Агар ба таърихи ислоҳоти кишоварзии мамлакат назар афканем, асосан ҳамаи таъғийроти кулли соҳа аз давраҳои истиқлоли давлатӣ сарчашма мегиранд. Тайи ин солҳо Ҳукумати Тоҷикистон кӯшиш кард чандин санади муҳими иқтисодӣ-иҷтимоиро нисбати таъмини ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ қабул кунад. Маслан, дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ислоҳоти замин” дар соли 1992 марҳилаи қисман тақсим намудани заминҳои минтақаҳои кӯхӣ ва наздикӯҳи оғоз гардид. Инчунин бо фармонҳои Президенти мамлакат аз 9 октябри соли 1995 таҳти рақами 342 ва 1 декабри 1997 таҳти рақами 874 миқдори 75 ҳазор гектар замин барои истифодабарии истеҳсолӣ ба деҳқонони эҳтиёҷманд тақсим шуд. Дар навбати дигар 25 июни соли 1996, таҳти рақами 522, фармони Президенти мамлакат “Дар бораи таҷдиди корхонаҳо ва ташкилотҳои кишоварзӣ” қабул гардид, ки ин санадҳои ҳуқуқӣ кишоварзонро дар истеҳсолот соҳибихтиёр намуданд ва месазад қайд кард, ки гузариш ба шакли нави муносибатҳои иқтисодӣ ва ташкили шаклҳои нави хоҷагидорӣ, ғайридавлатӣ гардондани моликият дар соҳаи кишоварзӣ вазъияти иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакатро ба тағйироти куллӣ оварда расонд.
Дар навбати худ баҳри таъмини хуби ислоҳоти соҳа ва таъмини механизми самараноки амалишавии сиёсати аграрии Тоҷикистон парлумони касбии малакат низ коргузориҳои муносиб ва босамареро анҷом расониданд. Бо кӯшиши онҳо “Қонун дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)” чанд маротиба мураттаб гардиданд ва дар асоси он хоҷагиҳои деҳқонӣ-фермерӣ дар миқёси мамлакат ташкил ёфтанд. Дар ин раванд парлумони мамлакат кӯшиш намуданд дар марҳилаҳои гуногуни гузашти ислоҳоти соҳа қонуни мазкурро мутобиқ созанд ва барои кишоварзон пешкаш намоянд.
Мехоҳам дар алоҳидагӣ нисбати таҳрири охирини “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хоҷагиҳои деҳконӣ-фермерӣ” ва механизми амалишавии он, ки 15 марти соли 2016, таҳти рақами 1289 қабул шудааст, фикру хулосаамро байён кунам. Ҷиҳатҳои мусбии онро намегӯям, дар бораи норасоиҳои таркибии назарамро иброз мекунам. Пеш аз оғози хулосаҳоям мехоҳам, ки эҳтиромамро нисбати таҳриргарони он баён дорам ва намехоҳам, ки хулосаи доштаамро барои онҳо боргузорӣ созам. Ҳадафам ин аст, ки шояд эродҳоям дар эҳтимолияти таҳрири ояндаи “Қонун дар бораи хоҷагии деҳконӣ (фермерӣ)” ба инобат гирифта шаванд.
Дар хусуси моддаи 3 қонуни мазкур (Ҳуқуқ ба таъсиси хоҷагии деҳқонӣ ва шаклҳои он) таҳриргарони қонун кӯшиш кардаанд, ки аз зери таъсироти низоми колхозӣ ва совхозӣ бо пуррагӣ берун нагарданд, аз ин рӯ ҳарчи бештар ба нигоҳдории шакли коллективии кишоварзӣ такя кардаанд. Барои мисол, ташкили хоҷагии деҳконӣ ин худ ташаббуси шахси алоҳида мебошад ва бо ин ташаббус мехоҳад соҳибкориашро дар доираи маҳорат ва қобилияти доштааш ташкил ва соҳибкорӣ кунад. Вақте ба ин ташаббус дигарон шарик мешаванд, оқибати ин муносибат дилхунукӣ ва ноумедиро пеш меоварад. Хубтар нест, ки ҳар кас бо ташаббуси пешовардаи хеш дар доираи маҳорат ва нақшаи доштаашон кор кунад ва соҳибкориашонро ташкил диҳад.
