Дар оғоз бояд қайд намоем, ки Мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва МИҲД вилоят баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол баён мегарданд, ҷиҳати таъмини пурраву саривақтии онҳо аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода ва чорабиниҳои зарурӣ амалӣ менамояд.

Ҳамзамон, ҷиҳати пешбурди соҳа, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани назорати давлатӣ, пешгирии ҳолатҳои қонунвайронкунӣ ва хавфҳои эҳтимоли вобаста ба таъсири манфӣ ба муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ бо мақсади афзоиши сатҳи некӯаҳволии мардуми вилоят, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва мониторинги экологӣ, фароҳам овардани шароит дар ҷойҳои сукунати ҳайвоноти нодиру ваҳшӣ, вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ, солим нигоҳ доштани муҳити зист, ҳамаҷониба таъмин намудани шароити кории кормандон, хоса таваҷҷӯҳи бештар ба ҳалли як қатор масъалаҳои муҳими экологӣ равона гардида, ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолият қарор дода шуд.

Оғоз аз соли 2014, бо мақсади ривоҷи соҳа ва фароҳам овардани шароити кории мутахассисон дар маҳал то айни замон як қатор сохтмони биноҳои нави маъмурӣ барои зерсохторҳо амалӣ гардид.

Санаи 16-уми сентябри соли 2014 дар шаҳри Гулистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши касбии кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист Маркази бозомӯзӣ ифтитоҳ гардид, ки аз толори конфронсӣ бо 50 ҷои нишаст, 3 ҳуҷра барои меҳмонон ва 8 ҷои хоб иборат мебошад. Таъсиси Марказ дар соҳа якумин дар ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, на танҳо барои баланд бардоштани донишу малакаи касбии кормандон, инчунин барои баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ низ мусоидат менамояд.

Ҳамчунин, бинои нави бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон, иборат аз 6 утоқи корӣ ифтитоҳ гардид.

Соли 2016, дар арафаи Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист, ифтитоҳи бинои нави маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Айнӣ, ки ҳамчун объекти ҷашнӣ ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, доир гардид.

Дар ҳамин сол, дар минтақаи хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон парваришгоҳи ниҳолҳои дарахтони «коҷи тяншонӣ» бунёд карда шуд. Дар маҷмӯъ масоҳати парваришгоҳи мазкур 2 гектарро ташкил дода, дар гирду атрофи он сутунчаҳои бетонӣ насб ва бо симтӯр иҳота гардид. Дар 1 гектари он беш аз 15 ҳазор ниҳоли дарахтони «коҷи тяншонӣ» ва дар 1 гектари боқимонда ниҳолу буттаҳо ба монанди хуч ва дигар намудҳо шинонида шудааст.

Санаи 5-уми октябри соли 2016 ифтитоҳи бинои нави бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент баргузор гардид. Бинои мазкур дар муддати нуҳ моҳ дар майдони 800 м2  сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Он аз се ошёна, 8 ҳуҷраҳои корӣ, толори маҷлисгоҳ, ки минбаъд ҳамчун маркази бозомӯзӣ фаъолият мебарад ва меҳмонхона дар ошёнаи сеюм иборат мебошад.

Баҳри иҷрои дастуру супоришхои мақомоти болоӣ моҳи январи соли 2017,   бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди зисти аҳолӣ, ҷиҳати пешбурди соҳа ва беҳбудии муҳити зист, пайваста баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ 2 адад нақлиёти тамғаи «Портер» аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят харидорӣ карда шуд. Нақлиётҳо ба Корхонаҳои давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ барои кашонидани партов     супорида шуд.

Дар соли 2017, тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба истиқболи Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист санаи 3 июн ифтитоҳи бинои нави бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ашт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои мазкур дар муддати кӯтоҳ сохта шуда, аз ду ошёна ва 6 ҳуҷраи корӣ иборат мебошад.

Дар арафаи 25 солагии Иҷлосияи ХVI-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳи бинои нави маъмурии ду ошёнаи бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Масчоҳ доир гардид.

Дар ин ҷо бояд қайд намоем, ки раёсат баҳри таъмини ичрои бандҳои 256 ва 278-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба ҷашни сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст. Тибқи нақша дар соли 2021 ифтитоҳи бинои нави бахши шаҳрҳои Истаравшан ва Бӯстон дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, пешбинӣ гардидааст.

Санаи 3-юми марти соли 2018 дар ноҳияи Б. Ғафуров бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси вилоят ва раиси ноҳияи Б. Ғафуров бунёди боғи интенсивии раёсат дар майдони 1 га ифтитоҳ карда шуд. Ин тадбир дар асоси талаботи барномаи нави рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020, дар пайравии иқдоми шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди боғи интенсивӣ дар ноҳияи Ҳисору Хуросон рӯи кор омад.

