Раиси ноҳияи Муминобод Шарифзода Лутфия Шариф дар суҳбат бо хабарнигори МТЖТ, оид ба пешрафту ободонии ноҳияи суҳбати ихтисоси анҷом дода ва аз ҷумла, мавсуф изҳор дошт, ки: Муҳиму фараҳбахш он буд, ки 25-26 сентябри соли гузашта Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия сафари корӣ анҷом дода, як қатор иншоотҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ-иқтисодӣ доштаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ҳидоятҳои ояндасози Пешвои муаззам дар раванди мулоқот бо намояндагони шаҳраку деҳоти ноҳия моро муваззаф месозад, ки дар пайгирӣ бо сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат, бо дарки баланди масъулият, эҳсоси гарми ватандорӣ пайи таъмини зиндагии шоистаи сокинони ноҳия нақшаҳои дурнамо ва ояндабинонаро, ки баҳри иҷро дар истеҳсолотанд, амалӣ намоем.

Дар соли қабли ҳисоботӣ 45 маҷлисҳои назоратӣ-истеҳсолӣ, 40 ситодҳои назди раис бо баррасии масъалаву мушкилотҳои ҷойдоштаи идоракунӣ доир карда шуда, аз ҷониби раис 790 қарор ва 49 амр қабул карда шудааст. Дар доираи талаботҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар ин давра комиссияҳои санҷишӣ-омодасозии масъалаҳои баррасишавандаи назди раис, баргузории озмунҳо ва чорабиниҳои дигари фарҳангӣ-иттилоотӣ ташкил карда шуда, натиҷагирии кори онҳо бо анҷоми муҳлати фаъолияташон таҳлилу баҳогузорӣ шудаанд.

Аз рӯйи тобеият ба ҳолати имрӯза 64 Барнома, 11 Консепсия, 14 Стратегия, 3 Нақшаи миллӣ, 1 Нақшаи амал, 3 Нақшаи стратегӣ, 7 Нақшаи чорабиниҳо, 1 Дурнамо ба мақомоти намояндагӣ ва иҷроия ворид гардида, дар мавриди иҷрои ҳар кадом ҳуҷҷати воридшуда санади дахлдор ба имзо расонида шуда, тибқи муқаррарот дар асоси ҳуҷҷатҳои таҳияшуда ва хотимаи муҳлат корбаст гардида, 17 қарор аз қайди назоратӣ бароварда шуданд.

Бояд зикр намуд, ки дар ёздаҳ моҳи соли равон ба мақомоти намояндагӣ ва иҷроия 2027 адад ҳуҷҷатҳои гуногунмазмун ворид гардида, аз рӯйи салоҳият ба Ҳукумат, Дастгоҳи иҷроия, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, прокуратура, суд, вазорату кумитаҳо, раёсатҳо, агентиҳо ва идораҳои зертобеи онҳо 1032 адад ҳуҷҷатҳо аз мақомоти намояндагӣ ва иҷроия ирсол гардидааст.

Иқтисод ва молиёт

Соҳаи иқтисодӣ яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи ноҳия арзёбӣ мегардад ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, беҳтар намудани имкониятҳои содиротӣ ва фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорӣ, самаранокии бозори меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз рушди ин соҳа вобастагии зиёд дорад. Дар соли сипари гардида нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ 109,7 фоиз таъмин гардид, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 940 ҳазору 390 сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи андоз аз ҳисоби даромади шахсони воқеӣ 109,0 фоиз, андоз аз фоида 129,4 фоиз, арзиши иловашуда 101 фоиз, соҳибони воситаҳои нақлиёт 117,5 фоиз, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард 105,4 фоиз иҷро карда шуд. Дар қисмати даромадии буҷети ноҳия саҳми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳои алоҳида ва соҳибкорон назаррас аст. Ҷиҳати кам намудани бақияпулиҳои андоз ва сари вақт пардохт намудани андозҳо аз ҷониби нозироти андоз дар ҳамин давра 84 қарор, 935 огоҳнома, 38 протоколи маъмурӣ ба маблағи 6 миллиону 760 ҳазору 124 сомонӣ қабул гардида, 4 миллиону 767 ҳазору 374 сомонӣ ворид шудааст, ки 70,5 фоизро ташкил менамояд.