Як масъалаи нозукро дар ин миён мехоҳам қайд кунам. Вақте дар қонун механизми он иҷроиши як ташаббус ва мақсадро барои дигар иштирокдорони ҳамҷоя иҷозат медиҳад, ин равиш дар оқибат боиси маҳви ташаббускор ва пастшавии ҳаловати мақсади асосии пешовардаи он мегардад. Барои мисол, дар ташкилсозии хоҷагии деҳконӣ дар асоси таҷдиди колхоз ва совхозҳо қонуни имрӯза имкон медиҳад, ки дар мавриди ташкили хоҷагиҳои деҳконӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ бо шумораи аз 1 то 50 нафар аъзо ва бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ бе назардошти шумораи аъзо хоҷагии деҳкониро ташкил кунанд. Хулоса, оқибати кор чӣ мешавад? Дар хулосаи кор ба ҳамон низоми хоҷагидории колхозӣ ва совхозӣ бармегардем ва боз ҳамон аломатҳои марказонидашудаи идоракунии истеҳсолот, боз ҳамон низоми нақшакашӣ пеши роҳ меоянд ва дӯстдорони маҳоратҳои фармонфармоӣ аз нав зинда мегарданд ва намегузоранд, ки ташаббусҳои нав бар пой хезанд ва дастгирӣ ёбанд. Агар дар ин мавридҳо ташаббусҳои ташкилсозии хоҷагиҳои деҳконии оилавӣ пеш оянд, ин кӯҳнапарастҳо навгониҳоро намехоҳанд ва аз умумият ва омехтагии қонун истифода бурда, иҷроиши ин ташаббусҳоро ба ояндаи номаълум ҳавола мекунанд. Хуб медонанд, ки ташаббускорон тоқати шикасти ин “мошини бюрократия”-ро надоранд ва оқибат ба тақдирашон тан медиҳанд. Дар асоси ин хулосаҳои доштаам пешниҳоди онро дорам, ки нишондоди имрӯзаи қонун таъғир ёбанд ва дар таҳрири нави он фақат механизми ташкилсозии хоҷагии деҳконии оилавӣ ба ҳисоб гирифта шавад, зеро оилаҳо, ки тақдири ояндаашонро бо дигар шахсиятҳо пайваст сохтан намехоҳанд, бо ин нақшаи пешовардаашон хоҳиши ташкили рӯзгори устуворашонро доранд. Бояд хоҷагии деҳқонӣ-фермерӣ дар асос ва доираи аъзогии муносибатҳои оилавӣ, ки онро як нафар аъзои оила ташкил кардааст ва мақсади истеҳсол, коркард ва фурӯши маҳсулотро дорад, ташкил карда шавад.
Мавридҳое низ ҳастанд, ки аъзоёни корхонаҳои кишоварзӣ (колхоз ва совхозҳо) дар маҷлиси умумӣ хоҳиши таҷдиди онро надоранд ва беҳтар он аст, ки онҳо дар ҳамон шакли хоҷагидории пешина монанд. Агар мисли имрӯза онҳоро таҷдид созем ва онҳоро мувофики моддаи 3-и қонуни имрӯзаи «Хоҷагии деҳконӣ (фермерӣ)» шакл диҳем, оқибат худфиребиро пеш меоварем, боз ҳамон роҳбарии марказӣ, фармонфармоӣ, истеҳсолоти “нақшави”-и беталаботи бозорӣ пеш меояд. Аз ҳама бадтараш он аст, ки дар ин шакли хоҷагидории деҳконӣ ҳисобу китоби дақиқ, масъулият ва ҷавобгарӣ аз байн меравад ва фасоду намоишкориҳою изофанависиҳо рӯйи кор меоянд. Бовар дорам, ки саҳмдорони хочагии деҳконӣ намедонанд, ки дар хоҷагии деҳқонии умумиашон чӣ қадар маҳсулот истеҳсол гардид, чӣ қадар фурӯхта шуд ва чӣ қадар фоидаи соф ба даст оварда шудааст. Инро ман дар мисоли фаъолияти хоҷагиҳои деҳконӣ дар як ноҳияи минтақаи Хатлон оварданӣ хастам, ки аз 600 га кишти картошкаи ҳисоботдодашуда 400 гектари он изофанависӣ будааст. Ё, мисоли дигар, тариқи расонаҳо хабар меёбем, ки дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахтаи хоҷагиҳои деҳконӣ духтурон, муаллимон, толибилмон, донишҷуён ва дигар нафароне, ки фаъолияти кориашон ба истеҳсолоти хоҷагии деҳконӣ рабт надорад, ҳамчун “худихтиёр” ҷалб мегарданд. Хуб мешавад, ки сари ин масъала Институти иқтисодиёти кишоварзии мамлакат хулосаҳои худро дошта бошад, зеро боварӣ дорам дар институти мазкур таҳлилоти хубе нисбати шаклҳои боварибахш ва ояндадори идоркунонии кишоварзӣ таҳлил ва хулоса гаштаанд.
