Танзими нархи 16 номгӯи маҳсулоти хӯрока таҳти назорати давлатӣ қарор дорад!
Чанде қабл қарор ”Дар бораи рӯйхати молҳои иҷтимоию муҳити иҷтимоӣ ва нархҳои асосӣ” қабул карда шуд.
Тибқи қарори мазкур назорати татбиқи он бар дӯши Хадамоти зиддиинҳисорӣ вогузор карда шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон ҳоло 16 адад молу маҳсулоти асосии заруриро танзим мекунад. Тибқи нақша, ба рӯйхати 16 адад молу маҳсулоти иҷтимоиву маишӣ орд (навъи якумвадуюм), хлеби аз орди навъи якум ва дуюм тайёршуда, макарон, гандум, биринҷ, картошка, сабзавот (сабзӣ, пиёз, карам), шакар, равған (равғани пахта, равғани дигар растаниҳо, равғани маска), ғалладонагиҳо (наск, нахӯд, марҷумак, ярмаи ҷав), гӯшт (гӯшти гов, гӯсфанд, мурғ), тухм, намак, чой (кабуд ва сиёҳ), хӯроки кӯдакон ва маҳсулоти ширӣ дохил мешаванд, ки таҳти назорати давлатӣ қарор доранд.
Аз истеҳсолкунанда то истеъмолкунанда: Бе миёнарав
Барои иҷрои қарори мазкур роҳбарияти бозорҳоро зарур аст, ки нуктасанҷу фаъол бошанд. Масалан, аз ҷониби маъмурияти Корхонаи воҳиди давлатии “Бозори Деҳқон” бо 21 хоҷагии истеҳсолкунандагони маҳсулоти хоҷагии деҳқонӣ шартномаи тарафайн баста шудааст, ки дар ҳолати ворид кардани маҳсулот онҳо аз имтиёзҳо истифода мебаранд ва аз супоридани чеку маблағи ҷои савдо озоданд. Инчунин, хоҷагиҳои истеҳсолкунанда бе миёнарав маҳсулоти худро дар бозор ба фурӯш мегузоранд.
Мастон Шарипов, муовини директори КВД “Бозори Деҳқон” мегӯяд, ки бозори мазкур яке аз бозорҳои таъминкунанда ва танзимкунандаи нарх дар шаҳри Душанбе мебошад: “Имрӯз 43 намуди маҳсулот аз истеҳсоли хоҷагии қишлоқ ва саноатӣ ворид шуда истодааст. КВД “Бозори Деҳқон” дар асоси нақшаи чорабиниҳои шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ки тамоми маҳсулоти воридотиро аз корхонаҳо ва хоҷагиҳои истеҳсолкунанда бе миёнарав ворид намуда, бо нархи арзон ва бо сифати хуб пешкаши харидорон намояд. Дар “Бозори Деҳқон” лабараторияи бойторӣ низ вуҷуд дорад, ки дар он зиёда аз 4 нафар мутахассис кор мекунанд. Тамоми маҳсулоти воридшуда таҳти назорати ҷиддӣ қарор гирифта, танҳо пас аз санҷиш ба фурӯш иҷозат дода мешавад”.
Мавсуф меафзояд, ки баъди ба тасвиб расидани қарори мазкур баландшавӣ ё пастшавии нархи маҳсулотро мушоҳида накардаанд: “Асосан дар бозор маҳсулоти полезии истеҳсоли хоҷаги қишлоқ ворид мешавад, ки бевосита аз истеҳсолкунанда то истеъмолкунанда бе миёнарав расонида мешавад. Дар оянда низ мо ин корро идома медиҳем. Дар бозор ду минтақаро ташкил кардаем — минтақаи яклухтфурӯшӣ ва инфиродӣ. Дар минтақаи яклухтфурӯшӣ тамоми истеҳсолкунандаҳо бевосита маҳсулоти худро дар давоми рӯз ба фурӯш мегузоранд. Мо дар ин ҷо ҳам назоратчӣ гузоштаем, ки миёнаравҳоро назорат кунанд, то онҳо аз деҳқон харидаву дар болояш нархи дилхоҳи худро монда нафурӯшанд. Имрӯзҳо зиёда аз 17 нуқтаи фурӯши маҳсулот ташкил карда шудааст ва зиёда аз 300 тонна орду равған дар бозор мавҷуд аст. Дар оянда низ ҳаракат мекунем, ки нархи маҳсулот муътадил нигоҳ дошта шавад”.
