Суҳбати ихтисосӣ бо раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нуъмонзода

 — Нахуст,  аз таърихи пайдоиш ва вазъи имрӯзи ноҳия маълумоти мухтасар медодед.

Ноҳияи Спитамен 29-уми сентябри 1926 ҳамчун ноҳияи Нов дар округи Хуҷанд дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфтаааст.

Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 21-уми ноябри соли 2003, таҳти №460 ба хотири гиромидошти Қаҳрамони халқи тоҷик Спитамен, ноҳияи Нов Спитамен номгузорӣ гардид.

Маркази маъмурии ноҳия ҷамоати шаҳраки Навкат буда, ҳамчунин, дар ноҳия ҷамоатҳои деҳоти Турсун Ӯлҷабоев (собиқ деҳоти Нов), Тағояк, Куруш (собиқ Куркат), Сарбанд, Истиқлол (собиқ Оқтепа) ва Хуррамзамин мавҷуданд.

Аз рӯи омори 01.01.2021 аҳолии ноҳия 143 ҳазору 983 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 72158 нафар мардон ва 71825 нафар занон мебошанд. Тоҷикон 32493 нафар, Ӯзбекон 110481 нафар, русҳо 45 нафар ва дигар миллатҳо 964 нафарро ташкил медиҳанд.

Дар ноҳия 23 адад корхонаҳои саноатӣ, 1228 адад корхонаҳои кишоварзӣ (хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кооперативҳои тиҷоратӣ) мавҷуд мебошад.

— Пешвои миллат махсус дастур додаанд, ки ҳар ноҳияву вилоят бо дастовардҳои назаррас ҷашни 30-солагии Истиқлоли кишварро пешвоз гирад. Ноҳияи шумо ба ин ҷашн чӣ дастоваред дорад?

— Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия то инҷониб сохтмон, таъмир ва таҷдиди 410 иншоот аз ҳисоби буҷети Ҳукумати ноҳия ва ҳам бо дастгирии соҳибкорон ба нақша гирифта шуда, дар давоми солҳои 2018, 2019 ва 2020-ум  345 адад, ё ин ки 84,1 фоизи нақша иҷро карда шудааст. Дар соли 2021 сохтмон, таъмир ва азнавсозии 122 адад иншоот ба қайд гирифта шудааст, ки дар се моҳаи якуми соли 2021 бо назардошти иншоотҳои иловагӣ 31 адад, ё ин ки 25,4 % иҷро гардида, дар ин самт корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.

— Дар соли 2020 иҷроиши нақшаҳои буҷет чӣ гуна буд?

— Дар давоми соли 2020 нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия бо тағйироту иловаҳо ба маблағи 69 млн. 226 ҳазор сомонӣ муайян гардида, амалан 68 млн. 757,3 ҳазор сомонӣ андозу даромадҳо ворид гардид, ки 99,3 фоизи нақшаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 8 млн. 391,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ бо тағйироташ дар ин давра 49 млн. 922 ҳазор сомонӣ муайян шуда, амалан 46 млн. 976,8 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 2 млн. 382,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар соли 2020 бо тағйироташ дар ин давра 59 млн. 744,9 ҳазор сомонӣ муайян шуда, иҷрои он ба маблағи 59 млн. 685,6 ҳазор сомонӣ иҷро шудааст, ки 99,9 фоизро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли 2019 ба маблағи 5 млн. 501,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

— Ҳукумати кишвар ва махсусан Пешвои миллат барои дастгириву имкониятҳои мусоид фароҳам овардан ба сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар ҳар баромадашон дастуру супоришҳо медиҳанд. Соҳаи соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар ноҳияи шумо дар чӣ вазъ қарор дорад?

— Дар соли 2020 дар ҳудуди ноҳия 3495 нафар соҳибкор ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 1806 нафар бо патент, 480 нафар бо шаҳодатнома, 1209 хоҷагии деҳқонӣ бо шаҳодатнома, 540 шахси ҳуқуқӣ фаъолият доранд.