Масъалаи дигар, сари он аст, ки қонуни имрӯза мувофиқи моддаи 3-и он ба хоҷагии деҳконӣ дар як маврид номи ду шакли хоҷагидориро медиҳад. Барои мисол, таҳриргарони қонуни хоҷагии деҳконӣ дар тафсири овардаашон номгузории хоҷагии деҳқониро чунин овардаанд: Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Хоҷагии деҳконии «Кишоварз». Бояд қайд кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун дар бораи “Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд” аз 10 майи соли 2002, таҳти рақами № 53 амал мекунад ва мувофиқи моддаи 8 дар он иштирокчиёни ҷамъият набояд бештар аз сӣ нафар бошанд. Дар ҳолатҳое, ки шумораи иштирокчиёни ҷамъият аз ҳадди муқарраркардаи ҳамин банд зиёд бошад, ҷамъият дар давоми сол бояд ба ҷамъияти кушоди саҳҳомӣ ё кооперативи истеҳсолӣ табдил ёбад. Агар дар давоми мӯҳлати зикрёфта ҷамъият аз нав таъсис дода нашавад ва шумораи иштирокчиёни ҷамъият то ҳадди муқарраркардаи ҳамин банд кам нагардад, он ба тариқи судӣ бо талаби мақоме, ки шахсони хуқуқиро ба қайди давлатӣ мегирад, ё дигар мақомоти давлатӣ, ё мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, ки онҳоро қонун барои пешниҳоди чунин талаб ҳуқуқ додааст, барҳам дода мешавад. Мувофиқи хулосаи доштаам номувофиқии якум сари он аст, ки номи хоҷагии деҳқонӣ наметавонад номи корхонаи ҳуқуқии дигарро дар таркиби худ гирад, зеро ин ташкилот мувофиқи қонуни худ низомнома, равиши кор ва талаботҳои алоҳидаро дорад ва хоҷагии деҳқонӣ дар навбати худ бояд муносибатҳои ҳуқуқии худро дошта бошад.
Норасогии дигари доштаи қонуни хоҷагии деҳкони (фермерӣ) дар он астки дар он ҳуқуқи хоҷагиҳои деҳқонӣ аз рӯи муносибатҳо бо бозор ва ҳукумат бо пуррагӣ муайян нагаштааст. Маслалан, дар вақти ҷамъоварии ҳосили зироатҳо, махсусан пахта, ба аъзои хоҷагии деҳқонӣ аз тарафи роҳбарони хоҷагӣ ва дигар нафарони роҳбар мукофотҳои молӣ дода мешаванд. Нисбати ин масъала мулоҳизаҳои зиёде кардам, вале мақсаду сарчашмаи ин “мукофотпулиҳоро” пайдо накардам. Саволам чунин аст, ки модоме ҳамин нафарони мукофтонидашуда аъзои хоҷагии деҳқонианд ва ҳосили руёнидаи соҳибкории худашонро ҷамъоварӣ кардаанд, чаро онҳо “қадршиносӣ” мегарданд? Онҳо ҳосили дастранҷи худашонро рӯёниданду ҷамъ оварданд ва онҳо бояд на “мукофот”, балки музди меҳнати худро гиранд. Лозим аст, ки онҳо бурду бохти истеҳсолиашонро донанд ва онро баҳри беҳбудбахшӣ таҳлил, қиёс ва хулоса кунанд. Ё мисоли дигар, аз номуътадилии нархи маҳсулоти кишоварзӣ як сол дар бозори маҳсулоти кишоварзӣ қиммати як намуди маҳсулот баланд мешавад ва сабабашро дар камчинии он медонанд, соли дигар ҳамон маҳсулот арзон мешавад ва деҳқонон шикоят пеш меоранд, ки аз истеҳсоли зиёди маҳсулот нархи он дар бозор паст шудааст. Хулоса, норасогии ин равиш асосан дар набудани низоми фаъолиятҳои идоракунӣ дар хоҷагии деҳқонӣ мебошад. Онҳо мувофиқи фармоишҳои “беруна” накшакашӣ ва кор мебаранд, худашон дар таҳлили қоида ва талаботҳои бозор иштирок намекунанд ва аз ин муносибатҳои номутаносиб ҳам худашон ва ҳам харидору истеъмолгарон зарар мебинанд.
