Элиф Шафақ аз нависандагони машхури Туркия ва Амрико ба ҳисоб меравад. Ӯ соли 1971 дар оилаи файласуф ва дипломат дар шаҳри Страсбурги Фаронса ба дунё омадааст. Солҳои эҷодияшро бештар дар шаҳри Мадриди Испания гузаронидааст. Ӯ бо ду забон эҷод мекунад. Асарҳояш ба чанд забони дунё тарҷума шуда, ҳаводорони худро ёфтанд. Бо ВАО низ ҳамкорӣ дорад ва навиштаҳояш дар рӯзномаҳои машҳури Амрико ба монанди “Wall street journal”, “The New Yourk Times”, “Washington post” ва инчунин маҷаллаҳои «Times», “News week» чоп шудаанд. Нависанда соҳиб чандин ҷоиза гаштааст ва соли 2007 аз ҷониби ноширони Туркия ҷоизаи «Озодии  сухан»-ро соҳиб шудааст. Эҷоди бадеии Элиф Шафақ асосан асарҳои таърихиро фаро гирифтааст.

Яке аз китобҳои машҳури нависанда “Номус” (дар тарҷума ба забони русӣ “Честь” хондам.-муаллиф) аст, дорои ҷанбаҳои ахлоқиву тарбияӣ ва бедоркунандаи номусу ғурури ҳар нафар мебошад. Албатта, ҳар шахс бо қадри имкон ғуруру номус дорад. Набояд инсон барои чизе ва касе номуси худро паст кунад ва оқибат ба нохушиҳо гирифтор шавад. Элиф Шафақ низ доир ба ин масъала дар асри гузашта гуфтааст.

Элиф Шафақ бо ин асараш таъкид мекунад, ки номус то андозае инсонро аз роҳ “меборорад”, ки ҳатто қадри модариву падарӣ, меҳри фарзандиву бародарӣ дуюмдараҷа мегардад.  Ӯ нишон додан мехоҳад, ки номус чашми инсонро кӯр мекунад ва ба ҳар роҳ мебарад.

Ҳунари офарандагии Элиф Шафақ

Агар пайдо кардани идея, сохтани саҳнаҳои асар аз муваффақиятҳои нигоранда бошанд, пас ба фикри инҷониб яке аз омилҳои хушхону равон, эҳсосиву пурмоҷаро баромадани дилхоҳ асар ба сеҳрасозии нависанда рабт мегирад.

Хушбахтона, Элиф Шафақ аз зумраи чунин нигорандагон аст. Ӯ дар чеҳрасозӣ ҳамто надорад. Персонажҳоро тавре офаридааст, ба онҳо характерҳое додааст, онҳоро ба гуфтани суханҳое водор кардааст, ки хонанда сари ҳар қадам дар пешгӯӣ кардан роҳгум мезанад.

Аз чунин ҳунари Элиф Шафақ бешак метавон дар асари «Номус» ошно гардем. Масалан, дар симои Эдим (шавҳари қаҳрамони асосӣ Пимбӣ) муаллиф нафареро нишон додан мехоҳад, ки нисбат ба ҳаёти худаш бепарвоӣ мекунад ва оқибат ба нокомиҳо дучор меояд. Бояд гуфт, ки бепарвоии Эдим замоне буд, ки бо вуҷуди дӯстдории хоҳар хоҳарбузургро ба занӣ гирифт. Хонанда дар ин образи офаридаи Элиф Шафақ ба осонӣ фаҳмида метавонад, ки як ғалат ё беаҳамиятӣ нисбат ба худ одамро ба кадом рӯзҳо оварда мерасонад. Ӯ гуфтан мехоҳад, ки як беаҳамиятӣ ва хато натанҳо ба худи шахс, балки ба атрофиён ҳам бетаъсир намемонад.

Муаллиф дар симои Пимбӣ як зани бисёр батоқату ҷасурро нишон медиҳад. Ӯ роҳнамоӣ мекунад, ки ба тақдир тан додану аз пайи ҷараёни об ҳаракат кардан гоҳе ба кадом рӯзҳо инсонро бурда мерасонад.

Дар симои Искандар муаллиф бисёр хислату хӯи кӯдакӣ, наврасӣ ва ҷавониро моҳирона тасвир кардааст. Вай Искандаро бономус, вале камандеш нишон додааст. Ӯ бо офаридани ин қаҳрамон гуфтанист, ки инсон дар баробари доштани нангу номус бояд андеша, фикр, сабр, ирода дошта бошад. Яъне, барои дар ин дунёи пурмоҷаро зиндагӣ кардан, танҳо номус доштан кофӣ нест.

Дар симои Эсма (духтари Пимбӣ)нависанда шахсеро нишон додааст, ки бо вуҷуди ҳамаи азобу шиканҷаҳое, ки бародар ба оила овардаст, фаромӯш мекунад, мебахшад ва ӯро боз бародар мехонад.

Симои офаридаи муаллиф нисбат ба Юнус (писари дигари Пимбӣ) як хислати муҳимро бозгӯ кардааст, ки он пинҳон нигоҳ доштани сир аст.

Дар ин росто метавон гуфт, ки Элиф Шафақ дар офаридани дигар образҳои асараш ҳам муваффақ аст ва симои онҳоро бисёр хуб ба қалам додааст.

Чӣ мехоҳам бигӯям?

Баробари хондани ин асар ман бисёр чизеро ба худ гирифтам. Бисёр чизҳоро омӯхтам. Мард ҳама вақт сутуни оила буд, ҳаст ва мемонад. Номусу нанги оилаашро нигоҳ медорад. Агар падари хонадон Эдим нисбати оилааш беаҳмиятӣ намекард, мумкин буд, онҳо то охир хушу хурсанд зиндагӣ мекарданд. Писар даст ба ҷиноят намезад, модар бо дигаре муносибат барқарор намекард, оила вайрон намешуд.

Мо инсонҳо хоҳем нахоҳем ба пастию баландии зиндагӣ ошно мешавем. Новобаста ба ҳамаи ноҷуриҳо бояд кӯшиш кунем, то эҳсоси муҳими худро, ки “номус” ном гирифтааст аз даст надиҳем, зеро  номус ин чузъи бузургтарини ботини инсон ба ҳисоб меравад.

Бибиробия Ҳасанова,

донишҷӯи ДМТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here