Бақияпулиҳои андоз ва андози иҷтимоӣ ба маблағи 2 миллиону 887 ҳазору 386 сомонӣ боқӣ монда, нисбати аввали соли гузашта 334 ҳазору 275 сомонӣ зиёд гардидааст.

Ба соҳаҳои маориф 23 миллиону 800 ҳазору 927 сомонӣ, тандурустӣ 11 миллиону 24 ҳазору 662 сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 1 миллиону 741 ҳазору 36 сомонӣ маблағгузорӣ карда шуданд, ки нисбати нақшаҳои тасдиқшуда мутаносибан 88,1 то 99,6 фоизро ташкил намудааст.

Аз ҳисоби фонди захиравии раиси ноҳия дар ин давра ба маблағи 67 ҳазору 601 сомонӣ ба оилаҳои камбизоат кумаки яквақта расонида шудааст.

Соли 2020 ҳаҷми гардиши мол дар ҳамаи бахшҳо ба 71 миллиону 424 ҳазору 300 сомонӣ баробар карда шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 101,4 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ ба 41 миллиону 333 ҳазору 200 сомонӣ расонида шуд, ки дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта 101 фоизро ташкил менамояд. Корхонаҳои саноатӣ дар якҷоягӣ бо бахши хусусӣ истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 21 миллиону 193 ҳазору 600 сомонӣ расониданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 111,4 фоизро ташкил медиҳад.

Саноатикунонӣ ва ободонӣ дар ноҳия

Дар раванди амалисозии ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-саноатикунонии босуръати мамлакат дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони муваффақ ва шарикони рушд корхонаи коркарди меваю сабзавот дар деҳаи Заркамари Ҷамоати деҳоти ба номи Нуралишо Назаров бо иштироки Пешвои муаззами миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки тавассути ин корхона имконият фароҳам омад, ки 20 нафарро ба ҷойи кори доимӣ ва 60 нафарро ба ҷойи кори мавсимӣ таъмин намояд. Ин корхона дар давоми сол иқтидори коркарди 1 миллиону 440 ҳазор қуттии шартӣ маҳсулоти ватаниро дорад. Албатта, саноат дар ҳар давру замон фишанги қавикунандаи иқтисоду буҷет ва таъминкунандаи зиндагии шоиста маҳсуб меёбад. Дар маҷмӯъ дар ноҳия 14 корхонаву коргоҳҳои самти саноатӣ дар фаъолият буда, сохтмони 2 адад корхонаҳои саноатии самти истеҳсолиашон гуногун идома доранд, ки таъминкунандаи ҷойҳои нави корӣ мебошанд.

Аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо ба маблағи 76 миллиону 464 ҳазору 200 сомонӣ маблағҳо аз худ карда шуда, корҳои сохтмону васлгарӣ бошад, дар ҳаҷми 72 миллиону 762 ҳазору 900 сомонӣ ба анҷом расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 29 миллиону 569 ҳазору 400 сомонӣ ё ин ки 163,1 фоиз аст. Дар давраи ҳисобот аз ҷониби соҳибкорон ва ташкилотҳои давлатӣ 28 адад иншоотҳои маъмурӣ, иҷтимоӣ, хизматрасонии маишӣ, саноатӣ ва майдончаҳои варзишӣ ба маблағи 39 миллиону 988 ҳазору 556 сомонӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Сохтмони 80 адад иншоотҳо бо маблағгузории соҳибкорон ва буҷети ҷумҳуриявӣ бомаром идома доранд.

Зимни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 25-уми сентябри соли 2020 иншоотҳои зерин, аз ҷумла меҳмонхонаи панҷоёшна дар деҳаи Паҳндараи Ҷамоати деҳоти Чилдухтарон бо маблағи 5 миллиону 390 ҳазор сомонӣ, Қадамҷойи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 340 ҳазор сомонӣ, корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ва маҳсулоти ширӣ бо маблағи 2 миллиону 750 ҳазору 345 сомонӣ бо таъсиси 20 ҷойи кори доимӣ, боғи фарҳангию фароғатӣ 8 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ва роҳи деҳаи Паҳндараи Ҷамоати деҳоти Чилдухтарон то деҳаи Панҷерони ноҳияи Ховалинг ба масофаи 12 километр ба маблағи 9 миллиону 600 ҳазор сомонӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда ва роҳи автомобилгард аз маркази ноҳия то деҳаи Заркамари Ҷамоати деҳоти ба номи Нуралишо Назаров ба масофаи 7 км аз ҷониби кормандони прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони саховатпеша мумфарш карда шуд.