Барои дуруст кардани таносуби истеҳсолот ва дараҷаи истеъмоли маҳсулот дар асоси тарҳи нави “Қонуни хоҷагии деҳконӣ (фермерӣ)” муносибатҳои истеҳсолӣ мисли муносибатҳои мамолики пешрафтаи ҷаҳон ташкил ва ба роҳ монда шавад. Бояд кишоварзон ба соҳаҳои алоҳидаи таркибии кишоварзӣ тақсим карда шаванд, яке бояд самти истеҳсоли картошка, дигаре ғалла, саввумӣ гӯшт, чаҳорумӣ шир ва ғайраро пеша кунанд. Ҳар соҳа бояд мувофиқи қонуни нави “Хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)” имконот ва шароитҳои ташкилсозии “борд” — органи машваратӣ-таҳлилӣ ва хулосавии худро дошта бошанд. Дар маҷлиси “бордашон” дар мавриди аввал аз ҳуқуқҳои истеҳсолӣ ва бозории худашон назди давлат нисбати қонун ва имтиёзҳо ҳимоя созанд, дар мавридҳои асосӣ онҳо шароити вохӯрӣ, таҳлил ва нақшакашиҳои тарафайни истеҳсолиашонро дошта бошанд, то ки онҳо ахбори пурраи талаботи бозор ва идоракунии бозорро донанд ва дар ин асос ба муътадилии таъминоти бозори маҳсулоти кишоварзиро ӯҳдадор гарданд.
Норӯшании навбатии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар он аст, ки мувофиқи моддаи 28 (Ҳуқуқҳои аъзои хоҷагии деҳқонӣ) аъзои хоҷагии деҳқонӣ ҳуқуқ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқӣ бегона намудани он аҳдҳои ҳуқуқӣ-гражданӣ (хариду фурӯш, тӯҳфа, иваз, гарав) банданд. Дар навбати дигар, мувофики Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 2. Моликият ба замин) оварда шудааст, ки замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Аз ин бармеояд, ки моддаи 28 -и “Қонун дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)” механизми иҷро надорад ва ислоҳи пурраро дар худ талаб мекунад. Бояд дар ояндаи наздик масъалаи бозори қонунии замин дар Тоҷикистон ташкил ёбад ва мувофиқи он барои ҳар ҳиссаи замин бо маблаги муайян қиммат гузошта шавад. Хулоса, бозори замин фақат барои заминҳои кишт ташкил карда шавад ва замини чарогоҳҳо бояд на барои ташкили хоҷагии деҳконӣ ва на барои фурӯш истифода гарданд. Истифодаи чарогоҳҳо танҳо дар асоси шартномаи иҷораи истифодабарии муваққатӣ барои сокинони маҳал ва инчунин барои талабмандони беруна ба роҳ монда шавад.
Дар охир гуфтаниям, ки барои таъмини самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ дар кишвар ҳама шароитҳо мавҷуданд, мутахассисон, олимон ва институтҳои соҳавӣ дорем, парлумони касбиамон хуб амал мекунад. Бояд аз ноҷӯриҳои мавҷуда сабақи саривақтӣ гирем, муваффақиятҳои доштаамонро афзун кунем, аз таҷрибаҳои пешқадами кишоварзии ҷаҳон омӯзиши бармаҳал дошта бошем ва гузашти ислоҳоти соҳаро дар дараҷаи баланд таъмин созем.
Мизроб Амирбеков,
таҳлилгари масоили кишоварзӣ