М. Шарипов мегӯяд, ки қаблан қисми зиёди маҳсулоти мевагию сабзавот аз ҷумҳуриҳои дигар ворид мешуд, вале имрӯз ин намуди маҳсулот ватанӣ буда, аз тарафи истеҳсолкунандагон бе миёнарав ба бозор ворид шуда истодааст: “Аз рӯйи таҳлилҳои мо, истеҳсоли сабзавот дар ҷумҳурӣ зиёд шудааст. Бевосита ман худ бо раёсатҳои Хатлону Суғд дар тамос буда, ҳар рӯз мониторинги нархҳоро мегузаронем, то аз кадом ноҳия маҳсулотро ворид кунему дастраси шаҳрвандони азизи шаҳри Душанбе шавад”.
Қайд кардан бамаврида аст, ки дар бозори мазкур барои ба танзим даровардани нарху навои маҳсулоти хӯрока аз моҳи Рамазон то инҷониб ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал бо нархҳои дастрас аз соати 9:00 то 10:00 ба роҳ монда шудааст, ки дар ин ярмарка масалан гӯшт 33-34 ё 35 сомонӣ ба фурӯш гузошта мешавад.
Қосимов Бунёдҷон, гӯштфурӯши “Бозори Деҳқон” зикр намуд, “ки гӯштро асосан то 36 сомонӣ ба фурӯш баровардан иҷозат аст, мо аз 30 сомонӣ то 36 сомонӣ мефурӯшем. Қариб ду сол мешавад, ки бо ҳамин нарх савдо мекунам. Аз ҳама нархи баландаш 36 сомонӣ аст”.
Муминова Сайрам, як нафар харидори бозори мазкур зикр намуд, ки “ба хотири арзон будани маҳсулоти хӯрокааш ба ин бозор барои харид меоям. Нарху наво ба ман писанд аст. Хусусан маҳсулоти сабзавот” .
Захира хуб аст, нарх муътадил
Барои муътадил нигоҳ доштани нарху навои маҳсулоти ниёзи аввал масъулони бозорҳои шаҳри Душанбе маҳсулотро ҳар сол захира менамоянд.
Фарҳод Хушвахтов, директори Корхонаи давлатӣ оид ба захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал дар шаҳри Душанбе гуфт, ки “дар мавсими зимистонаи солҳои 2017-2018 мо картошкаро 1490 тонна захира кардем. 2828 тонна пиёз ва 331 тонна сабзӣ захира намудем. Ягон мушкилӣ нест. Дар соли ҷорӣ низ чунин нақшаҳо дорем, ки маҳсулоти ниёзи аввалро захира намоем. Айни замон нарху навои маҳсулоти ниёзи аввал муътадил аст. Аз маҳсулоти воридотӣ ҳар сол шакару равғанро захира менамоем. Барои ворид кардани 30 ҳазор тонна шакар аз Ҷумҳурии Белорусия шартнома бастаем. Айни ҳол 4940,4 тоннааш расиду мо қабул карда, дар анборои худ захира кардаву ба фурӯш бароварда истодаем. Як халта шакар 295 сомонӣ аст. Ин барои ҳар кило 5 сомониву 90 дирамро ташкил медиҳад”.
Ба изҳори Ф. Хушвахтов, ҳар як қароре, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон мебарояд, аз ҷониби онҳо дастгирӣ меёбад: “Қарорро бе ягон монеагӣ, ба пуррагӣ иҷро мекунем. Нарху наво ҳама вақт зери назорат қарор дорад. Мо ҳама вақт бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Тоҷикматлубот” ҳамкорӣ менамоем ва намегузорем, ки нарху навои маҳсулоти ниёзи аввал боло равад. Ман худ ин иқдоми неки Ҳукумати Тоҷикистонро истиқбол мегирам”.
