Мақомот қазияи мазкурро бояд холисона тафтиш кунанд

Ҳамасола дар мавсими даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар, ки дар фаслҳои баҳору тирамоҳ сурат мегирад, шеваи ҷалби маҷбурӣ ё “облава”и ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ мавзӯи доғи натанҳо расонаҳо, балки шабакаҳои иҷтимоӣ низ мегардад.

Баъзе сокинон мегӯянд, мақомоти интизомӣ фарзандони онҳоро ҳатто аз ҷойгаҳи хобу ҷойи кор дошта, ба артиш мебаранд. Наздикони ҷавонони “облава”-шуда мегӯянд, ҳарчанд аз рӯи ин амали намояндагони комиссариатҳои ҳарбӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шикоят мебаранд, аммо натиҷае намедиҳад. Волидони бархе аз ҷавонони солими мавриди “облава” қароргирифта ба тақдир тан додаанду фарзандонашон хизмати аскариро адо кардаанд, аммо падару модароне ҳастанд, ки мегӯянд, фарзандашон кадом як беморӣ доштаасту ба ин нигоҳ накарда, ӯро ба аскарӣ гирифтаанд.

Падари сарбоз: Комиссар гуфт, ки ман медонам, писарат бемор аст…

Сокини деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти Кабут Сайфиддинови ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Муродалӣ Фақеров аз ҷумлаи волидонест, ки иддао дорад, писарашро моҳи апрели имсол, дар ҳоле ба хизмати ҳарбӣ ҷалб кардаанд, ки ӯ бемори чура (грижа), захми меъда, шушҳо будааст. Ба қавли падар, писараш Далер Фақерови 24-соларо чанд сол боз чунин бемориҳо азият медиҳанд, вале аз он ки як оилаи камбизоатанд, натавонистанд барои ҷарроҳию табобати фарзанд маблағ пайдо кунанд.

— Ман 4 фарзанд — ду писар ва ду духтар дорам. Писари калониям Мустафо, ки сиҳату саломат буд, баъди гирифтани даъватнома аз комиссариати ҳарбӣ рафта ду сол хизмати Ватанро адо карда омад. Далер аз наврасӣ бемор буд, аз ин рӯ, ду сол қабл, вақте аз комиссариати ҳарбӣ даъватнома омад, худам ӯро ҳозир кардам, вале бо сабаби “грижа” доштанаш, аз комиссияи тиббӣ нагузашт. Вазъи бади оилавӣ ва камбизоатӣ нагузошт, ки писарамро табобат кунам. Ӯ ба беморияш нигоҳ накарда, ба муҳоҷират рафт. Ду сол дар Русия дар сохтмон кор кард. Чун кор барояш душворӣ мекард, аз уҳдааш баромада натавонист. Он ҷо ҳам писарам маблағи кофӣ барои ҷарроҳию табобаташ пайдо карда натавонисту қарз карда, ба деҳа баргашт,- гуфт М. Фақеров.

Ба қавли падар, баҳори имсол барои писараш боз даъватнома омад. Ӯ гуфт, ки он замон писараш Далер дар ноҳияи Ҷайҳун кор мекард, то барои ҷарроҳию табобаташ каме маблағ ҷамъ орад.

— Худам ба комиссариати ҳарбии ноҳия рафтам. Комиссар Гулов Дилшод гуфт, ки “медонам, писарат бемор аст. Як бор аз комиссияи тиббӣ гузаронем, ҷавобаш медиҳем”. Ман хуб медонам, ки писарам бемор аст, барои ҳамин рафта ӯро аз ноҳияи Ҷайҳун овардам. Лекин комиссари ҳарбии ноҳия Д. Гулов чӣ хел кард, ки писарамро сиҳат баровард ва дар қатори дигар даъватшудагон ҳамон рӯз ба шаҳри Бохтар бурданд. Он ҷо ҳам маслиҳат карда, ӯро дар комиссияи тиббӣ солим бароварданд. Ҳоло дар қисми ҳарбии 07150-и Пахтаободи шаҳри Турсунзода, дар қисми “разведка” хизмат карда истодааст. Ҳар бор, ки телефон ёфта, занг мезанад, аз вазъи саломатияш шикоят мекунад ва хоҳиш мекунад, то илоҷе карда, ӯро аз хизмат озод карда, ба хона барем,- гуфт падар.

