Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон волидони хонандагони мактабҳои ноҳияи мазкур барои таъмири мактаб беш аз 282 ҳазор сомонӣ супоридаанд. Дар ин бора Раёсати маорифи ноҳияи Вахш иттилоъ медиҳад. 

Як модари сокини ноҳияи Вахш мегӯяд, ки  се фарзанди мактабхон дораду шароиташ вазнин аст, вале барои таъмири мактаб 45 сомонӣ талаб кардаанд. “Аз тарфи мактабе, ки фарзандонам таҳсил мекунанд, дар охири соли хониш маҷбур карданд, 45 сомонӣ барои таъмири мактаб супорам. Музди меҳнамтам дар як рӯз 30 сомонӣ аст. Ин дар ҳолест, ки ман 45 сомониро ду рӯз аз субҳ то шом дар хонаҳои мардум кор карда, ба даст меорам, аммо ин пулро гирифтанд. Ҳоло бошад барои либосҳои мактабӣ ба ҳар се фарзандам 150 то 170 сомонӣ маблағ пардохт кардам, гарчанде ин либосҳоро онҳо намехоҳанд ба бар кунанд, зеро либосҳо матоъаш пастсифат ва духташ ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест. Аммо чӣ илоҷ? Қарз карда барои сару либоси ягонаи онҳо ин маблағро додам”, мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Барои фаҳмидани он ки оё аз тарфи волидон барои пастсифатии либосҳои мактабӣ ва ҷамоварии маблағ барои таъмир ба масъулони шуъбаи маориф ягон шикоят шудааст? Ба назди мудри шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш Маҳмадсайидзода Шаҳноза рафтем. Ин мудир меҳмон дошту моро ба як нафар корманд вобаста кард, ки ҳамон ба шумо маълумотҳои даркориро медиҳад, аммо ин намоянда низ гуфт, ки суҳбат карда наметавонад ва аз суҳбат худро канор гирифт. Билохира, барои суҳбат директори Маркази рушди шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш Шамсулло Самадовро пайёдо кардем, ки ӯ ба мо чунин маълумотро ироа намуд:  “Барои таъмири мактабҳо аз ҳисоби волилон 282 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби омӯзгорон 2700 сомонӣ ва аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ 1136 сомонӣ ҷамоварӣ карда шудааст”.

Ба иттилоъи масъулони Раёсати маорифи ноҳияи Вахш имсол аз ҳисоби ҳукумти ноҳияи Вахш барои таъмири муассисаҳои таълимии 167 ҳазору 77 сомонӣ пешбинӣ шудаст, ки дар 7 моҳи соли равон 91 ҳазору 38 сомонӣ пардохт гардидааст. Бо суоле, ки чаро аз омӯзгорон низ барои таъмири мактабҳо маблағ ҷамоварӣ карда шудааст? Шамсуло Самадов чунин посух дод: “Онҳо ҳамон омӯзгороне ҳастанд, ки шароити зиндагиашон хело хуб аст, барои ҳамин маблағ супоридаанд”.

Тибқи нақша имсол бояд 23 ҳазору 989 хонандаи муассиаҳои таълимии ноҳия ба либоси ягонаи мактабӣ таъмин карда шавад, аммо то имрӯз 1600 нафар хонанда бо либоси мактабӣ таъминанду халос. Ба мисли ин волидон садҳо нафар аз сифати пасти либосҳои мактабӣ ва ҷамоварии маблағ барои таъмир изҳори ташвиш карда мегӯянд: “Хуб мешуд, пули таъмир аз оилаҳои камбизоат гирифта нашавад ва нархи либоси мактабӣ арзон карда шавад, зеро бо 170 сомонӣ метавонӣ аз бозор барои фарзандат либоси хуби мактабӣ харидорӣ кунӣ”. 

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

Аҳмадҷон Раҳимзода

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here