Баҳри таъмин ва беҳтар намудани шароити кории кормандон бо дастгирии Раиси вилоят дар ҳудуди раёсат ошхона барои 40 ҷойи нишаст сохта, дар арафаи Рӯзи байналмилалии муҳити зист, санаи 3.06.2018 ба истифода дода шуд.

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати ташкил намудани китобхона корбарӣ карда, дар бинои раёсат бо ин мақсад ҳуҷраи алоҳида ҷудо гардид ва бо пуррагӣ таҷҳизонида шуд. Дар маҷмӯъ 5 адад ҷевон барои 500 китоб ва 3 адад миз барои китобхонӣ дар китобхона ташкил карда шуд. Ҳамзамон, ҷиҳати минбаъ корбарӣ бо сомонаҳо ва умуман бо интернет нуқтаи алоҳида барои 2 адад компютер пайваст гардидааст. Дар китобхона то имрӯз китобҳои аз адабиёти тоҷик ва ҳам рус ҷамъ карда шуда, инчунин адабиёти соҳавӣ ва дигар адабиёти гуногун мебошанд. Раёсат бобати беҳтар намудани сифат, аз ҷумла таъмини китобхона бо китобҳои замонавӣ  минбаъд низ корбарӣ менамояд.

Дар давоми 7 соли охир бисёр корҳо дар самти муомилот бо партовҳо ба анҷом расонида шудааст. Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят барои реабилитатсия намудани партовгоҳи заҳрдоруҳои кимёвии Конибодом бо дастгирии ташкилоти ғайридавлатӣ — Фонди глобалии экологӣ, дар соли 2013 корҳои гирифтани намунахои хок, тахлили кимёвии сифати об ва миқдори боқимондаву ғилзати ДДТ (дихлор-дифенил трихлорэтан), бутифос ва гексахлоран дар намунахои обу хок, ки аз ҳудуди минтақаи таъсири партовгох гирифта, гузаронида шуд. Дар доираи лоиҳаи мазкур партовгоҳи мазкур бо пурраги рӯйпӯйш ва бо панҷара гирду атрофи он иҳота гардид.

Бояд қайд намуд, ки тӯли фаъолияти бисёрсолаи КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон» аз истихроҷ ва коркарди маъданиёту маводи урандор зиёда аз 55 млн. тонна партовҳои радиоактивӣ ҳосил гардида, дар 10 адад партовгоҳҳо нигоҳдорӣ мешаванд. Аксари ин партовгоҳҳо дар наздикии минтақаҳои аҳолинишин ҷойгир буда эҳтимолияти таъсири харобовари сел баланд аст. Ҷиҳати паст намудани чангшавии сатҳи болоии партовгоҳи Деҳмой солҳои 2015 — 2017 барои рӯйпӯшкунии қисмати муайяни сатҳи кушодаи партовгоҳи Деҳмой аз ҳисоби маблағҳои буҷаи вилоятӣ, шаҳру ноҳияи Хуҷанд, Бӯстон, Б.Ғафуров ва воситаҳои махсуси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят 16 га сатҳи кушодаи партовгоҳ бо қабати нейтралии хоку шағали ғавсиаш 0,5-1 метр рӯйпӯш карда шуд. Таҳлил ва ченкунии шуъбаи назорати таҳлилии раёсат нишон дод, ки паҳншавии чангҳои радиоактивӣ ва ихроҷи гази радиоактивии радон дар минтақаи рӯйпӯшгардида то аз 30 то 50 % кам гардонидааст.

Бо максади беҳтар намудани хизматрасонии баровардани партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Хуҷанд лоиҳаи «Барномаи беҳтар намудани хизматрасонии баровардани партовҳои сахти маишӣ» амалӣ гардид. Дар доираи лоиҳаи мазкур 18 адад нақлиётҳои махсуси партовкашонӣ, 1584 дона партовқуттиҳои ҳаҷмашон 0,75 м3 ва 8 дона партовқуттиҳои 15 м3 дастрас карда шудааст. Ҳамзамон, дар доираи амалишавии лоиҳа дар шаҳри Хуҷанд сохта ба истофода додани зиёда аз 100 партовнуқтаҳо пешбинӣ гардидааст.