Дар давоми соли 2020 ба иқтисодиёти ноҳияи Спитамен аз тарафи созмонҳои байналхалқӣ ба маблағи 99905 ҳазор доллари ИМА, аз ҷониби сармояҳои мустақим ба маблағи 1558 ҳазор доллар, аз тарафи сармоягузориҳои ватанӣ ба маблағи 337 ҳазор доллар ва аз тарафи сармоягузориҳои маҳаллӣ ба маблағи 2570000 доллар, дар маҷмӯъ дар ин самт ба маблағи умумии 4564905 доллари ИМА ҷалб карда шудааст.

Барномаи рушди иҷтимоию  иқтисодии ноҳияи Спитамен барои солҳои 2016-2020-ум 47 лоиҳаро дарбар мегирад, ки ба маблағи умумии 54,3 миллион сомонӣ, ё ин ки 97,9 % иҷро гардид. Аз ҷумла, 16 лоиҳа дар бахши кишоварзӣ ба маблағи 4,2 миллион сомонӣ, 2 лоиҳа дар бахши саноат ба маблағи 2,1 миллион сомонӣ, 9 лоиҳа дар бахши соҳибкории хурду миёна ба маблағи 10,4 миллион сомонӣ, 20 лоиҳа дар бахши иҷтимоӣ, сохтмон ва бунёди инфрасохтор ба маблағи 36,6 миллион сомонӣ пешбинӣ ва иҷро карда шуданд.

— Дар Тоҷикистон саноатикунонии кишвар бештар тақвият меёбад ва ҳамзамон, кишвар дар остонаи истиқлолияти энергетикӣ қарор дорад. Ин ду соҳаи ҳаётан муҳим дар ноҳияи Спитамент ба чӣ дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд?

— Дар давоми соли 2020 рушди соҳаи саноати ноҳия таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар маҷмӯъ мувофиқи нақша ба маблағи 668 млн. 687,9 ҳазор сомониро ташкил дод, ки насбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба андозаи 136,4% зиёд мебошад. Айни ҳол дар ноҳия 23 корхонаи саноатӣ фаъолияти бомаром доранд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия корхонаи хурди равғанбарории ҶДММ “25 — солагии Истиқлолият”, марҳилаи дуюми ҶСП “Норд Азия Металл”, сехи коркарди мағзи зардолу ва банду басти он дар ҶДММ “Зуҳал КО” ва заводи хиштбарорӣ дар деҳаи Ҳавотаги ҷамоати деҳоти Куруш мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.

Дар давоми соли 2020 дар ноҳия 140788 ҳазор кВт/соат қувваи барқ ба маблағи 42 млн. 537 ҳазор сомонӣ истифода шуда, пардохти маблағи он 39 млн. 253,6 ҳазор таъмин гардидааст.

То 1-уми январи соли 2021 дар ноҳия 15 ҳазору 976 адад ҳисобкунаки электронӣ насб карда шудааст. Таъмири хатҳои симгузар ва трансформаторҳо бомаром идома доранд.

— Имрӯзҳо мушоҳида мекунем, ки дар сар то сари кишвар сохтмонҳои боҳашамат қомат меафрозанд. Албатта, дар ноҳияи Спитамен ҳам корҳои сохмонӣ дар авҷ ҳастанд?

— Сохтмончиёни ноҳия дар давраи соли 2020 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи 50 млн. 148,9 ҳазор сомонӣ корҳоро иҷро намуданд ва иҷрои корҳои сохтмонӣ-васлкунӣ 38 млн. 908,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 35 млн. 963,8 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шудааст. Хонаҳои истиқоматӣ 15849 метри мураббаъро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба андозаи 101,5% зиёд мебошад.

То охири соли 2021 дар ноҳия сохтмон, таъмир ва таҷдиди 410 адад иншоот аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва бо дастгирии соҳибкорон ба нақша гирифта шудаанд ва албатта, тибқи нишондоди вақти муайян иншоотҳо ба истифода дода хоҳанд шуд.

Зимнан, дар соли 2020 сохтмон, таъмир ва азнавсозии 110 иншоот ба нақша гирифта шуда, иҷрои он 103%  иҷро гардидааст.

— Ҳолати роҳҳои нақлиётгард ва алоқа дар ноҳия дар кадом сатҳ қарор дорад?