Қобили зикр аст, ки аз 298 банди ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мансуб буда, дар 106 банд ва 5 зербанд корҳо ба итмом расидаанд ва қисмати ками он дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дорад.

Дар ҳамин давра бо дастгирии соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар кӯчаҳои шаҳраки Муъминобод ба масофаи 2 км ва дар деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти ба номи Нуралишо Назаров 2,5 км ва Балхобӣ 4,6 км роҳҳои байни деҳаҳо сангфарш карда шудаанд. Ҳамзамон, роҳи автомобилгарди Муъминобод, Тутқавул, Хуҷаинур ба маблағи 850 сомонӣ ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкор Ҷалолзода С. ба масофаи 2,5 километр, инчунин, азнавсозии роҳи Кӯлоб-Муъминобод аз маҳаллаи Сангпари шаҳри Кӯлоб то даромадгоҳи ноҳия, ки масофаи 35 километрро ташкил медиҳад, ба маблағи 223 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки дар доира он 6 пул таҷдиду азнавсозӣ гарида истодааст.

 Иқтисод ва иҷтимоиёт

Дар ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 1783 ҷойҳои нави корӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 163 адад зиёд буда ва соҳаи кишоварзӣ 467, сохтмонӣ 990, алоқа, савдои яклухт ва чакана 12, нақлиёт 152 ва дигар хизматрасониҳо 162 адади рост меояд.

Кишоварзӣ

Дар ноҳия дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 504 миллиону 978 ҳазору 500 сомонӣ расонида шудаст, ки 103,3 фоизро ташкил дода, аз ҷумла 269 миллиону 175 ҳазору 600 сомонӣ ба соҳаи растанипарварӣ ва 235 миллиону 802 ҳазору 800 сомонӣ ба соҳаи чорводорӣ рост меояд.

Дар соли 2020 кишоварзони ноҳия дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар масоҳати 11293 гектар кишти ғалладонагиҳо, 928 гектар зироатҳои техникӣ, 446 гектар картошка, 642 гектар сабзавот, 133 гектар полезӣ, 1734 гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт намудаанд. Дар ҳамин давра истеҳсоли ғаладонагиҳо ба 28 ҳазору 677 тонна, картошка ба 6869 ҳазор  тонна, сабзавот ба 15 ҳазору 96 тонна, полезиҳо ба 3 ҳазору 869 тонна, мевагиҳо ба 15 ҳазору 394,0 тонна ва ангур ба 6 ҳазору 457 тонна расонида шуд. Дар ҳамин давра ба хориҷи кишвар 1467 тонна маҳсулот содирот карда шудааст.

Дар соли 2020 дар ноҳия 183 гектар боғу токзор бунёд карда шудааст.

Соҳаи чорводорӣ ба андозаи 111,6 фоиз иҷро намуданд.

Натиҷаи ғайримақсаднок ба роҳ монда шудани назорат аз тарафи бахши муҳити зист ва хоҷагии ҷангали ноҳия буриши ғайриқонунии дарахтони мевадиҳанда ва ҷангалзорҳо рӯ ба афзоиш дорад.

Дар ин давра бо кишоварзони ноҳия ба воситаи Ассосиатсияи истифодабарандагони обӣ «Бӯстон», гуруҳҳои истифодабарандагони оби Тутқавул, Кулчашма, Марғак, Садбарггоҳ, Хосабоӣ ва Деҳлоло дар майдони 902 гектар замин шартномаҳо баста шудааст. Дар маҷмӯъ ба истифодабарандагони оби полезӣ ба андозаи 3 миллион метри мукааб оби полезӣ дода шуда, санадҳои муқоисавӣ тасдиқ карда шудаанд, ки маблағи 60000 сомониро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор маблағҳо 48 ҳазор сомонӣ пардохт карда шуд, ки 80 фоизи нақшаро дар бар мегирад.