М. Фақеров гуфт, яқин медонад, ки писараш кори вазнинро анҷом додааст, ки дардаш хурӯҷ кардааст, аммо касе ба додашон намерасад. “Чӣ кор кунем. Осмон баланду замин сахт”,- мегӯяд падари сарбоз.

Сарбоз: Дар Бохтар бо 10-20 сомонӣ аз комиссияи тиббӣ гузарониданд

Барои суҳбат ва фаҳмидани ҳақиқати ҳол аз худи сарбози қаторӣ Далер Фақеров хеле кӯшиш кардем. Билохира, ин имконият тариқи телефон ба мо даст дод.

Далер дар ҳоле, ки аз вазъи саломатияш шикоят кард, гуфт, аз волидонаш хостааст, бо ҳар роҳе, ки набошад, ӯро ба хона баранд. Номбурда гуфт, ки вақти гузаштан аз комиссияи тиббӣ дар ноҳияи Панҷ духтурон бемории ӯро муайян карда ва барои рафтан ба артиш муносиб надонистаанд, вале комиссари ҳарбии ноҳия Гулов Дилшод ба хулосаи аъзои комиссияи тиббӣ розӣ нашудааст.

— Дар маркази вилоят — шаҳри Бохтар бори дигар аз комиссияи тиббӣ мегузарӣ, агар бемор бошӣ, ба хизмати ҳарбӣ намеравӣ ва ба хона бармегардӣ. Аммо дар Бохтар ману ҳамроҳонамро, ки 5 нафар будем, аз комиссияи тиббӣ нагузарониданд. Нафаре, ки моро барои гузаштан аз назди табибон ҳамроҳӣ мекард, дар байни ҳуҷҷатҳо 10-20 сомонӣ монда, имзои духтуронро мегирифт. Чанд бор ба духтурон гуфтам, ки ман “грижа” дорам, аммо касе гӯш накард… Айни ҳол 5 моҳ боз дар қисми ҳарбии 07150-и Вазорати мудофиа, дар Пахтаободи шаҳри Турсунзода хизмат карда истодаам. Аҳволам бад аст. Камтар рост истам, “грижа”, ки аз тарафи рости моядонам аст, варам ва дард мекунад. Дар нуқтаи тиббии қисми ҳарбӣ гуфтанд, ки бояд фавран ҷарроҳӣ кунам. Илова ба ин, шушҳоям низ беморанд, сулфа кунам, балғам хориҷ мешавад,- гуфт дар суҳбати кӯтоҳ сарбоз Д. Фақеров.

Комиссар Гулов: Фақеров дурӯғ мегӯяд

Ин дар ҳолест, ки комиссари ҳарбии ноҳияи Панҷ Дилшод Гулов дар як суҳбати телефонӣ иддаои оилаи Фақеровҳо дар хусуси бемории фарзандашон ва маҷбуран ба хизмати ҳарбӣ фиристодани ӯро рад кард. Номбурда гуфт, ки аз ҷониби комиссариати ҳарбӣ ягон нафарро маҷбуран ба хизмати аскарӣ намебаранд.

— Гапи онҳо асоси воқеӣ надорад. Даъватшаванда Далер Фақеров тариқи даъватнома ба комиссариат ҳозир шудааст. Вазъи саломатии ӯро комиссари ҳарбӣ не, балки комиссияи тиббӣ муоина кардааст. Агар даъватшаванда бемору ба хизмати ҳарбӣ номуносиб мебуд, ӯро ба аскарӣ намебурданд. Дар бисёр ҳолатҳо волидон барои ба хизмат рафтани фарзандонашон монеа эҷод мекунанд. Баъзан вақт ҷавонон худашон ба комиссариат ҳозир шуда, хоҳиш мекунанд, ки ба падару модарашон хабар надиҳем. Лекин мо хоҳиши онҳоро ба инобат намегирем. Баъди он ки даъватшавандаҳо аз комиссияи тиббӣ мегузаранд ва шахсияташон аз ҷониби намояндагони мақомоти давлатӣ санҷида мешавад, ман ба падару модарашон занг зада, онҳоро воқиф мекунам,- гуфт Дилшод Гулов.