— Дар ноҳияи Спитамен 639,6 км роҳҳо вуҷуд доранд, ки аз онҳо 183,1 км роҳҳо дар мувозинаи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Спитамен қарор доранд. Аз он ҷумла 18,6 км роҳҳои автомобилгарди аҳамияти ҷумҳуриявидошта ва 164,5 км роҳҳои автомобилгарди аҳамияти маҳаллидошта вуҷуд дорад, ки дар тӯли ин роҳҳо 64 адад пулҳо ва 401 адад қубурҳои обгузар мавҷуд мебошанд.

Ҳамзамон, дар ин давра 5,6 км роҳҳои дохилии ҷамоатҳои деҳоти ноҳия бо тариқи ҳашар ва бо дастгирии бевоситаи соҳибкорон ва аҳолӣ шағалпуш карда шуда, роҳи автомобилгарди маҳаллии Спитамен — Янгиобод — Андарсой бо маблағгузории буҷети вилоятӣ ба масоҳати 1,9 км пурра асфалтпӯш карда шуд. Ҳамчунин, роҳи маҳаллии деҳаи Озариёни ҷамоати деҳоти Тағояк ба масоҳати 3,9 км бо маблағгузории буҷети вилоятӣ ва ҳам ноҳиявӣ дар арафаи ҷашни Наврӯзи Аҷам пурра асфалтпӯш карда шуд. Дар давраи ҳисоботӣ дар роҳҳои маҳаллии ноҳия 24 адад аломатҳои роҳ аз нав гузошта шуда, 13,4 км хатҳои уфуқӣ кашида шуд.

Дар ҳама соҳаи нақлиёти автомобилӣ 1 млн. 242,4 ҳазор тонна бор (соли 2019 — 1 млн. 396,4 ҳазор тонна) ва 2 млн. 324,6 ҳазор нафар мусофир (соли 2019 — 2 млн. 593,2 ҳазор нафар) кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли муқоисавӣ мутаносибан 89 ва 89,6%-ро ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумоти фаврӣ фаъолияти алоқа дар ноҳия дар асоси нақша дар давоми соли 2020  87410 сомонӣ буда, иҷроиш 63433 сомониро ташкил медиҳад.

Нуқтаҳои телефонӣ дар ноҳия 2272 адад буда, аз он ҷумла, дар аҳолӣ 1654 ададро ташкил менамояд. Ҳамагӣ нуқтаҳои баландгӯяк 31 адад буда, 19 адад дар деҳот ва 12 адади он дар мувозинаи “Телеком”-и ноҳия аст.

— Соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

— 25-уми марти соли 2020 Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Спитамен ташриф оварда, аз боғи нави суперинтенсивӣ ба майдони 5,4 гектар ва гармхонаи замонавии инноватсионӣ ба масоҳати 1 гектар дар хоҷагии деҳқонии “Дӯстобод-2”-и ҷамоати деҳоти Тағояк боздид ба амал оварданд. Кишоварзони ноҳия баҳри расидан ба яке аз ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва бо мақсади беҳтар гардонидани таъминоти бозори дохилӣ ва берунӣ софдилона меҳнат намуда, дар соли 2020 дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 420 млн. 167 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 104,6% маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намуданд. Аз ҷумла, дар соҳаи чорводорӣ 132 млн. 631 ҳазор сомонӣ, растанипарварӣ 287 млн. 536 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 102,1%, моҳипарварӣ 205 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 101,9%-ро ташкил намуд.

Дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли гӯшт 2766,8 тонна, ё ки 102,1%, шир 16689,7 тонна- 100,2% , тухм 19503 ҳазор дона- 112% , пашм 44 тонна- 104%, асал 56,6 тонна — 100,4%, гӯшти моҳӣ — 21,9 тонна — 100,9% таъмин гардид.

Дар ноҳия 38 ҳазору 739 сар чорвои калон, аз ҷумла 21 ҳазору 705 сар гови ҷӯшо, 60 ҳазору 885 сар гӯсфанду буз, 178 ҳазору 819 адад парранда ва 865 сар асп мавҷуд мебошанд. Наслгирӣ аз 100 сар модагов дар соли 2020-ум  62 сарро ташкил намуд.

Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории кишоварзии ноҳия барои ҳосили соли 2020-ум 16 ҳазору 477 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки аз он 14 ҳазору 729 гектар дар корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли 2019 ба андозаи 117 гектар зиёд мебошад.

Аз ҷумла, дар соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 6115 гектар пахта, 1301 гектар шолӣ, 406 гектар картошка, 157 гектар полезӣ, 4495 гектар ғалладонагиҳо, 690 гектар сабзавотиҳо гузаронида шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 108 гектар пахта, 59 гектар шолӣ, 109 гектар картошка, 13 гектар полезӣ, 61 гектар сабзавотиҳо зиёд кишт карда шудааст.

Бо мақсади ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва азхудкунии заминҳои нав мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия пайваста кӯшиш намуда, дар соли 2020-ум 18 гектар замини партов ба заминҳои гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд.

Дар ин давра дар бахши корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолияти 11 гармхона ба майдони 2,04 гектар ба роҳ монда шуд, ки аз он 3 ададаш гармхонаҳои навъи хитоӣ мебошанд. Дар ноҳия гармхонаи нави гидропоникӣ ба майдони 1 гектар дар хоҷагии деҳқонии “Дӯстобод-2”-и ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳия бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

Дар ноҳия 3 сардхона ва 1 анборхона, бо ғунҷоиши умумии 360 тонна фаъолият дорад. Бо афзудани талабот ба сардхонаҳо минбаъд аз ҷониби соҳибкорони соҳа бо ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ технологияҳои ҳозиразамон ворид ва насб карда шуда, фаъолияти пурра ва мунтазами иқтидорҳои мавҷуда ва бунёди иқтидорҳои нави сардхонаҳо таъмин мегардад.

— Дар мавриди вазъи кунунии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ноҳия чӣ гуфтанӣ доред?

— Дар соли 2020 ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия 1348 нафар корҷӯ муроҷиат намуданд, ки аз онҳо 556 нафар зан ва 701 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд. Мақоми бекорӣ ба 928 нафар дода шудааст. Бо ҷои кори доимӣ 1063 нафар бекор бо кор таъмин гаштанд, ки 539 нафари онҳо зан ва 533 нафари онҳо ҷавонон мебошанд.

Дар ҳамин давра аз тарафи шӯъбаи Агентӣ 22 маротиба ярмаркаи «Ҷойҳои холии корӣ» дар ноҳия гузаронида шудааст, ки дар рафти ярмаркаҳо 201 корхонаю ташкилотҳои ноҳия бо 2398 ҷойҳои кории холӣ иштирок карданд. Дар рафти ярмаркаҳо ба 274 нафар шаҳрвандони бекор ба ташкилоту корхонаҳои ноҳия роҳҳат дода шуда, аз онҳо 166 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба 282 нафар бекорон кӯмакпулӣ таъин карда шуда, ба 310 нафар шаҳрвандони бекор ба маблағи 108,5 ҳазор сомонӣ пардохт карда шудааст. Ҳамчунин, ба 67 нафар шаҳрванди бекор ба маблағи 219 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок аз ҳисоби маблағҳои ҳифзи иҷтимоӣ дода шуд, ки онҳо ин маблағҳоро барои соҳибкорӣ, чорводорӣ, дӯзандагӣ, маҳсидӯзӣ, дуредгарӣ, гаҳворасозӣ, нонпазӣ, қуроқдузӣ, бофандагӣ, барои оҳангарӣ ва соҳаи кишоварзӣ истифода бурда истодаанд. Бо мақсади ҷалби бештари занону духтарон барои ҳунаромӯзӣ айни ҳол дар ноҳия 24 адад маркази таълимӣ – истеҳсолӣ ташкил гардидааст, ки дар марказҳои мазкур зиёда аз 66 адад дастгоҳи атласу адрасбофӣ ва қолинбофӣ насб карда шудааст. Дар марказҳои таъсисгардида ба ҳолати 1 январи соли 2021  385 нафар ҳунарманд фаъолият доранд. Ҳамчунин, дар ноҳия 225 ҳунарманд дар хонаи худ фаъолият доранд. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби ҳунармандони ноҳия 6242 метр атласу адрас истеҳсол гардид, ки аз ин миқдор 5839 метр атласу адрас фурӯхта шудааст.

