Суди федералии Швейтсария 31-уми июл шикояти духтари президенти нахустини Ӯзбекистон Гулнора Каримоваро рад кард. Ин қарори суд раванди бозгардони 800 миллион франки швейтсарии Каримоваро ба Тошканд хоҳад тезонд.

Грегуара Манжа, адвокати Каримова, дар шаҳри Женева зидди қарори Прокуратураи федералии Швейтсария барои мусодираи ҳудуди 701 миллион доллари шахси зерҳимояаш дар бонкҳои ин кишвар ба суд шикоят бурда буд.

Пркуратураи Швейтсария 22-юми майи соли равон қарор баровард, аз 800 миллион франки Каримова, ки дар бонкҳои Женева ва Сюрих аз соли 2012 то инҷониб ба ҳабс гирифта шудаанд, 687,7 миллионаш мусодира ва ба Тошканд баргардонида шавад.

Ба ин қарор баёноти ду шахси боэътимоди Гулнора Каримова — Гаяне Авакян ва Рустам Мадумаров сабаб шуд. Онҳо ҳангоми бозпурсӣ гуфтанд, ки пулҳои ҳабсшудаи Каримова бо роҳи ғайриқонунӣ дар Ӯзбекистон ба даст омадаанд ва бояд баргардонида шаванд.

Вале Манжа дар робита ба қарори мазкур эътироз баён карда, гуфт, он ҳуқуқи шахси зерҳимояашро ба мурофиаҳои одилонаи судӣ нақз мекунад. Ба гуфтаи адвокати Каримова, баёноти Авакян ва Мадумаров дар зиндонҳои Ӯзбекистон барои баргардондани пулҳои ҳабсшудаи шахси зери ҳимояаш ба Тошканд кофӣ нест.

Дар бораи тақдири худи Гулнора Каримова прокуратураи генералии Ӯзбекистон бори охир 28-уми июли соли 2017 иттилоъ дода буд. Бар асоси он, суди Тошканд моҳи августи соли 2015 Каримоваро бо ҷурми саркашӣ аз пардохти андоз, сохтакории ҳуҷҷат, тамаъҷуӣ ва дуздӣ ба 5 соли зиндон маҳкум кардааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here