Гуруҳе аз сокинони биноҳои панҷошёна дар шаҳри Душанбе бо изҳори нигаронӣ мегӯянд, мақомоти маҳаллӣ онҳоро ба ҷамъоварии маблағҳои калоне маҷбур карда истодаанд, ки эшон тавони пардохти онро надоранд.
Истиқоматкунандагони кӯчаҳои Фирдавсӣ 15/1 ва 2-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе зимни муроҷиат ба «Фараж» гуфтанд, ки барои рангубори намои бинояшон аз ҳар як хона аввал 430, баъдан 320 ва алҳол 300 сомонӣ талаб карда истодаанд.
Яке аз занҳои маҳалла, бо илова ба он, ки аз кам будани маоши омӯзгории шавҳараш шикоят дошт, гуфт, писари 29-солааш бемории қанд дорад ва дар ягон ҷо кор намекунад. Номбурда мегӯяд, ба ҷуз шавҳараш аз аъзои оила касе кор намекунад ва танҳо бо меҳнати ҳалоли омӯзгории шавҳараш нон мехӯранд: «Ҳамин хел ҳам бошад, шавҳарам одами бонангу номус аст. Маблағи гуфтагиро медиҳад, вале ман нигарони онам, ки то маоши дигар мо чӣ кор мекунем. Дар пеш иди Рамазон аст, аз куҷо барои дастархонороӣ пул ёбем?».
Эшон ҳамчунин аз намояндагони идораи ҳоҷагии об ва «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и маҳали зисташон норозиянд. Бино ба гуфтаи сокинон, намояндаҳои идораи хоҷагии об «аз ҷон безор»-ашон кардаанд. Ҳар гоҳ, ки мехоҳанд дар назди бино қолин бишӯянд, намояндаҳо пайдо ва монеъашон мешаванд: «Онҳо моро маҷбур мекунанд, ки қолинҳоро бурда дар нуқтаҳои шустушӯйи қолинҳо бишӯем. Магар ин маблағҳое, ки бо ҳар баҳона аз мардум мегиранд, кам аст, ки боз дар он ҷо маблағ диҳем? Канӣ ҳамон пули зиёдатӣ? Базӯр ба зиндагӣ мерасонем!».
Нафари дигар низ бо таассуф гуфт, дар хона фарзанди 15-солаи маъюби гуруҳи якум дорад ва баъзан вақт ҳатто барои «памперс»-аш маблағи кофӣ пайдо намекунанд.
Сокинон ба беғаразона ва шаффоф истифода шудани маблағҳои ҷамъовардашуда бовар надоранд ва мегӯянд, ки як қисматаш ҳатман ба ҷайби масъулин хоҳад рафт. «Танҳо барои ранги одӣ кардани намуди зоҳирии бино аз ҳар як хона талаб кардани 300 сомонӣ боварнокарданист»,- мегӯяд ҷавоне, ки худ сохтмончӣ будаасту сокини бинои баҳсӣ.
Ин дар ҳолест, ки масъулини соҳаи марбута ҳама гуна иддао дар мавриди сӯйистифода аз маблағи ҷамъоварӣ мешуда аз сокинонро рад мекунанд ва мегӯянд хароҷоти таъмири биноҳои баландошёна аз қабл ба нақша гирифта мешавад.
Сардори идораи хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ дар маҳаллаи 65-уми ноҳияи Фирдавсӣ Ҳамза Хоҷаев, ки минтақаи мавриди баҳс шомили ин маҳал аст, мегӯяд, тибқи нақша барои таъмири ҳар як метри квадратии намуди бино 13 сомонию 88 дирам муқаррар карда шудааст.