— Суғуртаи иҷтимоӣ ва шумораи нафақагирон дар ноҳия чанд миқдор аст?

— Тибқи ҳисоботҳо ба ҳолати 1 январи соли 2021 дар ноҳия шумораи умумии нафақагирон 11741 нафарро ташкил додааст, ки аз ин шумора 8370 нафар аз рӯйи синну сол, 960 нафар аз рӯйи маъюбӣ, 272 нафар аз рӯйи маҳрум шудан аз саробон, 164 нафар нафақаи дарозмуддат, 1953 нафар нафақаи иҷтимоӣ ва 22 нафар нафақаи барои хизматҳои махсус мебошанд. Талаботи нафақапулии нафақахӯрони ноҳия дар соли 2020-ум 40 млн. 176,1 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки то 21 декабри соли 2020 аз тарафи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нафақаи ёздаҳмоҳаи соли 2020 ба маблағи 36 млн. 582,5 ҳазор сомонӣ, яъне 100 дарсад гузаронида шуд. Талаботи моҳи декабр 3 млн. 593,5 ҳазор сомонӣ муайян шуда, то 25 январи соли 2021 аз ҷониби Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад.

— Маориф ва илм албатта дар ҷомеа мақоми аввалиндараҷа доранд ва имрӯзҳо шоҳид ҳастем, ки беш аз пеш Пешвои миллат нисбати соҳаҳои маориф, фарҳанг ва илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид мекунанд, ки боз ҳам шарту шароити ин соҳаҳоро беҳтар намоем. Дар ин соҳаҳо ба чӣ дастовардҳои назаррас ноил гардидаед?

— Дар ноҳия 33 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 литсей, 2 муассисаи таълимии ғайридавлатӣ барои хонандагони болаёқат, 10 муассисаи томактабӣ, 1 муассисаи томактабии хусусӣ, 1 интернати назди муассисаи таълимӣ, маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, 1 Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва 1 Маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият мебарад.

Дар ноҳия 10 муассисаи давлатии томактабӣ ва 1 муассисаи томактабии хусусӣ фаъолият дошта истодааст, ки дар ин муассисаҳо 70 гурӯҳ 2052 кӯдакро ба тарбия фаро гирифтаанд ва ба онҳо 106 нафар мураббӣ тарбия медиҳанд.

Теъдоди умумии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар соли таҳсили 2020 – 2021-ум  30 ҳазору 839 нафар, аз ҷумла 15 ҳазору 68  нафар духтаронро ташкил намуд.

Дар соли таҳсили 2020 – 2021 миқдори умумии омӯзгорон 1930 нафарро ташкил намуд, ки аз ин шумора 1504 нафар занон ба ҳисоб мераванд. Ба маълумоти олӣ 1772/1305 нафар (91,8 фоиз), олии нопурра 104/92 нафар (0,5 фоиз) ва 54/52 нафар (0,2 фоиз) миёнаи махсус мебошад. Тибқи маълумотҳо бар меоянд, ки шумораи омӯзгорон нисбат ба соли таҳсили гузашта 12 нафар зиёд гардида, мутаносибан сафи омӯзгорони дорои маълумоти олидошта 2,8 фоиз зиёд шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ 13 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаи вилоятӣ фаъолона иштирок намуда, 5 нафар ҷойи якум аз фанҳои забони давлатӣ ва таърих, 5 нафар ҷойи дуюм аз фанҳои забони давлатӣ, таърих ва биология ва 3 нафар ҷойи сеюм аз фанҳои математика, таърих ва география сазовор гардиданд.

Ҳамчунин дар ин давра 6 нафар хонандагони синфи 11-уми муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, 1 нафар ҷойи якум аз фанни забони давлатӣ, 2 нафар ҷойи дуюм аз фанҳои забони давлатӣ ва география ва 3 нафар ҷойи сеюм аз фанҳои таърих ва ҳуқуқ сазовор дониста шуданд.

Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақсимоти квотаҳои президентӣ ба шаҳру навоҳии кишвар сал аз сол вусъат меёбад. Бо ин мақсад дар давраи ҳисоботӣ 50 нафар хатмкунандаги муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмуни квотаи президентӣ иштирок намуда, 16 нафар аз рӯйи касбҳои мухталиф ғолиб дониста шуданд ва ба мартабаи донишҷӯӣ сазовор гардиданд.