Дурӣ аз миёнарав, ҳамкорӣ бо деҳқон
Дар пайи иҷрои қарори мазкур маъмурияти ҶДММ “Маркази савдои Истиқлол”-и бозори “Меҳргон” омодаанд, ки барои барҳам додани фаъолияти миёнаравҳо бо деҳқонон ҳамкорӣ намоянд. Барои ҳамин, нақша доранд, ки ҳудудҳои бозорро бо 20 адад яхдонҳои калон барои захираи маҳсулот таъмин намоянд.
Роҳбари ҶДММ “Маркази савдои Истиқлол”-и бозори “Меҳргон” Айёр Туяков мегӯяд, ин иқдоми некро, ки барои ба танзим даровардани нарху навои маҳсулоти ниёзи аввал равона карда шудааст, бевосита дастгирӣ менамоянд: “Ягона мушкили мо — ин маҳсулоти гӯштӣ мебошад, ки барои ба танзим дароварданаш душворӣ мекашем. Танзими шакар низ, ки маҳсулоти воридотӣ мебошад, камтар мушкил аст. Дар масъалаи дигар маҳсулоти ватанӣ, ба монанди сабзавот, мо метавонем бо деҳқонон ҳамкорӣ кунем. Миёнаравҳо аллакай дар дили деҳқонон ҷой шудаанд. Барои аз онҳо дур шудану бо деҳқонон кор кардан камтар вақт лозим аст. Бояд мо худамонро бо деҳқонон наздик карда, кор кунем”.
А. Туяков изҳори омодагӣ намуд, ки метавонанд бо намояндагони Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳамкорӣ намоянд: “Омодаем, ки фикру ақидаҳои онҳоро шунавему андешаҳои худро ба онҳо пешниҳод карда, ҳамкорӣ намоем”.
Ба қавли ҳамсуҳбатамон, “чун бозори мо навташкил аст, барои захира кардани маҳсулоту бо як нархи муътадил нигоҳ доштани он яхдонҳо лозиманд. Дар оянда ният дорем маҳсулоти сабзавотиро барои муддати 1-2-3 моҳ ва меваҳоро низ дар яхдонҳо захира кунем. Дар рӯзҳои наздик кӯшиш менамоем, ки ҳамаи ин чизҳоро амалӣ гардонем”.
— Сабаби асосии болорави нарху навои маҳсулоти хӯрока — ин пеш аз ҳама вобаста ба талабот аст. Масалан, дар мавсими тобистон мардум аз шакару мевагиҳо барои захираи зимистонашон истифода мебаранд. Фарз кардем, агар 100 тонна шакар ворид шавад, аллакай харидорон онро мехаранд ва ба ҳамин хотир, соҳибкорон нархро гарон мекунанд. Тухм бошад, дар гармӣ нархаш поён мераваду дар зимистон, чун ҳаво сард мешавад, боло. Талабот ҳар қадар зиёд шавад, соҳибкор аз фурсат истифода мебарад ва нархи маҳсулот ҳам меафзояд,- афзуд ӯ.
Дар ҳамин ҳол, Фарҳод Мирзое, фурӯшандаи орд дар бозори “Меҳргон” мегӯяд, ки “дар моҳи шарифи Рамазон як халта орди навъи якумро бо нархи 135 сомонӣ ба фурӯш гузошта будем. Ҳозир бошад, нархи орди навъи якум 140 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст. Орди навъи дуюм бошад, 130 сомонӣ, ки нисбат ба соли гузашта арзон аст. Нархи орд фақат бо ин сабаб баланд мешавад, ин маҳсулоти воридотӣ, аз гандуми Қазоқистон аст. 15-уми август Қазоқистон гандумро ҷамъоварӣ менамояд ва нархи орд дар моҳи сентябр арзон хоҳад шуд”.
