Бинои Маҷмааи фарҳангию эҷодии ба номи Лоиқ Шералӣ, ки бино ба маълумотҳо, барои сохтмонаш ҳудуди 15 миллион сомонӣ харҷ шудааст, дар барфу боронҳо зери об мемонад. Ин дар ҳолест, ки бинои мазкур дар иди Наврӯзи соли равон дар Панҷакент дар ҳузури Президент Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда буд.

Маҷмааи фарҳангию эҷодии ба номи Лоиқ Шералӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент  аз тарафи ширкатҳои сохтмонии » Манора — 14″ ва » СУ — 3 » сохта шуд, аз панҷ ошëна ва таҳхона иборат аст.

Бо гузашти камтар аз ду моҳ аз мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бино, аллакай деворҳои он кафидаву фаршу сақфояш иллат пайдо карда буданд. Дар натиҷаи боронҳои ахир аз чанд ҷои боми бино об чакида, рангу бори деворҳоро шустааст.

Коршиносони маҳаллӣ ҳанӯз пеш аз баистифодадиҳии бино ҳадс мезаданд, ки сифати сохтмони он хуб нест ва имкон дорад дар кӯтоҳтарин фурсат нуқс пайдо кунад.

Мудири шӯъбаи сохтмони ҳукумати шаҳри Панҷакент Сабур Бозоров пас аз ду моњи ба истифода додани бино гуфта буд, ки гуруҳи корӣ то ҳол иншооти мазкурро қабул накарда аст, вале номбурда сабаби бесифатии биноро шарҳ надод. Ҷаноби Бозоров гуфт, ки худаш ҳоло дар сохтмони ин бино қарздор шудааст.   

Тӯли ҳашт моҳ мешавад, ки ягон нафар аз мутассадиёни ҳукумати шаҳри Панҷакент кӯшиши таъмир кардани биноро надоранд. Раиси шаҳр борҳо ба масъулин супориши қатъӣ дода буд, то ин мушкилӣ аз байн бурда шавад, вале аз бемасъулиятии масъулин то ҳол мушкилӣ бартараф нагардидааст. Ҳатто баъд аз иваз шудани роҳбари маҷмааи мазкур низ беҳбудӣ ба назар  намерасад.

Ёдовар мешавем, ки роҳбари нави Маҷмааи фарҳангию эҷодии ба номи Лоиқ Шералӣ Зоҳир Муҳиддинов таъин гардидааст.

Айни замон ТВ маҳаллии шаҳри Панҷакент, китобхонаҳои шаҳрӣ, Раëсати суғурта ва нафаққаи шаҳри Панҷакент, бахши ҷавонон ва варзиш, шӯъбаи фарҳанг, маркази ҳунарҳои мардумӣ ва дигар корхонаю ташкилотҳо, ки дар ин бино ҷойгиранд, зери хатар қарор доранд.

Бибиҷон Ашӯрова

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here