Бо мақсади ҷамъоварӣ, истифода, безарагардонӣ, интиқол, нигоҳдошт ва гӯронидани партовҳои истеҳсолӣ ва маишӣ, ободонию кабудизоркунӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» фаъолият доранд. Ҷиҳати ба тартиб, шарт ва усулҳои ҷамъоварӣ, истифода, безарагардонӣ, интиқол, нигоҳдошт ва гӯронидани партовҳои истеҳсолӣ ва маишӣ дар ҷамоати шаҳрак ва деҳот корхонаҳои давлатии коммуналӣ ташкил карда шудаанд ва ташкили чунин корхонаҳо идома доранд. Ҳамчунин, миқдори қуттиҳои махсуси партовҷамъкунӣ аз рӯи ҳисоби ҷамъшавии партовҳо мувофиқи меъёри тасдиқнамудаи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот муайян карда мешавад.

Баҳри пешгирии ифлосшавии муҳити зист, ҷамъоварӣ, истифода, безарагардонӣ, интиқол, нигоҳдошт ва гӯронидани партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 54 адад партовгоҳҳои партовҳои истеъмолӣ ва истеъмолӣ аз он 1 адад партовгоҳи заҳрдору дар шаҳри Конибодом, 15 адад партовгоҳҳои истеҳсолӣ, 10 адад партовгоҳҳои радиофаъол ва 28 адад партовгоҳҳои истеъмолӣ мавҷуданд. Бо мақсади ҷамъоварии муваққатии партовҳо 644 адад нуқта ва беш аз 1975 адад қуттиҳои махсуси партовҷамъкунӣ ташкил карда шудааст. Инчунин, бо мақсади шарт ва усули безарагардонӣ, интиқол, нигоҳдошт ва гӯронидани партовҳои истеҳсолӣ ва маишӣ 113 адад техникаҳои махсус дар КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри ноҳияҳои вилоят мавҷуд аст.

Айни ҳол дар вилоят ягон корхона ва ташкилоте, ки дорои технологияи безараргардонӣ, коркард ва имконияти истифодаи партовҳои симобдор тибқи қонунгузории амалкунанда дар онҳо ба роҳ монда шудааст, ташкил нагардидааст. Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят як адад таҷҳизоти безараргардонии лампаҳои каммасрафи симобдори тамғаи «ЭКОТРОМ-2» 150-300 истеҳсоли Федератсияи Русияро харидорӣ ва ворид намуд. Бо мақсади минбаъд коркард ва безарар гардонидани лампаҳои каммасрафи симобдори корношоям таҷҳизоти мазкур аз тавозуни раёсат ба тавозуни ҶСК «Чарғ»-и шаҳри Исфара дар соли 2020 гузаронида шуд. Минбаъд, аз ҷониби корхонаи мазкур бобати иҷрои корҳои безараргардонӣ корбарӣ карда мешавад.

Аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бобати соҳилмустаҳкамкунӣ низ корҳои муайян ба сомон расонида шудааст. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоӣ ва дастгирии бевоситаи Раиси вилоят қарори раиси шаҳри Панҷакент аз 16.12.2016, №667 «Дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин ба бахши ҳифзи муҳити зист шаҳри Панҷакент барои ташкил намудани хоҷагии ёрирасон аз ҳисоби заминҳои фонди захиравии давлатӣ» ба имзо расида буд. Дар натиҷа 1 км корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ иҷро гардида, барои шоликорӣ майдони умумии 50,76 гектар замин тайёр карда шуд ва то айни замон истифода мешавад.

