21-уми август дар баробари мусалмонони дунё мардуми Тоҷикистон низ Иди сайиди Қурбонро бо хурсандӣ пешвоз гирифта, ҳамдигарро табрику муборакбод мегуфтанд, аммо дар хонаводаи Ёдгоровҳо аз деҳаи Сармантой-2 (қаблан деҳаи ба номи Ленин)-и ҷамоати Озодагони ноҳияи дурдасти Панҷ ғаму мотам ҳукмфармо буд: Волидон ва пайвандон ҷасади беҷони Абдуқаюми 19-соларо интизорӣ мекашиданд.
Шояд хонандаи азиз фикр кунад, ки ҷои тааҷҷуб нест, ӯ ҳам мисли дигар ҷавонони муҳоҷири ҷавонмарги тоҷик маъмулан дар ғурбат, дар шаҳрҳои Русия аз дасти тоссарону «скинхед»-ҳо ё авбошону нарконманҳо ба ҳалокат расидааст. Ин аллакай барои ҳар як оилаи тоҷик чизи маъмулӣ гаштааст ва коре аз дасташон намеояд.
Аммо, хонандаи гиромӣ, ҷасади ин ҷавонмарги навхати 19-солаи аз зиндагӣ бӯе набурдаро на аз шаҳри ғурбат, балки аз яке аз қисми ҳарбии ватани озоду ободу маҳбубамон -Тоҷикистон ба волидон расонданд.
Наздикони Абдуқаюм (равонаш шод бод) иддао доранд, фарзандашон бар асари латукӯби шадид дар макони хизматаш-қисми ҳарбии Язғулом, воқеъ дар ноҳияи Ванҷ, ки зертобеи отряди сарҳадии Дарвоз аст, ба шаҳодат расидааст, аммо ҳарбиёне, ки ҷасадро ҳамроҳӣ карданд, гуфтаанд, ки «Абдуқаюм аз баландӣ афтида, ба ҳалокат расидааст ва ҷузъиёти бештаре надоранд».
Пайвандони марҳум дар суҳбат иброз доштанд, ки қазияро ҳамин тавр нахоҳанд гузошт ва барои ба ҷавобгарӣ кашидани омилони ин ҷинояти нобахшиданӣ ҳама талошҳошро хоҳанд кард. Яке аз наздикони марҳум бо қатъият мегӯяд, барои исботи ҳарфаш, ки ҷавон бар асари латукӯб ба ҳалокат расонида шудааст, сабти суҳбати телефонии яке аз кормандони ҳамин қисми низомиро дар даст дорад. Аз он сӯи гӯшӣ, аз ноҳияи Ванҷ гуфтаанд, ки «ин ҷавон мавриди латукӯб қарор гирифтааст ва нафари ӯро ба марг расонида, аллакай дар боздошт аст», аммо ин корманди қисми низомӣ дар бораи сабабҳои латукӯб, нафарон ва ё нафари ӯро ба марг расонида, маълумоти бештаре надодааст.
Наздикон гуфтанд, ҷасади Абдуқаюми ҷавонмаргашонро соати 18-и рӯзи 21-уми август, дар рӯзи Иди Қурбон ба онҳо расониданд. Ҷисми беҷони сарбози ғурамарги Ватанро намояндагон аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи корҳои дохилӣ, комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷ ва ҳамчунин, афсарони қисми ҳарбӣ дар ноҳияи Ванҷ, ҳамроҳӣ мекарданд. Ба қавли эшон, тани беҷони фарзандашон пас аз панҷ моҳи хизмати аскарӣ танҳо барои 15 дақиқа дар хонаи падар меҳмон буд. Пайвандон гуфтанд, мақомот барои шустани ҷасад иҷозат надоданд ва онҳоро мутмаъин сохтанд, ки ҷасад аллакай тибқи суннату шариати исломӣ шуставу кафан карда шудааст.
Абдусалом, тағои сарбози марҳум мегӯяд, мақомот ба наздикон имкон доданд, ки танҳо рӯи майитро бубинанд. Бино ба гуфтаи ӯ, пас аз кушодани рӯйии ҷиянаш, осори латукӯби шадидро мушоҳида кардаанд: «Аз ҷумла, лабаш дарида, бинияш шикаста ва сару рӯйяш сиёҳу кабуд буд».
Дар ин рӯзи шум натавонистем бо падари ғамзадаи хонадон дар мавриди фарзанди ғӯрамаргаш суҳбат кунем, вале Абдураҳмон -тағои дигари Абдуқаюми ҷавонмарг гуфт, ӯ 5 моҳ қабл, бо хоҳиши худ ба хизмати аскарӣ рафта буд.
-Соати 12-и рӯзи 20-уми август, 3-4 соат қабл аз марг, бо Абдуқаюм телефонӣ суҳбат доштам. Хеле хурсанд буд. Гуфт, ки «барои пагоҳ, рӯзи Иди Қурбон тайёрӣ дида истодаем. Ош мепазем». Ҳамаамонро бо ид табрик кард, бо падару модар ва хоҳару бародаронаш ҳам суҳбат карда, бо рӯзи ид онҳоро ҳам муборакбод кардааст — мегӯяд тағои марҳум.
Бино ба гуфтаи Абдураҳмон, оилаи Ёдгоровҳо иборат аз 6 нафар-4 писару ду духтаранд ва Абдуқаюм писари хурдии хонадон шуху боору номус буд. Бо сабаби муҳоҷир ва донишҷӯ будани бародарон, Абдуқаюм аз ёрдамчиёни асосии падар будааст. Новобаста аз ҷавонӣ аллакай касби кафшергарӣ, ронандагиро омӯхта, дар баробари падар, ки сохтмончӣ аст, ин касбро низ хуб аз худ кардааст. Абдуқаюм мақсад доштааст, ки пас аз ба анҷом расонидани хизмати Модар-Ватан сохтмончӣ шуда, ризқу рӯзии хонаводаро бо ҳунару касби ҳалол таъмин созад.