Комиссари ҳарбӣ ҳамчунин гуфт, “суханҳои падари сарбоз дар хусуси он, ки гӯё ман аз бемории фарзандашон хабар доштаам, ягон асос надорад”.

— Бисёри волидон аз худашон ҳар чиз мебофанд. Он ки гӯё ду сол пеш фарзандашон аз комиссияи тиббӣ гузашта бошаду ӯ ба хизмати ҳарбӣ номуносиб дониста шуда бошад, дурӯғ аст. Ин ҳолат ду сол не, панҷ сол қабл буд. Он вақт Далер Фақеров худаш даъватнома қабул карда, ба комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир шуда буд. Комиссияи тиббӣ ӯро солим шуморида, ба хизмати ҳарбӣ муносиб донист, вале замоне, ки то рӯзи сафарбаркунӣ дар хонаашон буд, волидонаш ӯро аз хизмат гурезонида, ба Русия фиристоданд. Пас аз панҷ сол писарашонро аз Русия “депортатсия” карданд. Имсол боз даъватнома қабул кард. Падараш Далерро, ки дар ноҳияи Ҷайҳун, ба хонаи хоҳараш пиёзчинӣ рафта будааст, худаш оварда, гуфт, ки писарам бемор аст, аз хизмати ҳарбӣ озодаш кунед”. Баъдан комиссияи тиббӣ ӯро муоина карда, солим шумурд ва ба хизмати ҳарбӣ муносиб донист. Падару модари сарбоз оид ба ин масъала моҳи майи соли равон ба Прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар ба таври хаттӣ муроҷиат карда буданд. Прокуратура ҳама ваҷҳҳои дар аризаашон овардашударо санҷид ва ягон ҳолати беморӣ ва ё маҷбуран ба хизмати ҳарбӣ бурдани писарашон Далер Фақеровро пайдо накарданд,- илова кард комиссари ҳарбии ноҳияи Панҷ Дилшод Гулов.

Прокуратура далелҳоро санҷид, вале

Тавре волидони Далер Фақеров иддао доранд, барои ба хизмати ҳарбӣ бурдани писари беморашон комиссар Гулов нақш доштааст, чун як маротиба бо ӯ даъвояшон шудааст. Аз ин рӯ, ба Прокуратураи гарнизони ҳарбии Бохтар вобаста ба ин ҳолат муроҷиат кардаанд. Аммо дар мактуби ҷавобие, ки 19-уми июни соли 2019 аз Прокуратураи гарнизони ҳарбии Бохтар ба дасти волидон расидааст, гуфта мешавад, ки мақомоти мазкур муроҷиатро мавриди санҷиш қарор додааст. Санҷиши мақомот муайян кардааст, ки дар самти сафарбарсозии Далер Фақеров ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ягон қоидаву қонунвайронкунӣ ба қайд гирифта нашудааст ва ҳамчунин, ваҷҳҳо дар хусуси бемор будани сарбоз Далер Фақеров тасдиқи худро наёфтаанд. “Новобаста аз ин, Прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар ба командири қисми ҳарбии 07150-и ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон амр дод, ки бори дигар вазъи саломатӣ ва қобил ба хизмати ҳарбӣ будани писаратонро тавассути комиссияи тиббӣ-ҳарбии ВМ ҶТ санҷида бароянд”,- омадааст дар хулосаи мактуби ҷавобии Прокуратураи гарнизони ҳарбии Бохтар ба муроҷиати Додова Гулсара — модари сарбоз Далер Фақеров.