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар  асоси протокол оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилоят, ки зимни боздид аз он ҷумла, аз парваришгоҳи таъиноти маҳаллии Сирдарё (ҷазира) аз 28.07.2018 баён гардиданд, корбарӣ карда, дар натиҷа  қарори раиси ноҳияи Б.Ғафуров аз 17.09.2018, № 563 «Дар бораи додани қитъаи замин ба Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд» ба тасвиб расида, мувофиқи он барои ташкили парваришгоҳи махсусгардонидашудаи мурғи даштӣ (тазарв), моҳӣ ва бунёди инфрасохторҳои лозимӣ ва дидбонгоҳи экологӣ ба масоҳати умумии 5 гектар аз ҳисоби заминҳои дарёи Сир, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров, минтақаи «Сартуқай», бо ҳуқуқи истифодаи бемуҳлат ба раёсат ҷудо карда шуда буд. Мувофиқи қарори мазкур барои ташкили чунин парваришгоҳ аз тарафи раёсат дар мавзеи мазкур корҳои сохтмонӣ аз моҳи сентябри соли 2018 оғоз гардида, моҳи марти соли 2019 ба сомон расонида шуд. Дар асоси супориш ва нақшаи пешбинигардида, дар ин минтақа корҳои иҳотакунии ҳудуди парваришгоҳ бо таҳкурсии бетонӣ ва панҷараи декоративӣ, дидбонгоҳи экологӣ дар шакли «маяк», обҳавзи сунъӣ барои парвариши моҳиҳои хушзот, қафаси калони декоративӣ барои нигоҳдори ва парвариши мурғи дашти – тазарви сирдарёӣ, дар айни замон то 400 сар тазарв нигоҳ дошта мешавад, бинои истироҳатии ташрифовардагон бо оинабандии ҳаматарафа, толори нишасти меҳмонони расмӣ, ошхонаи таҷҳизонида бо оштону танӯр ва ғайра, нуқтаи санитарӣ — гигиенӣ; шипанги чӯбин ҳаматараф кушода, шипанг аз чӯбҳои табиӣ, бинои маъмурӣ бо утоқҳои корӣ барои кормандони парваришгоҳ, роҳравҳо ба масоҳати, ҳайкали мурғи тазарв дар назди қафас, таъминот бо барқ, сутунҳо бо таҷҳизотҳои равшанидиҳанда, лавҳаи оханин бо насби нақшаи ҷазира – парваришгоҳ, дар назди обҳавз ҷой барои тамошо аз чуб сохта, истгоҳи хурд барои баромадану фаромад ба парваришгоҳ аз қаиқ. Ҳамчунин, ҷӯйҳо бо санги сой ороиш дода шудаанд ва аз болои он пули декоративӣ сохта шуд. Дар ҳудуди ҷазира ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва гулҳои гуногуни мавсимӣ шинонида шудааст.

Боиси қайд аст, ки санаи 31 марти соли 2019 дар доираи чорабиниҳои таҷлили Наврӯзи байналмилал, дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи сайёҳӣ-истироҳатии «Ҷазираи Темурмалик» ба истифода дода шуда буд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз Маҷмааи сайёҳӣ — истироҳатии «Ҷазираи Темурмалик» ва шиносоӣ бо шароити муҳайё гардида дар ин мавзеи зебои соҳили дарёи Сир ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани имконот ва инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ба роҳбарияти вилоят ва дигар масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар айни замон дар парваришгоҳи мазкур 8 нафар фаъолият доранд.

Боиси қайд аст, ки дар давоми соли 2020 дар ҷазира 20 ҷуфт мурғи даштии тазарв ва моҳи феврали соли 2021 дар МД «Боғи миллии Ваҳдат»-и ноҳияи Б.Ғафуров бо иштироки Сарвари давлат ба табиат сар дода шуд.

Давоми ҳафт соли охир дар таҳия ва қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи ҳифзи муҳити зист бисёр дигаргуниҳо ба амал омаданд. Хусусан қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» дар таҳрири нав, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Арзёбии таъсир ба муҳити зист», Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифода ва ҳифзи босамари захираҳои табиӣ саҳми муҳимро доранд.

Ғайр аз ин, бо назардошти тараққиёти соҳаҳои хоҷагии халқ, боло рафтани иқтисодиёти кишвар ва мутобиқ намудан ба санадҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намуда, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи райпурсии умумихалқӣ, якчанд қонунҳо, кодексҳо, санадҳои зерқонунӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи ҳифзи муҳити зист тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

Воқеан ҳам, бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти мубрамияти масъалаҳои экологӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила санадҳои ҳуқуқӣ ва барномаҳои соҳавӣ таҳия ва қабул гардиданд, ки заминаҳои рушди устувори соҳаро таъмин намуда истодаанд. Яке аз барномаҳои асосии соҳавӣ ин «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» ба ҳисоб рафта, дар давоми муҳлати амалӣ гардидани он бисёр корҳои вобаста ба ҳифз ва оқилона истифодабарии захираҳои замин ва об, ҳифзи ҳавои атмосфера, муомилот бо партовҳо ва дигар ба сомон расонида шудааст, ки дар маҷмӯъ, ба беҳтар намудани ҳолати экологии минтақаҳо мусоидат менамояд.

Имрӯз дар тамоми дунё ба ҳифзи муҳити зист, махсусан баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мегардад, чунки аз он некуаҳволӣ ва саломатии инсон вобаста аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зистро дар мадди аввали сиёсати давлатии хеш қарор дода, барои беҳбудии он ғамхории доимӣ зоҳир менамояд. Замони соҳибистиқлолии кишвар якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд, ки барои таъмини амнияти экологӣ ва шароити мусоиди зиндагии мардум заминаи боэътимод фароҳам оварданд. Яке аз онҳо «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» мебошад. Аз қабули Барнома муддати панҷ сол гузашта, дар доираи нақшаи чорабиниҳои он аз ҷониби сохторҳои ба иҷрои бандҳои он вобастагардида, аз ҷумла мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят як қатор корҳо роҳандозӣ карда шуд.