— Ба ин хароҷот ранг, ҳаққи кор ва дигар таҷҳизот, аз қабили мошини баландбардор, ки бо истифода аз он усто кор мекунад, дохил шудааст. Ин маблағро худи мо муайян намекунем. Мо сохтмончиёнро ба назди соҳибмулкон мебарем. Онҳо бо сокинон ҳамсуҳбат мешаванд, оид ба сифат ва кафолати кор, музди меҳнат маслиҳат мекунанд. Агар соҳибмулкон розигӣ доданд, устоҳо корро сар мекунанд. Ҳама талошҳо ба хотири дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Дар маҳаллаи мо 64 бинои баландошёнаи истиқоматӣ мавҷуд аст, ки марҳила ба марҳила то ин ҷашн бояд рангубор карда шаванд. Вобаста ба ин иқдом Қарори шаҳрдории Душанбе таҳти рақами 711, аз 28-уми октябри соли 2018 «Оид ба таъмир намудани баландошёнаҳо дар шаҳри Душанбе» ба тасвиб расидааст. Дар банди 65-и Қарор омадааст, ки ин раванд «аз ҳисоби эҳсонкорон ва соҳибмулкон», яъне ҳар як шахси хонадор ба роҳ монда мешавад. Мо ба Ҳукумати ноҳияи рӯйхати нафарони камбизоат, маъюбони гуруҳи якум, иштирокчиёни ҶБВ-ро пешниҳод кардем ва Ҳукумат ба онҳо ёрдам мекунад. Ҳамчунин, соҳибкороне ҳастанд, ки фитри рӯза медиҳанд ё ёрдам медиҳанд. Хулоса, сокинон бояд дар ободии маҳали зист саҳм дошта бошанд. Касе аз берун хонаи моро омада таъмир накунад,- иброз дошт Хоҷаев Ҳ.
Як ҷиҳати норозигии дигари сокинон он аст, ки масъулин новобаста ба дорову нодор, якҳуҷрагӣ ё 4-ҳуҷрагӣ будани хона, аз ҳама як хел маблағ талаб кардаанд, вале ҷаноби Хоҷаев мегӯяд, ҳама ҷиҳатро ба инобат гирифта, маблағҳоро дуруст муайян кардаанд.
Муовини раиси ноҳияи Фирдавсии пойтахт Хушзода Шералӣ дар суҳбат бо «Фараж» гуфт, сардорони ҳама идораҳои хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ супориш гирифтаанд, ки бо сокинони биноҳои баландошёна суҳбату фаҳмондадиҳӣ гузаронанд, то худи сокинон масъулият ҳис карда, дар таъмири намои берунаи бинои истиқоматиашон иқдом кунанд.
— Сокинон метавонанд ба касе пул надиҳанд, худашон усто киро карда, маслиҳат кунанд. Мо аз ҳисоби Ҳукумати ноҳия дар мувофиқа бо Сарраёсати меъморӣ шиноснома оид ба рангубор кардани намои биноро тайёр кардем ва сокинон метавонанд дар асоси он бевосита худашон таъмир кунанд. Даруни хонаҳояшонро таъмир мекунанд, бояд берунашро ҳам рангубор кунанд. То ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар ноҳияи Фирдавсӣ бояд 590 бино ҳатман рангубор карда шавад. Феълан аксарияти хонаҳои истиқоматӣ хусусиянд ва ҳама бурду бохти бино аз ҳисоби соҳибмулкон сурат мегирад. Чи бом, лифт ва чи таҳхонаи бино бошад. Бояд соҳибмулкон онро таъмир кунанд. Қаблан хонаҳо давлатӣ буданд, маблағ ҷамъ мешуд ва баъди чанд сол, ҳангоми расидани навбати бино он таъмир карда мешуд,- гуфт Ш. Хушзода.
Соли 2021-ум аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад ва шаҳрдории пойтахт тасмим дорад то ду соли оянда тамоми биноҳои баландошёнаи истиқоматии замони шӯравӣ сохташуда дар шаҳри Душанбе рангубор карда шаванд. Масъулини чор ноҳияи пойтахт барои амалӣ гардидани дастуру супоришҳои шаҳрдорӣ ҳама чораҳоро андешида истодаанд, то дар муҳлати муайнгардида аз иҷрои масъулияти хеш ҳисобот диҳанд.