Дар соли 2019 – 2020 синфи 11-уми муассисаҳои таълимии ноҳияро 1769 нафар хатм намуданд. Бо мақсади ҷалби бештари хатмкунандагон ба донишгоҳҳои олии кишвар дар ин давра 1238 нафар хатмкунанда тибқи Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супориданд, ки аз онҳо 800 нафар ба донишгоҳҳои олии касбӣ, 203 нафар ба муассисаҳои миёнаи касбӣ, 16 нафар бо тариқи квотаи президентӣ ва 13 нафар ба донишгоҳҳои олии хориҷи кишвар, дар маҷмӯъ 1032 нафар ба мартабаи донишҷӯӣ сазовор гаштанд.

Ба муносибати ҷашни Наврӯз моҳи марти соли равон дар деҳаи Нови ҷамоати деҳоти Ӯлҷабоев бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Инчунин, моҳи сентябри соли равон бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири маорифи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар деҳаи Навандарсойи ҷамоати деҳоти Ӯлҷабоев муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33, ки бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон сохта шудааст, ба истифода дода шуд.

— Тандурустӣ ва кор бо занон ва оила мавзуоте ҳастанд, ки бояд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи ҳокимияти давлатӣ қарор дошта бошанд, зеро ин ду рукне ҳастанд, ки солимӣ ва пешрафти ҷомеа сахт ба онҳо вобастагӣ дорад. Албатта, Ҳукумати ноҳия дар ин маврид дастуру супоришҳо мушаххас ба масъулин медиҳад ва ҳам болои онҳо назорат мебарад…

— Дар ноҳияи Спитамен ба аҳолии ноҳия беморхонаи марказии ноҳия дорои 380 кат, беморхонаи минтақавии Куруш дорои 35 кат, беморхонаи минтақавии Хуррамзамин дорои 20 кат, Марказҳои саломатии №1 ва 2, ҳамчунин 9 марказҳои саломатии деҳот, 8 хонаҳои саломатӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ хизмат мерасонанд.

Дар айни ҳол фаъолияти 20 катҳои соматикии беморхонаи минтақавии Куруш аз сабаби ҷойгир шудани шуъбаи бемориҳои сироятӣ, муваққатан боздошта шудааст.

Айни ҳол дар муассисаҳои тиббии бистарикунонӣ дар маҷмӯъ 380 нафар, аз ҷумла 65 духтур ва 315 корманди тибби миёна фаъолият менамоянд.

Дар муассисаи Кӯмаки аввалияи тиббии санитарии ноҳия бошад 304 нафар, аз ҷумла 100 духтур ва 204 ҳамшира кору фаъолият доранд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ва ҳампардохт 6 намуди таҷҳизоти тиббии муосир ба маблағи 245,1 ҳазор сомонӣ ва лавозимоти сахт ва нарм ба маблағи 370,7 ҳазор сомонӣ харидорӣ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 144,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ноҳия ду бригадаи ёрии таъҷилии тиббии шабонарӯзӣ хизмат мерасонанд. Дар давраи ҳисоботӣ аз рӯйи даъват ба 3980 бемор аз ҷониби бригадаи ёрии таъҷилӣ расонида шуд, ки аз ин шумора 1481 бемор ба аҳолии деҳот рост меояд.

Айни замон дар ноҳия Маркази пешгирӣ ва мубориза бо БПНМ-и ноҳияи Спитамен фаъолият дорад, ки дар Марказ 5 воҳиди корӣ мавҷуд аст. Марказ пурра бо таҷҳизот муҷаҳҳаз гардонида шуда, тамоми шароитҳо мавҷуданд.