-Аммо ҳайҳот, ки мақсаду ният ва орзуҳои беолоишашро дар ин синну соли ҷавонӣ ба зери хоки сард бурд, — гиря дар гулӯи Абдураҳмон банд мешавад.
Комиссари комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷ Дилшод Гулов рӯзи 23-юми август дар як суҳбати телефонӣ иброз дошт, ки Ёдгоров Абдуқаюм ихтиёран ба хизмати аскарӣ сафарбар шудааст ва мардонавор барои Ватан хизмат кардааст.
-Ҷузъиёти ҳодиса барои мо ҳам то ҳол маълум нест, зеро он ҷо набудем ва гуфта наметавонем, ки чӣ воқеа шудааст. Мақомоти дахлдор аллакай тафтишотро оғоз кардаанд ва рӯзҳои наздик сабабҳои ҳодиса маълум хоҳад шуд,- гуфт Гулов.
Комиссар Гулов боздошти нафареро барои латукӯби аскар Ёдгоров Абдуқаюм тасдиқ ё рад накард, вале гуфт, ҳамхизматон ва шахсони дар гирду атроф қарордошта, мавриди бозҷӯӣ қарор гирифтаанд:
-Агар ҷиноят бошад, он ҳатман ошкор ва тариқи телевизион намоиш дода мешавад, то барои дигарон дарси ибрат гардад. Касе, ки ҷиноят содир мекунад, бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд,- хулоса кард Комиссари комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷ Дилшод Гулов.
Дар ҳамин ҳол сухангӯи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Муҳаммад Улуғхоҷаев дар суҳбат бо «Фараж» гуфт, айни замон нисбат ба ҳолати фавт ё ба ҳалокат расидани сарбоз Ёдгоров Абдуқаюм аз ҷониби Прокуратураи ҳарбии Тоҷикистон санҷиш оғоз гардидааст ва то ба анҷом расидани санҷиш ҷузъиёти бештаре дар ин маврид дода наметавонанд.
Номбурда дар мавриди он ки гӯё нафарони дар латукӯб дастдошта аллакай дар боздошт қарор доранд, изҳори бехабарӣ кард ва гуфт он ба салоҳияти Прокуратураи ҳарбӣ рабт дорад.
-Агар ҳангоми санҷиш даст доштани ягон нафар дар марги сарбоз ошкор карда шавад, ӯ ҳатман тибқи қонунҳои амалкунандаи кишвар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад ва ба сазои амалаш хоҳад расид,- гуфт Муҳаммад Улуғхоҷаев.
Марги наваскарон ҳангоми адои қарзи шаҳрвандӣ дар қисмҳои низомии кишвар дар ҳолест, ки мақомоти тафтишотӣ дар аксар маврид сабабҳои рух додани чунин фоҷиаҳоро ба худи аскарон рабт медиҳанд ва мегӯянд, ки беэътиборӣ ва беэҳтиётӣ нисбат ба оинномаву дастурамалҳои қисми низомӣ бештар бо фоҷиа анҷом меёбанд.
Ҳамчунин, моҳи июни соли равон мақомот ҷасади беҷони Давлатов Исмоил Комилович, аскари ҷавонмарги дигареро аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки дар қисми низомии шаҳри Исфара адои хизмат мекард, ба волидон супориданд.
Аз ин қисми ҳарбӣ ба волидони ин ҷавони марҳум гуфтаанд, ки ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ дар гулӯяш «переловка» дармонда, роҳи нафасашро бастааст ва ин ҳолат боис ба марги сарбоз гардидааст. Марги Исмоил Давлатов дар ҳоле рух дод, ки пас аз ду моҳ муҳлати хизматаш поён меёфт ва ба назди волидон баргашта, бояд бо номзадаш, ки тӯли 2 сол содиқонаву бесаброна ӯро интизорӣ мекашид, тӯйи арӯсӣ барпо мекард.
Дар баробари гузаронидани санҷиш барои муайян кардани сабабҳои марги наваскари панҷӣ Ёдгоров Абдуқаюм ҳамчунин, комиссияи махсуси Прокуратураи ҳарбии Тоҷикистон дар ҳайати намояндагони Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ сабаби ба худкушӣ даст задани сарбози дигари ин ниҳодро тафтиш мекунанд.
Бино ба хабарҳо, сарҳадбон Аваз Набиеви 22-сола сокини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, ҳангоми дар зодгоҳ дар рухсатии хизматӣ қарор доштан даст ба худкушӣ задааст. Ин сарбоз аз моҳи майи соли 2017 дар дастаи сарҳадии КДАМ, дар ноҳияи Ишкошим хизмат мекард ва рӯзи 20-уми август ба назди волидон рафтааст. Пас аз ду рӯз, субҳи 22-юми август ҷасадашро дар назди трансформатори назди манзили зисташон овезон ёфтаанд.
Аз қисми марзбонӣ гуфтаанд, ба Набиев Аваз барои хизмати намунавӣ пеш аз Иди Қурбон рухсатӣ додаанд, ғайр аз ин пас аз ид тӯйи бародараш дар назар буд.
Ин сарбоз дар маҳалле, ки худро овехтааст, бо навиштае рӯи хок аз волидон узр хоста, бародарашро бо тӯй табрик гуфтааст.
Наздиконаш гуфтаанд, ки шаб дар хона ҳамроҳи дигар аъзои оила хоб буд ва субҳ хеста чӣ гуна ва барои чӣ ба ин кор даст задани сарбоз барояшон рӯшан нест.
Шамсулло Фозилов, МТЖТ