Маориф

Дар соли ҳисоботӣ ба муассисаҳои таълимӣ 20 ҳазору 626 нафар толибилмон ҷалб гардида, ба онҳо 1624 нафар омӯзгорон дарс мегӯянд, ки аз онҳо 667 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд.

Таъмини муассисаҳои таълимӣ ба омӯзгорон ва китобу дигар ашёву маводҳои таълимӣ дар қиёс нисбат ба солҳои қаблӣ хеле пеш рафтааст.

Соли равон 80 нафар омӯзгорони ҷавони фанҳои алоҳида бо роҳхат ба кор омаданд ва 53 нафари онҳо ба кори доимӣ аз рӯи ихтисос таъмин гардиданд.

Ҷиҳати дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шумораи 1509 нафар хатмкунандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таълимии ноҳия 1378 нафар ба қайд гирифтанд, ки 91,3 фоизро ташкил медиҳад.

Соли ҷорӣ 19 нафар тибқи квотаи Президентӣ донишҷӯи мактабҳои олии кишвар гардиданд.

Айни ҳол дар ноҳия 65 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 47 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 8 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 1 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва 2 гимназияи давлатӣ фаъолият доранд. Ҳамзамон дар ноҳия интернати ятимон ва бепарасторон, гурӯҳи мақсадноки коллеҷи тиббии давлатӣ бо фарогирии 36 нафар донишҷӯён, 2 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 1 муассисаи томактабии хусусӣ  бофарогирии 207 нафар ва 55 адад марказҳои инкишофи кӯдакони синни томактабӣ бо фарогирии 1208 нафар хонанда амал карда истодаанд.

Хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар ин давра дар олимпиадаҳои вилоятӣ фаъолона иштирок намуда, 9 нафар бо медали тилло, 8 нафар бо медали нуқра, 35 нафар бо медали биринҷӣ ва 22 нафар бо ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардиданд. Инчунин 1 нафар хонандаи мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳия дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни география сазовори медали биринҷӣ гардид.

Тандурустӣ

Соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар ноҳия яке аз соҳаҳои рӯ ба афзоиш буда, талабу ниёзҳои мардум ба хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ сол аз сол меафзояд.

Ба аҳолии ноҳия айни замон 72 нафар духтурон (7,2 нафар ба 10 ҳазор нафар аҳолӣ), 706 нафар кормандони миёнаи тиб (7,6 нафар ба 10 ҳазор нафар аҳолӣ) дар хизмати сифатноку саривақтии аҳолӣ қарор доранд.

Ба ин соҳа 268 нафар кормандони хурди тиб ва 105 нафар дигар кормандон ба кор ҷалб гардидаанд.

Барои нигоҳдорӣ ва анҷоми хизматрасониҳои тиббӣ дар соли ҷорӣ 11 миллиону 24 ҳазору 662 сомонӣ ҷудо гардидааст.

Иштирок дар озмунҳо

Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2020, №АП-1339 «Дар бораи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар даври ноҳиявӣ 153 нафар довталаб аз рӯи се гуруҳ ва панҷ номинатсия фаъолона ширкат варзида, ҳайати комиссия 25 нафар ғолибонро ба даври вилоятӣ пешниҳод намуда ва 2 нафар Далерҷони Бозор корманди бахши фарҳанг ва Аъзамҷони Шодӣ хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта, сазовори ҷойи дуюм ва ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

Бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия барои тарбияи сиёсӣ-ватандӯстӣ, тарбияи ҷисмонӣ, пешгирии омилҳои номатлуб дар байни ҷавонон аз ҳамаи захираву имкониятҳо самаранок истифода бурда истодааст.