Шумораи умумии занҳо дар ноҳия 69740 нафарро ташкил дода, аз онҳо 45 нафар кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 16 нафар аз ҳисоби занон, аз 35 нафар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 14 нафарашон занҳо мебошанд. Дар ноҳия аз ҳисоби занон 1 нафар муовини Раиси ноҳия, 3 нафар мудири шуъба, 3 нафар мудири бахш, 2 нафар сардори агентӣ, 1 нафар раиси ҷамоат, 1 нафар муовини раиси ҷамоат, 3 нафар роҳбарони корхонаҳо, 13 нафар директорони муассисаҳои таълимӣ, 10 нафар мудирони муассисаҳои томактабӣ ва 25 нафар раисони хоҷагиҳо фаъолият бурда истодаанд. Дар айни ҳол, ҳамчун кадри захиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 6 нафар зан ба қайд гирифта шудаанд.

— Дар воқеъ ҷавонон ояндаи миллат мегӯянд ва ҳамзамон, ба варзиш ҷалб намудани ҷавонон боси он мегардад, ки бетартибиву бадахлоқӣ дар миёни ҷавонон ва ҷомеа коста ва раванди таълиму тарбия хубтару беҳтар мегардад. Шумо дар ин бора чӣ мегӯед?

— Шумораи умумии ҷавонони ноҳия 52 ҳазор нафарро ташкил дода, аз он 27 ҳазору 620 нафар духтар мебошанд. Дар вазифаи хизмати давлатӣ 66 нафар, ҷавонони соҳибкори то синни 30-сола 27 нафарро ташкил додааст, ки баҳри бештар нардидани шумораи мазкур чораҳои заруруӣ амалӣ карда мешавад.

Дар ноҳия 1 мактаби варзишии бачагону наврасон аз рӯи 13 намуди варзиш — волейбол, баскетбол, футбол, тенниси рӯи мизӣ, шашка, шоҳмот, футбол, бокс, каратэ-до, гӯштини дзюдо, гӯштини тарзи озод, гӯштини миллӣ, гӯштини камарбандӣ, ҷиу-ҷитсу кор ва фаъолият мебарад.

Дар ноҳия 1 варзишгоҳ, 91 майдончаи варзишии оддӣ ва замонавӣ, 36 толори варзишӣ, 3 ҳавзи шиноварӣ ва 1 иншооти махсуси варзишӣ фаъолият мекунанд. Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия 1 майдончаи варзишии замонавӣ ва 1 толори варзишӣ сохта ба истифода дода шуд.

Варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои варзишии вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, 270 медал (соли 2019 – 314 медал), аз ҷумла 81 медали тилло, 86 медали нуқра ва 103 медали биринҷиро ба даст оварданд.

— Дар охир чӣ гуфтание доред?

— Дар тӯли таърих касе барои халқи бузурги тоҷик чунин хизматҳои арзандаю ҷонфидоиҳое, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом додаанд, накардааст. Ин абармарди миллат дар мушкилтарин шароит кишварро аз буҳрони шадиди сиёсӣ бароварда, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш карданд ва пояҳои давлатдориро устувор намуда, кулли институтҳои давлатдориро аз сирф бунёд намуданд. Гузашта аз ин, дар самти фаъолият ва равнақи соҳибкорию хоҷагидории мамлакат ба муваффақиятҳои беназир ноил гардиданд. Тоҷикистони азизро дар ҷаҳони муосир бо номи неки Эмомалӣ Раҳмон мешиносанд ва ин шахсият тавонистанд бо пешниҳодҳои арзандаи худ дар сатҳи ҷаҳонӣ аз минбарҳои баланд худро чун яке аз сиёсатмадорони барҷаста сатҳи ҷаҳонӣ нишон диҳанд, ки ин ифтихори мо тоҷикон буда, он рӯз дур нест, ки Тоҷикистони азиз дар қатори пешрафтатарину амнтарин кишварҳои ҷаҳон ҷойи шоистаи худро ишғол пайдо кунад.

Баҳри расидан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ ва саноатикунонии кишвар қадамҳои устувор гузошта шудаанд. Бояд мо шукронаи Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати сартосарӣ намуда, беш аз ҳарвақта зиракии сиёсиро аз даст надода, гирди Пешвои миллат муттаҳид бошем ва ҳеч гоҳ ифтихори миллии худро аз даст надода, баҳри ривоҷу равнақи Ватан беш аз ҳарвақта заҳмат кашем, номи худро дар таърих ба некӣ гузорем.

С. Ҳайдар,

МТЖТ,

Душабе-Суғд-Душанбе

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here