Зимнан, Абдусалом Назаров, фурӯшандаи сабзавот дар бозори “Меҳргон” зикр намуд, ки “бо дастгирии маъмурияти бозор дар моҳи шарифи Рамазон ярмарка ташкил карда шуд, ки нарху навои сабзавот то 40-50 дирам фарқият дошт. Ин икдоми нек аст. Боварӣ дорам, ки нарху наво ба танзим дароварда мешавад. Соли гузашта нархи картошкаву пиёз 4 сомонӣ ва сабзӣ 3 сомонӣ буд. Ҳозир яку якбора арзон шуд. Ҳозир пиёз 1 сомонӣ, картошка 1 сомониву 50 дирам ба фурӯш гузошта шудааст”.
Бахтиёр Бӯриев, савдогари гӯшт дар бозори “Меҳргон” қайд намуд, “ки дар аввали моҳи шарифи Рамазон мо нархи гӯштро 36 сомонӣ ба роҳ мондем. Баъдан, дар рӯзҳои охир талабот ба гӯшт афзуд, аммо бо дастгирии раиси шаҳр мо гӯштро дар ду нуқта бо нархи 30 сомонӣ ба фурӯш гузоштем. Ин ҳама корҳо аз ҷониби ҳукумати шаҳр буд, ки моро бо гӯшт таъмин карданд ва мо низ бо нархи арзон ба фурӯш гузоштем. Ҳозир нархи гӯшт аз 36 то 38 сомонӣ аст. Сабаби болоравии нархи гӯшт ин аст, ки дар минтақаҳо чорворо бо нархи гарон мефурӯшанд. Нархро дар шаҳр ҷиддӣ назорат мекунанд. Дар ноҳияҳо не. Агар нарх дар тамоми ҷумҳурӣ як хел ҷорӣ шавад, мо ҳам гӯштро арзон карда метавонем”.
Заррина, як нафар харидори бозори “Меҳргон” чунин андеша дорад, ки “назар ба соли гузашта нархи картошка, пиёз ва сабзӣ арзон шудааст. Аммо гӯшт арзон нашуд. Тухм ҳам арзон аст. Шакар нисбат ба соли гузашта камтар арзон аст”.
Нархи дастрас аз хароҷоти истеҳсолӣ вобаста аст
Бояд гуфт, ки мутобиқи қарори Ҳукумат, Хадамоти гумрук, Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар масъалаи мазкур ҳамкорӣ намоянд.
Дар ин замина, ба изҳори вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Иззатулло Сатторӣ, “таъмини амнияти озуқавории кишвар аз рушди устувор ва самаранокии соҳаи кишоварзӣ вобастагӣ дошта, Вазорати кишоварзӣ ҷиҳати рушди соҳа чораҳои зарурӣ андешида истодааст, ки бо зиёд намудани ҳосилнокии зироатҳо, истифодабарии оқилонаи заминҳои корам, ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва ташвиқу тарғиб оид ба баланд бардоштани маданияти зироаткорӣ, истифодаи тухмиҳои хушсифат ва риояи дурусти агротехникаи парвариши зироатҳо ҳаҷми маҳсулот афзун гардида, таъминоти бозорҳои истеъмолии кишвар бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ беҳтар гардида, сатҳи нархҳои маҳсулот муътадил нигоҳ дошта шавад”.
Ба гуфтаи вазир, барои муътадил нигоҳ доштани нархҳо ва пешниҳоди маҳсулот як қатор омилҳо таъсир мерасонанд, ки муҳимтаринашон хароҷоти истеҳсолот мебошад.
— Агар хароҷот барои истеҳсоли маҳсулот паст шавад, ин ба истеҳсолкунанда имконият медиҳад, ки бисёртар маҳсулот истеҳсол кунад ва бо нархҳои дастрас ба фурӯш барорад. Афзоиши арзиши аслии маҳсулот паст мешавад. Бозор аз маҳсулот фаровон мешавад ва истеҳсолкунанда маҷбур аст, ки барои бартарафсозии маҳсулоти зиёдатии ба фурӯш нарафта нархро паст кунад. Ҳамзамон, барои нигоҳ доштани устувории истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва бо зарар ҷамъбаст нанамудани фаъолияти хоҷагидорӣ вазорат дар доираи Барномаи бунёд намудани яхдону сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулот, ба коркарди аввалия фаро гирифтани маҳсулот ва баланд бардоштани сатҳи дониши бозоршиносии истеҳсолкунандагон, ташкил намудани марказҳои логистикӣ диққати хоса зоҳир намуда, чораҳо андешида истодааст. Ҳамзамон, вазорат оид ба номгӯи маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми майи соли 2018, №287 тасдиқ гардидааст, дар дурнамои сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ, ҷиҳати афзун намудани маҳсулоти растанипарварӣ, ки ҳамасола барои солҳои дахлдор таҳия мегардад, вобаста ба талаботи аҳолии ҷумҳурӣ ба инобат гирифта мешавад. Ҳамчунин, барои қонеъ намудани талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти чорводорӣ барои баланд бардоштани хушзоткунии чорво ва баланд бардоштани маҳсулнокии он тадбирҳои судманд андешида шуда истодааст,- меафзояд ӯ.
