Шифобахшии гушту пусти мор аз давраҳои қадим маъмул буд ва дар гузашта низ онро бо мақсади табобат истифода мебурданд. Ҳатто Ибни Сино якчанд хусусиятҳои давоии онро зикр намудааст. Гушти мор ба бемориҳои меъдаву рӯда, дилу раг, радикулит, бавосир, бронхит, дарди гулӯ (ангина), ҷоғар (зоб), саратон, дарди сар, диабети қанд, зиққи нафас(астма) ва роҳҳои нафаскашӣ, бемориҳои занона ва ғайра шифо мебахшад. Бештар барои хусусияти давоиаш кӯрморро истифода мебаранд, вале имрӯз ин навъи мор хеле кам шудааст ва онро ба “Китоби Сурхи Тоҷикистон” дохил намудаанд ва он қонунан ҳифз мешавад.

Солҳои пеш дар шоҳроҳи бузурги Душанбе — Хуҷанд, асосан қисмати ноҳияи Деваштич нафаронеро, ки дар даст мор гирифта меистоданд ва ба мусофирон мефурӯхтанд, мушоҳида кардан мумкин буд. Аммо солҳои охир савдои мор ба таври пинҳонӣ суръат мегирад ва ё нафароне, ки ба ин чиз эҳтиёҷ доранд, аз худи ҳамон деҳаҳое, ки бо харидуфурӯши мор машғуланд, рафта харидорӣ мекунанд. Аз рӯи маълумотҳо асосан бо ин шуғл мардуми деҳаи Хуштоири Мухлон, ки деҳа наздик ба қитъаи роҳи калони Душанбе-Хуҷанд воқеъ аст, сарукор доранд.

Хуштоири Мухлон дар ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич воқеъ буда, 9 км дур аз маркази ноҳия ҷойгир аст. Ин деҳаи хурдакак буда, аз рӯи баҳисобгирии охирон 2158 нафар аҳолӣ дорад. Тавре маълум гардид, қариб тамоми мардуми ин деҳот бо шикор ва харидуфурӯши мор машғул будаанд. Ҳатто бачаҳои  синни хурди мактабӣ низ аз дашту саҳроҳо морҳоро дошта  ба шахсони таҷрибадори морфурӯш бо нархи арзонтар мефурӯхтаанд ва ин нафарон ба мизоҷон мерасонидаанд. Аз рӯи маълумотҳо мардуми ин деҳ ҳануз дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ морфурӯшӣ мекарданд ва 40-45 сол боз бо ин кор машғуланд.

Яке аз чунин нафарон, ки 20-25 сол инҷониб бо савдои мор машғул аст, Эргаш-ака ном дорад. Аз рӯи гуфти худи Эргаш-ака морфурӯшӣ даромади хуб медиҳад ва ӯ низ барои бизнес ва фоида морфурушӣ мекардааст ва ғайри ин шуғл бо қассобӣ ва устогӣ низ машғул будааст.

Дар баҳору тобистон, ки мавсими сайди мор аст, дарёфти мор мушкилӣ надорад, вале ин нафарони тахассусӣ ҳатто дар зимистон ҳам морҳоро нигоҳ медоштаанд. Охирҳои фасли тирамоҳ морҳоро аз даштиву саҳроҳо шикор карда, дар “бочкаҳо”-и пластмассавӣ нигоҳ медоштаанд ва дар зимистон низ дастраси харидорон менамудаанд. Эргаш-ака мегӯяд, ки дар охири тирамоҳ зиёда аз 300 (сесад) мор дошт, вале дар моҳи январ танҳо 15-16-тои он боқӣ мондаасту халос. Инчунин, ӯ мегӯяд, ки 5 моҳ инҷониб ба морҳо ҳеҷ чиз надодааст, вале бовуҷуди ин онҳо намемиранд, вале дар фасли зимистон бояд онҳоро дар ҷои гарм нигоҳ дошт, вагарна мемирад. Морҳои калонро барои зимистон нигоҳ намедоштаанд, аз ин рӯ дар ин фасл танҳо морҳои хурдтарро метавон дарёфт намуд.

Нархи мор аз ҳаҷми он вобаста буда, баҳору тобистон аз 50 то 100 сомонӣ, вале фасли зимистон аз 200 то 500 сомонӣ меафзояд. Аз рӯи гуфти Эргаш-ака фақат кӯрморро шикор карда ба фурӯш мебаровардаанд, ки басо шифобахш буда, ба бемориҳои сил, сафедшавии пӯст, беиштиҳоӣ, суст кор кардани узвҳои дарунӣ ва ғайра даво будааст.

Моҳи июл мавсими зиёдшавии морҳо буда, насли хешро, яъне морбачаҳоро бо воситаи даҳонашон ба дунё меовардаанд. Эргаш-ака мегӯяд, ки ин морҳо нару мода надоранд, дурусттараш касе ҳатто ҳамон морфурӯшон низ онро фарқ карда наметавонистаанд.

Кӯрморро асосан бо роҳи дар об ҷӯшонидан бо чунин тарз мепухтаанд, ки онро моршӯрбо меномидаанд: Ба зарфи обдор кӯрморро дар дока баста, аз рӯи табъ баъзе сабзавотҳо илова намуда, ба муддати то 3 соат меҷӯшонидаанд, ки дар натиҷа тақрибан 50%-и оби дар аввал андохташуда боқӣ мемонаду бас. Дар ҳолати бисёр ҷӯшонидан тамоми шифобахшиву фоидаи он ошкор мегардад.

Кӯрморро дар даштҳо аз сӯрохии мушхонаҳо бо даст медоштаанд. Дар баъзе ҳолатҳо аз як сурохӣ ҳатто то даҳ морро доштан мумкин будааст. Онҳоро бемалол бо даст доштан мумкин буда, намегазидааст ва агар газад ҳам дандонашро аз ҷои захм канда партофта бо спирт безарар гардонидан барои шифоёбӣ кифоя будааст. Ҳаҷмаш он қадар калон набуда, аз 80 см зиёд намешавад.

Харидорони курмор асосан сокинони минтақаи Душанбе ва Хатлон (Кӯлоб) буда, ҳатто мардуми кишварҳои ҳамсоя, ба монанди Ӯзбекистону Қирғизистон низ харидорӣ менамудаанд. Ба гуфти яке аз морфурӯшони деҳи мазкур имрӯз харидуфурӯши он ба воситаи миёнаравҳо анҷом мепазирад. Худи ҳамон морфурӯшон низ медонанд, ки ин амалиёти онҳо ғайриқонунӣ буда, шикори ин навъи мор манъ карда шудааст. Аз рӯи гуфти морфурӯшони деҳи мазкур ҷаримаи шикори як дона мор 400 сомонӣ ва ҳатто аз он ҳам зиёдтар будааст.

Шоира Мадалиева,

Хусрав Норов

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here