Замоне андешидан ба сарнавишти саёра

Ҳамасола дар гӯшаву канори ҷаҳон 22-юми апрел маросиме бо номи «Замини пок» ва ё «Рӯзи Замин» баргузор мешавад.

Фалсафаи баргузории “Рӯзи Замин” ин поку тоза нигоҳ доштани замин аз олудагиҳо ва олоти ғайритабиист. Ин маросимро яке аз фаъолони сулҳ Ҷон Мортон дар авохири асри 19 дар иҷлосияи ЮНЕСКО пешниҳод кард, ки аз ҷониби аъзоёни ин созмон истиқбол шуд ва соли 1990 ҳамчун ҷашни байнулмилалӣ эълон шуд. 29 сол аст дар беш аз 180 кишвари дунё дӯстдорони табиат бо оростани маҳфилҳои мухталиф, озмуну фестивал раҳпаймоиву гирдиҳамоиҳо «Рӯзи Замин»-ро ҷашн мегиранду гиромӣ медоранд.

Имсол дар Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва дастгирии Маркази минтақавии экологии Осиёи Миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин муносибат семинари илмӣ-амалӣ бо иштироки масъулини соҳа ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, донишмандону коршиносон ва намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ баргузор шуд.

Сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зист Мақсадулло Мардонов, ҳолати экологии заминро дар Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои минтақа ба маротиб тозатару ҳавояшро беолоиш донист. Ба ақидаи ӯ, яке аз далелҳои аслии покизагии замин, ин тарзи дурусти истифодаи он аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонист. “Имрӯз деҳқони тоҷик барои истифодаи дурусти замин ҳавасманд аст, зеро он ягона сарчашмаи пешбурди зиндагиаш мебошад. Боиси хушҳолист, ки деҳқонон аҳамияти ин мушкилро дарк кардаанд” ‒ таъкид кард ҷаноби Мардонов.

Новобаста аз масоҳати нисбатан хурди замини Тоҷикистон олами ҳайвонот ва набототи он тақрибан 2 фоизи захираҳои умумиҷаҳонии биологиро ташкил медиҳад. Диловар Дӯстов ‒ роҳбари Маркази миллии гуногунӣ ва бехатарии биологӣ зимни ин нишаст гуфт: “Инсон бояд дар ҳамоҳангӣ бо табиат зиндагӣ бикунад, зеро ҳаёти миллиардҳо одамон ба вазъи навъҳои муайяни набототу ҳайвоноте вобаста аст, ки барои ҳаёти рӯзмарра ва бақои зиндагиашон зарур аст”. Ба гуфтаи ӯ, яке аз ҳадафҳои аслии марказ таҳия ва амалигардонии Стратегияҳо ва барномаҳои миллӣ доир ба нигоҳдории гуногунии биологӣ ва агробиологӣ, бехатарии биологӣ ва гуногунӣ дар шароити тағйирёбии иқлим мебошад”.

Юрий Скочилов ‒ роҳбари ташкилоти ҷамъиятии Маркази ҷавонони эколог бештар ба корҳои амалӣ такя карда, барои ҳифзи муҳити зист, идораи устувори захираҳои табии, паст кардани осебпазирии ҷомеа ба тағйирёбии иқлим ва болобурдани донишҳои экологӣ бо сокинони деҳот фаъолият мекунад. Ӯ мехоҳад ба востиаи технологияи нав истифодаи босамари захираҳои энергетикиро ба роҳ монда, муҳити зистро аз олудагӣ эмин дорад ва ҳамчунин шароити иҷтимоии аҳолиро беҳтар гардонад.

Гиромидошти «Рӯзи Замин» талоши одамон ва кишварҳоро барои мутобиқат ва кам кардани таъсироти манфии тағйирёбии иқлим муттаҳид мекунад. Мақсади ин ҳаракати умумиҷаҳонӣ низ таъсиси ҷунбиши муосири ҳифзи муҳити зист ва таблиғи роҳҳои поктару солимтар гардондани сайёра мебошад.

Коршиносон бар ин назарнад, ки ҳолати муҳити зист ба ҷое расидааст, ки мо дигар мисли пештар зистану рафтор карда наметавонем. “Иқлим бо шиддат тағйир меёбад ва беш аз пеш хатарҳои ҷиддиеро пешорӯйи башар меорад. Бинобар ин моро зарур аст, на танҳо як рӯз ба фикри покии замин бошем, балки ҳар лаҳзаву сония дар бораи ин масъала биандешем”, ‒ таъкид кард Вайсиддин Саидов, директори Маркази минтақавии экологии Осиёи Миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Қобили тазаккур аст, ки барои нахустин бор буд, ки тамоми ниҳодҳои зидахли муҳити зист дар Тоҷикистон даври ҳам ҷамъ омада, доир ба фаъолияти ҳамдигар иттилооти муфасал ироа карданд. Ҳозирин гуфтанд дар ин нишаст омору иттилооти муҳимме пешкаш шуд, ки дар ҳаллу баррасии мушкилиҳои зиёд муфид хоҳанд буд.

Шаҳноз Комилзода

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here