Ба андешаи И. Сатторӣ, “бо арзиши паст истеҳсол кардани маҳсулот ва бо нархҳои дастрас пешниҳод намудани маҳсулот аз хароҷоти истеҳсолӣ вобаста буда, болоравии нархи нуриҳои минералию органикӣ, заҳрхимикату пестидсидҳо, сӯзишворию равғанҳои молиданӣ метавонад ба болоравии нарх таъсири худро расонад. Вобаста ба ин дар ин самт Вазорати кишоварзӣ ҳамкориро бо Хадамоти зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, ҷиҳати ба танзим даровардани он таклифҳои мушаххаси худро пешниҳод менамояд”.
Ҷарима — роҳи ҳалли масъала
Ин ҳама дар ҳолест, ки ба назари баъзе таҳлилгарон, ба танзим даровардани нарху наво басо мушкил аст. Коршиноси масоили иқтисодӣ Зулфиқор Исмоилиён дар ин маврид мегӯяд: “Ҳоло ман худ надидаам, ки ҳамин нарху навои маҳсулоти хӯрока ба танзим дароварда шуда бошад. Ин бисёр мушкил аст. Бале, давлат ин иқдоми некро қабул кард ва эълон намуд, ки нарху навои маҳсулоти хӯрока зери назорат аст. Ин гуфтаҳо дар ҳолест, ки дар рӯзҳои Иди Саиди Фитр мевагиҳо аз 15-20 сомонӣ кам набуданд. Нархи гӯшт 30 сомонӣ муқаррар гардидааст, вале ман худ дар ягон ҷо надидаам, ки нархи гӯшт 30 сомонӣ бошад, 36-38-40 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст. Маҳсулоти воридотиро низ назорат кардан лозим аст. Ин нарху навои бозор аст ва давлат бо як қарор ба танзим дароварда наметавонад онро. Дур намеравем, дар ҳамин бозори Зарафшон бозордорон ба деҳқонон имконият намедиҳанд, ки омада савдо кунанд. Ҳамаи маҳсулоти онҳоро бо нархи арзон харида мегиранд. Баъд дар болои маҳсулот нархи дилхоҳи худро монда, савдо мекунанд. Бисёр хуб мешуд, ки Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо Хадамоти гумруку Вазорати кишоварзӣ ҳамкорӣ намуда, ҳамин масъаларо зери назорат гирифта, якчанд нафарашонро ҷарима кунанд, то ба дигар фурӯшандаҳои бозор дарс шавад. Бо баровардани қарор ин мушкилӣ бартараф намешавад. Деҳқонро роҳ додан даркор, ки дар бозор савдо кунад”.
Ҷомеашинос Алишер Идизода бошад, изҳор медорад: “Албатта, нарх ба танзим дароварда мешавад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам бояд дар ин кор саҳми худро гузорад. Агар шаҳрвандон ягон камбудиро мушоҳида намоянд, бояд пеш аз ҳама ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ хабар диҳанд, ки дар фалон нуқта чунин камбудиҳоро дидем. Ҳангоми дидани камбудӣ набояд чашм пӯшид. Ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд дар ин масъала фаъол бошад. Нарху наво аз баланд рафтани сӯзишворӣ низ вобастагӣ дорад. Қурби асъор ҳам таъсири худро ба нарху навои маҳсулоти хӯрока мерасонад”.
Нигора САИДБЕКОВА