Командири қисми ҳарбии 07150: Ягон амр нагирифтаам

Ин дар ҳолест, ки командири қисми низомии 07150 мустақар дар минтақаи Пахтаободи шаҳри Турсунзода подполковник Муминзода Шуҳрат дар як суҳбати телефонӣ рӯзи 10-уми сентябр ба “Фараж” гуфт, чунин амр нагирифтааст ва аз он ки сарбоз бемор ба хизмат сафарбар шудааст, хабар надорад.

— Тибқи қонун ҳеҷ мумкин нест, ки даъватшавандаи бемор ба хизмати ҳарбӣ ҷалб карда шавад. Кадом комиссариати ҳарбӣ ё нафари алоҳидае набошад, бояд барои ин амали ғайриқонунияш ҷавоб гӯяд. Агар сарбоз дар қисми ҳарбӣ бемор шавад, ӯро ҳатман ба госпитали ҳарбӣ бурда табобат мекунем. Мо дар ин ҷо барои ҳар як сарбоз ба ҷои падар ҳастем. Шароит дар қисмҳои ҳарбӣ хеле хуб шудааст. Худи пагоҳ сарбозро барои муоина ба госпитали ҳарбӣ мефиристам. Аз нӯги по то тори сарашро ташхис мекунанд, агар бемор бошад, ҳатман ройгон табобат карда мешавад,- гуфт командири қисми ҳарбии 07150 Шуҳрат Муминзода, ки сарбози қаторӣ Далер Фақеров дар он ҷо адои хизмати ҳарбӣ карда истодааст.

Сарбоз ҷарроҳӣ шуд

Чун масъаларо пайгирӣ кардем, огоҳ гардидем, ки сарбоз Д. Фақеров пас аз муоинаи тиббӣ дар ҳақиқат бемор баромадааст ва дар госпитали марказии ҳарбӣ, воқеъ дар шафати беморхонаи “Истиқлол” (маҳаллаи 46-ум) бистарӣ карда шудааст. Ҳамин тавр, Далер Фақеров рӯзи 13-уми сентябр дар госпитали мазкур аз қисмати рости моядонаш ҷарроҳӣ карда шудааст. Рӯзи 14-уми сентябр аз сарбози бемор хабар гирифтем. Далер зимни суҳбат гуфт, худашро беҳтар эҳсос мекунад ва бояд қисмати зери зонуи пойи росташ низ, ки замони хизмат иллат пайдо кардааст, ҷарроҳӣ шавад. “Баъд аз ҷарроҳӣ бояд шушҳоямро низ муоина ва табобат кунам”,- афзуд ӯ.

Модари сарбоз аз вазир додхоҳӣ мекунад

Бо гузашти беш аз панҷ моҳи хизмати ҳарбии фарзандашон, волидони сарбози қаторӣ Далер Фақеров рӯзи шанбеи 14-уми сентябр барои додхоҳӣ ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон муроҷиат кардаанд. Модари сарбоз Гулсара Додова мегӯяд, ки мехост бо худи вазири мудофиа Шералӣ Мирзо вохӯрад ва аз қонуншиканиҳои Комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷ, махсусан комиссар Д. Гулов шикоят кунад, вале ӯро нафари дигар, ки номашро намедонад, қабул кардааст.

Бино ба гуфтаи модар, дар ин вохӯрӣ муроҷиаташ дуруст шунида нашудааст. Аз ин рӯ, ба унвонии вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо мактуб навиштааст, то арзу додашро ба худи вазир ироа кунад.

— То бо худи вазир вонахӯрам ва додамро ба ӯ нагӯям, аз Душанбе ба ноҳия барнамегардам. Вазир бояд ба қонуншиканиҳо аз ҷониби намояндагони комиссариатҳои ҳарбӣ ва “облава”-и ҷавонон хотима бахшад, то падару модарон сарсону саргардон нашаванд. Ҳамчунин, табибони беинсоф низ бояд ҷазо гиранд,- гуфт модар.

Шамсулло ФОЗИЛОВ, “ФАРАЖ”

Добавить комментарий