Боиси қайд аст, ки чорабиниҳои минтақавӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти вилоятию маҳаллӣ — Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва зерсохторҳои он, бо ҷалби намояндагони сохторҳои МИҲД-и шаҳру ноҳияҳо, аъзоёни Комиссияи байниидоравии маҳаллӣ оид ба маърифати экологӣ, намояндагони ҷамоати шаҳраку деҳот ва раисони маҳалла, намояндагони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои дахлдор, ҳамчунин бо ҷалби муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии миқёси вилоят баргузор гардид.

Аз сабаби ба итмом расидани муҳлати Барномаи мазкур аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят барои минбаъд, ҳангоми таҳияи Барномаи нав барои солҳои 2021 — 2025 ба инобат гирифтан, таклифу пешниҳодҳо ба мақомоти болоӣ ирсол гардид.

Дар баробари заҳмати пайгиронаи мардуми кишвар таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободу зебо гардонидани диёр, бисёр корҳои созандагӣ, кабудизоркунӣ ва бунёдкорӣ дар миқёси вилояти Суғд ҳар сол  амалӣ мегардад. Танҳо дар соли 2020 барои гузоштани саҳми арзанда дар сатҳи баланд омода намудани иншоотҳои ҷашнӣ, тоза нигоҳ доштани маҳалли зист ва ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати экологии марказҳои шаҳру ноҳияҳо аз тарафи раёсат бо зерсохторҳо, дар маҷмуъ 8,9 ҳазор ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз ва ороишию сояафкан, 470 ҳазор бех гули садбаргу мавсимӣ харидорӣ ва дастрас карда шуд. Минбаъд, ин иқдом дар мавсими ниҳолшинонӣ идома дода мешавад.

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо мақсади нигоҳ доштани вазъи мӯътадили муҳити зист аксияҳои «Тозагии соҳил», «Тозагии маҳал», «Тозагии роҳ» ва «Ҳавои тоза»-ро бо ҷалби табақаҳои гуногуни аҳолӣ ҳар сол баргузор менамояд. Қайд кардан ба маврид аст, ки аксарияти онҳо бо иштироки дигар сохторҳои вилоятӣ, аз ҷумла Раёсатҳои маорифу тандурустӣ, ҷавонон ва варзиш, шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ҷомеаҳои меҳнатии корхонаҳо, ташкилоту муассиса, хоҷагиҳо ва шаҳрвандон гузаронида шуд. Ин иқдом низ минбаъд мунтазам дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии ҳадафҳои Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 ва баҳри иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои бахшида ба эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» идома дода мешавад.

Дар баробари вазифаи асосӣ — назорати давлатии риояи талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар фаъолияти худ ба масъалаҳои пешгирии ҳодисаҳои вайрон кардани талаботи қонунҳои амалкунандаи соҳавӣ дар миқёси шаҳру ноҳияҳо аҳмияти ҷиддӣ дода мешавад. Мақсади асосии ин раванд, пайваста баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва кам намудани ҳодисаҳои қонунвайронкунӣ аз тарафи шаҳрвандон мебошад, ки дар маҷмуъ яке аз самтҳои боло рафтани сатҳи некуаҳволӣ ва рушди иҷтимоии мардум ба ҳисоб меравад.

Дар интиҳо Сардори раёсат Ҳакимзода А.Қ. изҳор дошт: “Қайд кардан ба маврид аст, ки ин ҳама ободкориҳо самараи таваҷҷуҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои муҳити зист ва истифодаи босамари захираҳои табиӣ мебошанд.

Он қадар ободиву ободкориҳо ва пешрафтҳои беназир, ки ҷумҳурии мо ба он ноил гардидааст хизмати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ буда, дар раванди пешгирии хатарҳои экологӣ ва хатарҳои эҳтимолии техногенӣ ҷумҳурии мо дар ҷаҳон ҳамто надорад. Гарчанде дар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ барои ҳосил намудани энергияи барқӣ аз маҳсулотҳои нефтиву газ ва ангиштсанг истифода баранд, дар ҷумҳурии мо бошад, қариб тамоми қувваи барқ аз об ҳосил карда мешавад, ки назираш дар дунё нест. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати иҷтимоии худ, сиҳатии аҳолии кишварро дар мадди аввал гузоштаанд, ки ин ифтихори миллати куҳанбунёд буда, кулли мардум аз Пешвои муаззами худ сипосгузорем”.

Саиди ҲАЙДАР,

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here