Имрӯзҳо дар қораи Аврупо вохӯриҳои футболи марҳилаи аввали Лигаи миллатҳои UEFA идома доранд. Дар гуруҳи 2-и Лигаи А дастаи мунтахаби Швейсария дар муқобили Белгия, ки ҳоло дар рейтинги FIFA дар зинаи аввал аст, камбэки олӣ кард.

Ин вохӯрӣ бо ду голи Белгия оғоз шуд ва ба назар мерасид, ки кори Шақириву ҳамдастаҳояш сохта шуда ва Эдин Азар бо дӯстонаш аз ин гуруҳ бо ишғоли ҷойи аввал ба марҳилаи плей-офф мераванд. Ғайричашмдошт швейсарияҳо матонат нишон доданд ва дар ҷавоб 5 гол заданду мавқеи аввалро аз худ карданд. Исландия дар ин гуруҳ ягон имтиёз ба даст наовард.

Дар гуруҳи 1-и Лигаи А дастаи Олмон натавонист, ки ба комёбӣ ноил шавад. Шогирдони Лёв ҳамагӣ ду имтиёз ба даст оварданд. Дар ин гуруҳ дастаи Нидерландия бо шикаст додани чемпиони ҷаҳон – Фаронса ба даври дигар баромад.

Португалия бе Криштиану Роналду тавонист, ки дар гуруҳи 3-и Лигаи А бо 7 имтиёз пеш аз муҳлат ба даври дигар роҳ ёбад. Италия ҳамаи бозиҳояшро ба анҷом расонд ва ҳамагӣ 5 имтиёз ба даст овард. Бозии охири байни Португалия ва Полша, ки 1 имтиёз дорад, дар ҷадвал тағйироте нахоҳад овард.

Дар гуруҳи 4-и Лигаи А Англия тавонист, ки баъди сар додани як гол аз Хорватия ду голи ҷавобӣ занад ва ин даставу Испанияро ба қафо гузорад. Испания 6 имтиёз ва Хорватия 4 имтиёз ба даст оварданд.

Дар гуруҳи 1-и Лигаи В Украина ба 9 имтиёз ба плей-офф расид. Чехия 6 имтиёз ва Словакия 3 имтиёз ба даст оварданд.

Дар гуруҳи 2-и Лигаи В Русия бо 7 имтиёз дар садри ҷадвал аст, аммо вохӯрии имшаба тақдири ҷойи аввалро ҳал хоҳад кард. Шведсия, баъди ғалаба бар Туркия, дар майдони худ бо Русия бозӣ мекунад. Ҳар натиҷа дар ин бозӣ, ба ғайр аз ғалабаи Шведсия, бар нафъи русҳост. Шведсия дар сурати ғалаба имтиёзҳояшро ба 7 мерасонад ва соҳиби роҳхат мешавад. Туркия дар ин гуруҳ ҳамагӣ 3 имтиёз дорад.

Дар гуруҳи 3-и Лигаи В Босния ва Ҳерзоговин бо 10 хол ба даври дигар баромад. Ирландияи Шимолӣ ягон имтиёз ба даст наовард. Австрия бо 7 дар ин лига мемонад.

Дания дар гуруҳи 4-уми Лигаи В бо 8 имтиёз соҳиби роҳхат шуд. Уэлс 6 имтиёз гирифт ва Ирландияи Шимолӣ 2.

Аз гуруҳҳои Лигаи С дастаҳои Финляндия, Норвегия, аз Лигаи Гурҷистон, Белорус ва Македония низ ба даври дигар роҳ ёфтанд.

Ғолибони чанд гуруҳи дигар дар рузҳои наздик маълум хоҳанд шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here