчунин, аз корномаи рустамонаи раиси муҳтарами шаҳрамон Рустами Эмомалӣ борҳову борҳо шунидаем, ки сипари соҳибкорон буданду ҳастанд. Ман низ яке аз камтарин соҳибкорони кишварам, ки андаке бошад ҳам, барои пешрафи кишвари маҳбубам — Тоҷикистон саҳм гузоштаам. Ғамхориву дастгириҳои шуморо дида, ба хулосае омадам, ки дар мушкилии ба сарам омада, ягона дастгирам ҳастед.

Бо камоли эҳтиром ба маълумоти Шумо мерасонам, ки аз сейфи утоқи кориам, воқеъ дар километри нуҳуми шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат, маблағҳои ҶДММ «Донишварон» дар ҳаҷми 547 000 (панҷсаду чилу ҳафт ҳазор) сомонӣ ва маблағҳои шахсии худам дар ҳаҷми 700 (ҳафтсад) доллари ИМА ва 66 000 (шасту шаш ҳазор) рубли ФР, ки дар маҷмӯъ 564 000 (панҷсаду шасту чор ҳазор) сомониро ташкил медиҳанд, шаби чорум ба панҷуми ноябри соли 2020 дуздида шуданд. Оид ба ҳодисаи рӯйдода ман фавран ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур хабар дода, худи ҳамон рӯз ба унвони сардори ҳамин мақомот ариза навишта будам. Бо сабаби ба натиҷаи муайян ноил нагардидани кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур, ман санаи 12.11.2020 сол ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусоидат намудан ба ошкорнамоии ҷиноят ва барқарор намудани зарари расонидашуда ариза навишта будам. Санаи 06.12.2020 сол оид ба аризаи додаам ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби прокурори Раёсат Шарифзода М. ба Прокуратураи генералӣ даъват карда шудам ва оид ба ҳодисаи мазкур баёноти муфассали ман гирифта шуд. Дар рафти пурсупос маълум гашт, ки дар парвандаи нисбати ҳамин ҳодиса оғоз намудаи ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур аз ҷониби кормандони он бемасъулиятӣ нишон дода шуда, ҳатто баёнот ва нишондодҳои гумонбарони даъватшуда дар он пурра вуҷуд надоранд. Бо сабаби нопурра будани маводҳо парванда аз ҷониби прокурори Раёсат Шарифзода М ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур баргардонида шуда, оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастури хаттӣ низ дода шуд. Аммо бо сабабҳои номаълум то имрӯз оид ба пурранамоии маводҳои парванда ва дар самти ошкорнамоии ҷиноят ягон амали назаррасе аз ҷониби ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур ба чашм намерасад. Ҳатто нисбати дархости мо санаи 07.12.2020 сол оид ба гирифтани иҷозати мақомоти дахлдор дар хусуси кофтукови манзили истиқоматии гумонбари асосии ин ҷиноят Шарипов Т. Б. аз ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо сабабҳои номаълум, ҷавоби рад гирифтем. Бинобар ҳамин бори дигар аз мақомотҳои дахлдор эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки бо мақсади ошкорнамоии ҷиноят ва барқарор намудани зарари расонидашуда парвандаи мазкурро зери назорати қатъӣ гирифта, барои ҷуброни зарари расонида, нисбати ман мусоидат кунед.

Боқиев Одинамаҳмад Абдусамадович,

муассиси ҶДММ «Донишварон»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here