Сокинони деҳаи Кабирободи шаҳри Ваҳдат аз надоштани майдончаи варзишӣ дар мактаби №99-и деҳа ва ҳамзамон камбудиҳои дигаре, ки дар ин мактаб ҷой дорад, нигаронӣ мекунанд.  

Аз нақли сокинони деҳа, мактаби мазкурро аҳли деҳа маблағ ҷамъ оварда, бо дасту бозӯи худ сохта ба истифода додаанд. Ба гуфтаи онҳо, мактаб то ҳол аз камбудиҳо орӣ нест.

Тибқи гуфтаи волидайни як хонандаи ин мактаб, ки нахост номаш зикр шавад, кӯдакони онҳо ба майдонча ё толори варзишие ниёз доранд, то ба корҳои беҳуда рӯ наоранду ба варзиш машғул шаванд. “Ман ҳамчун сокини деҳаи Кабиробод аз набудани майдончаи варзишӣ дар мактаби №99-и деҳа бисёр нигарон ҳастам. Мо хоҳони онем, ки мактаби мо низ  замонавӣ бошаду толори варзишие дошта бошад, ки фарзандони мо дар вақтҳои дарси тарбияи ҷисмонӣ ба корҳои беҳуда овора нашаванду ба варзиш машғул шаванд”.

Ҳамзамон, ин сокини деҳаи Кабиробод аз он нигаронӣ намуд, ки мактаб даромадгоҳ  надорад ва хонандагони мактаб ба воситаи ҳавлии як сокини ин деҳа вориди мактаб мешаванд.  

“Дигар масъалае, ки моро нигарон кардааст, ин даромадгоҳи мактаб аст. Роҳе, ки кӯдакон бояд вориди мактаб шаванд, он ба як сокини дигари ин деҳа тааллуқ дорад ва агар имрӯз ӯ тасмим гирад, гирди хонаашро маҳкам кунад, роҳ барои ба мактаб ворид шудан намемонад. Аз ин хотир, мо меҳоҳем, ин мушкилиҳо аз ҷониби Ҳукумат ва Раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат бартараф карда шаванд”.    

Тибқи гуфтаи директори мактаби №99-и деҳаи Кабиробод Набиев Саъдулло ин мактаби навтаъсис аз 14 синфхона ва 463 хонанда иборат аст. Шумораи омӯзгорони он 30 нафарро ташкил медиҳанд. 

Ҳамзамон, ӯ қайд намуд, ки ин муассиса бо қувваи мардум сохта шудааст, вале кӯмаки  Ҳукумат шаҳри Ваҳдат низ ба ин мактаб расидааст. 

“Муассисаи мо навтаъсис аст ва бо қувваи мардум сохта ба истифода дода шудааст. Албатта, аз ҷониби Ҳукумати шаҳр ба мо як хонаро иҷозат доданд, то ин синфхонаи дигар барои хонандагон муҳайё намоем. Дару тирезаҳоро низ аз ҷониби Ҳукумати шаҳри Ваҳдат маблағгузорӣ намудааст”, — гуфт ӯ.   

Ин дар ҳолест, ки тибқи гуфтаи яке аз сокинони ин деҳа, ғайр аз тахтаи синфу тоқчаи китобмонӣ аз ҷониби ҳукумати шаҳри Ваҳдат ба ин мактаб дигар кӯмаке нарасидааст.

Дар баробари ин, китобхонаи мактаби мазкур “вагон”-еро мемонад, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дорад ва тибқи гуфтаи сокинони ин деҳа аз мактаби қаблии деҳа боқӣ мондааст.

Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки ин мактабро сокинони деҳаи Кабирободи шаҳри Ваҳдат  бо ҷамъ овардани маблағ аз ҳисоби худ ва бо меҳнати ҷисмонии сокинону омӯзгорони ин деҳа сохта ба истифода додаанд. Вале суоле инҷо пайдо мешавад, ки магар Ҳукумат ва Раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат вазифадор нестанд, ки ин камбудиҳои мактабро, ки дар боло зикр шуданд, бартараф намоянд? Ё ин ки мушкилии майдончаи варзишӣ, китобхонаи “вагон”-ӣ ва роҳи даромади хонандагонро низ сокинони деҳа бояд бартараф намоянд?

Фарзонаи Умаралӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here