Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ як гурӯҳи ҷавонон, ки шабона ба роҳзаниву ғоратгарӣ ва дуздии амволи шаҳрвандон машғул буданд, боздошт шудаанд. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод.

Инҳо шаҳрвандон Шермуҳаммади Бозор ва Исмоил Мухторов, солҳои таваллудашон 1995, истиқоматкунандагони шаҳри Кӯлоб мебошанд, ки бо ҳаммаслакони худ бо номҳои Баха, Манучеҳр ва Комрон, ки айни замон дар ҷустуҷӯӣ ҷиноятӣ қарор доранд, бо маслиҳати пешакӣ даст ба ҷинояткорӣ задаанд.

Аз ҷумла, шаби 31-уми июли соли равон гумонбарон дар маҳаллаи Гипрозем ба шаҳрванд Дамиров Маҳмадзариф дарафтода дар баробари ӯро буғӣ ва зери лату кӯб қарор додан, ҳамзамон гумонбаршуда Мухторов Исмоил бо корд ҷабрдидаро захмӣ кардааст, сипас телефони мобилияшро рабудаанд.

Гумонбарони ин ҷиноят кирдорҳои зиддиҷамъиятии худро идома дода, дар кӯчаи Борбад низ бо таҳдиди зуроварӣ телефони мобилии шаҳрванд Давлатов Абдуғаффор, ки 1070 сомонӣ арзиш доштааст, аз худ кардаанд.

Ин гурӯҳи ҷиноятпеша дар содир кардани се лаҳзаи ҷинояти дуздӣ низ гумонбар дониста мешаванд. Онҳо бо роҳи пинҳонӣ аз якчанд автомашинаи боркаш акамулятори онҳоро ба яғмо бурдаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here