Сарраёсати қушунҳои сарҳадбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ), ки қисми низомии нерӯҳои алоқа, воқеъ дар шаҳри Ҳисор, тобеи он аст, вуҷуди сарбоз бо номи Исфандиёри Мирзоҳасан дар ин қисми низомиро рад мекунанд.

Сухангӯи ин ниҳод Муҳаммад Улуғхоҷаев, дар суҳбат ба «Фараж» гуфт, қисми низомии алоқа дар шаҳри Ҳисор ягона қисми низомиест, ки ба Кушунҳои сарҳадӣ тааллуқ дорад.

— Пас аз расонаӣ шудани хабари ҳалокати сарбоз Исфандиёри Мирзоҳасан, ки гуфта мешавад, дар қисми ҳарбии алоқа дар шаҳри Ҳисор хизмат мекардааст, роҳбарият онро мавриди санҷиш қарор дод. Санҷиш нишон дод, ки на дар қисми низомии алоқа дар шаҳри Ҳисор ва на умуман дар сафҳои қушунҳои сарҳадӣ бо чунин ному насаб ягон сарбоз хизмат намекунад. Дар айни замон тамоми сарбозон ва ҳайати шахсии қисми ҳарбии алоқа дар шаҳри Ҳисор сиҳату саломат, мувофиқи реҷа хизмату фаъолият карда истодаанд, — иброз дошт Улуғхоҷаев.

Ориф Нозимиён, сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабари ба ҳалокат расидани сарбози қаторӣ Исфандиёри Мирзоҳасанро тасдиқ карда, гуфт, марҳум дар қисми низомии қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар дар шаҳраки Айнии минтақаи Ҳисор хизмати сарбозиро адо мекард.

Номбурда бо сабаби дар тафтишот қарор доштани ҳодиса ҷузъиёти бештаре надод ва гуфт, ки пас аз ба анҷом расидани тафтишот хулосаи он расонаӣ карда хоҳад шуд.

Тибқи хабарҳо, сарбози 19-сола Исфандиёри Мирзоҳасан шаби 19 январ дар қисми низомии нирӯҳои алоқа, воқеъ дар шаҳри Ҳисор худро паррондааст. «Тир аз зери манаҳи Исфандиёр даромада, сарашро шикофта, аз фарқи сараш берун шудааст». Исфандиёри Мирзоҳасанро рӯзи 20 январ дар зодгоҳаш — деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ ба хок супурданд. Сабаби худкушии сарбоз ҳанӯз маълум нест, вале гуфта мешавад, ки ӯ аз автомат аз зери манаҳаш тир холӣ кардааст.

Қаблан ҳам аз тири силоҳи оташфишон ва ё зери латукӯби ҳамхидматон ба ҳалокат расидани сарбозон дар қисмҳои низомии кишвар ба қайд гирифта шудааст, вале дар аксар маврид сабабҳои ҳалокати сарбозон «беэҳтиётӣ ҳангоми истифода аз силоҳи оташфишон» арзёбӣ мешавад.

Коршиносон сабабҳои чунин ҳодисаҳои нангинро вуҷуд доштани «дедовшина» дар қисмҳои ҳарбӣ дар Тоҷикистон унвон мекунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here