Вакили дифоъ Шуҳрат Қудратов, ки 18 рӯз пеш аз зиндон ба озодӣ баромада буд, дар саҳифаи худ дар Фейсбук навишт, ки баъди ба озодӣ баромадан 6 маротиба ҳадафи тафтиши ҳуввият қарор гирифтааст.
Ӯ дар тафтиши охир аз ҷониби кормандони милитсия ба ҷурми гузаштани муҳлати амали шиносномааш айбдор шудааст. Ҳамчунин ӯро бо моддаи 479-уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — итоат накардан ба амр ва талаботи қонунии корманди милитсия ва шахси дигар, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро иҷро менамояд, гунаҳкор кардаанд. Дар ин ҳолат ба ӯ ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима, ё ба мӯҳлати аз панҷ то понздаҳ шабонарӯз ҷазои ҳабси маъмурӣ таъйин карда мешавад.
Қудратов гуфтааст, ки ин идомаи ҳодисоти соли 2014 ба вай рухдода аст, ки он замон бо туҳмат ӯро 4 сол зиндонӣ карда буданд.