Бо дастгирии раиси Федератсияи Ҷудо-и Тоҷикистон моҳи феврали соли ҷорӣ толори варзишии муассисаи таълимии №1 пурра таъмир гардида, бо 2 комплект гилемҳои варзишӣ таъмин карда шуданд, ки арзиши он 110 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд. Айни замон 418 нафар наврасону ҷавонон ҳамарӯза дар ду баст ба тамрин фаро гирифта шудаанд. Бо мақсади таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли кузашта аз ҷониби соҳибкори маҳалӣ Раҳматшоев Мирзошо дар деҳаи Ҷавзодараи Ҷамоати деҳоти Чилдухтарон толори варзишии замонавӣ сохта ба истифода дода шуд. Ҳамзамон дар заминаи сиёсати ҷавонпарварона ва варзишпарваронаи Пешвои муаззами миллат ду нафар варзишгарони ноҳия Ҷаҳонгир Маҷидов ва Сиёвуш Баҳромов дар чемпионати Тоҷикистон оиди гуштини ҷудо сазовори медали тилло ва роҳҳат дар соли 2021 барои иштирок дар чемпионати Осиё ва ҷаҳон роҳхат гирифтанд. Қобили зикр аст, ки футболбозони дастаи «Шоҳин»-и ноҳия дар чемпионати Тоҷикистон 2020 байни 15 дастаи футболи Хатлон сазовори ҷойи дуюм гардида ва роҳхат ба лигаи якум дар соли 2021 пайдо намуданд.

Дар ин давра варзишгарон дар 9 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида, сазовори 70 медал, аз ҷумла 16 медали тилло, 28 медали нуқра ва 26 медали биринҷӣ гардиданд.

Пешрафт

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ соли сипаришуда дар ноҳия 10644 нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба ноҳия ташриф оварданд, ки аз ин шумора 10390 нафар сайёҳони дохилӣ ва 254 нафар сайёҳони хориҷиро ташкил медиҳанд. Барои рушди бемайлони ҳарду самт дар ноҳия заминаҳои асосноку воқеӣ мавҷуданд.

Маҳз дар ҳамин сол омодагиҳо ба ҷашни ифтихории миллат-30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаррохтар мегардад. Масъалаҳои самаранок истифода кардани замин, об ва дигар сарватҳои таббиӣ моро дар пешанд.

Агар ҳар кадоми мо дар рушду таҳкими истиқлолияту ваҳдати миллӣ ва дигар арзишҳои муқаддас сидқан саҳм гузошта, дар атрофи давлати миллие, ки баъди садсолаҳо насибамон гаштааст, муттаҳид шавем, пас метавон гуфт, ки чун миллати воҳид бо асолату фарҳанг ва симои хоси худ миёни давлатҳои мутамаддини ҷаҳон мавқеи сазовор пайдо хоҳем кард таъкид намуд Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ба гуфти раиси ноҳияи Муминободи вилояти Хатлон муҳтарама Шарифзода Лутфия Шариф: « Ҳар халқу миллат тӯли таърихи худ барои худ пешвоёну қаҳрамонҳоеро доро мебошад, ки баҳри барқароркуниву адолат ва истиқлолияти давлатии халқҳо заҳматҳо кашидаанд, ки барои миллати шарафманди тоҷик ва Тоҷикистони азиз ин нафар Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки дар воқеъ касе мисли Пешвои миллат барои миллати тоҷик ҷонфидоӣ накардааст.

Танҳо давоми соли 2020-2021 дар асоси супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат аз тарафи манбаъҳои гуногуни маблағгузорӣ ба маблағи 223 миллион сомонӣ роҳи мошингарди Кӯлоб- Муминобод таъмиру азнавсозӣ гардид ва ба маблағи 163 миллион сомонӣ чароғакунии масири ин роҳ дар маҳалҳои аҳолинишин ва бунёди роҳҳои пиёдагард амалӣ шуда, роҳи деҳаи Паҳнодараи ҷамоати Чилдухтарони ноҳияи Муминобод бо деҳаи Панҷерони ноҳияи Ховалинг ба масофаи 12 км ба маблағи 9 миллиону 600 ҳазор сомонӣ бунд карда шуд.

Корхонаи коркарди меваю  сабзавот ва ширӣ бо маблағи 2 миллиону 750 ҳазор сомонӣ бунёд гардид ва ҳамчунин, меҳмонхонаи 5 ошёна бо маблағи 5 миллиону 390 ҳазор сомонӣ, боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бо маблағи 8,5 миллион сомонӣ бунёд гардид. Бад- ин тартиб бисёр корҳои ободонӣ бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат имрӯзҳо дар ноҳия анҷом ёфтааст ва ҳамзамон, бомаром идома дорад. Албатта, ҳар як ташрифи кории Пешвои миллат чандин ободонии наку барои ноҳия меоваранд, ки кулли сокинон аз Пешвои худ сипосгузоранд.

Саиди ҲАЙДАР,
Душанбе-Муминобод-Душанбе

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here