Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад, бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақмӣ сафарбар намояд.

Эмомалӣ Раҳмон

Коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ дар шаҳри Панҷакент маскани илм ва технологияҳои инноватсионӣ, касбомӯзии муосир ва маърифат мебошад.
Ансорӣ Муаззам Қудратзода,
муассиси таълимгоҳ

Коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ дар шаҳри Панҷакент дар асоси фармони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи 21-уми августи соли 2015, таҳти №2491 таъсис ёфта, барои пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳуқуқ пайдо кардааст. Муассисаи таълимӣ фаъолияти хешро дар самти таълиму тарбия дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ”, “Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Оинномаи муассисаи таълимии ғайридавлатии Коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ” дар шаҳри Панҷакент ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар дар самти маориф амалӣ менамояд.
Ҳоло дар коллеҷ донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои “Таъмини барномавии коркарди маълумоти иқтисодӣ ва иттилооти корӣ”, “Шабакаи телекоммуникатсионӣ”, “Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ”, “Ҳисоби муҷосибӣ, таҳлил ва назорат”, “Технологияи истеҳсоли дӯзандагӣ”, “Иқтисодиёт ва ташкил дар соҳаи сайёҳӣ”, “Истифодабарии шабакаҳои телекоммуникатсионӣ”, “Таҷҳизот ва технологияи истеҳсоли кафшергарӣ”, “Графикаи компютерӣ”, “Технологияи истеҳсоли мебел”, “Технологияи маҳсулоти қаннодӣ”, “Коркарди меваю сабзавот”, “Фаъолияти тиҷоратӣ дар корхонаҳои савдо”, “Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаҳои тиҷоратӣ”, “Омор”, “Технологияи информатсионӣ ва телекоммуникатсионӣ”, “Хизматрасонии техникӣ ва таъмири компютерҳо”, “Системаи компютерӣ ва Интернет — технология”, “Монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ” ва “Барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил” сабақ меомӯзанд.
Барои хатмкардагони синфи 9 муҳлати таҳсил ду сол буда, баъд аз хатм ба онҳо дипломи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дода мешавад. Онҳо баъд аз гирифтани чунин диплом метавонанд таҳсилро дар коллеҷ, дар ихтисоси дилхоҳашон аз курси дуюм идома диҳанд.
Муҳлати таҳсил барои хатмкардагони синфи 11 се сол (барои шуъбаи ғоибона чор сол) мебошад. Баъд аз хатм ба хатмкунандагон дипломи таҳсилоти миёнаи касбӣ дода мешавад. Хатмкардагон пас аз гирифтани диплом ҳуқуқ доранд дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ва ё дар дигар муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз курси дуюм таҳсилро идома диҳанд.
Фаъолияти ин боргоҳи илму адаб ва таълим чун падидаи басо муҳими Истиқлолияти кишвари маҳбубамон зуҳуроти комил дар раванди хизматрасониҳои таълимӣ ва пешрафти илм ва техника ба ҳисоб меравад.
Имрӯз муҳити созандае, ки дар коллеҷ фароҳам гардидааст, татбиқи мантиқии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф ва илми кишвар ба шумор рафта, омили муҳими ноилгардӣ ба дастовардҳои таълимиву тарбиявӣ, илмӣ, инчунин густариши равобити хориҷӣ мебошад.
Ансоров Собир Муаззамович,
директори Коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ

Насруллоев Ҳусейн,
ҷонишини директор оид ба илм
Ҷонишини директор оид ба илм дар назди директор барои ташкили самараноки корҳои илмиву тадқиқотӣ дар миқёси муассисаи таълимӣ, татбиқи дастовардҳои навини илм дар раванди таълим, истифодаи самараноки иқтидор ва имконоти илмии муассисаи таълимӣ дар ҳалли вазифаҳои аввалиндараҷаи хоҷагии халқ ва парвариши кадрҳо масъул аст. Ҳамчунин, ба роҳ мондани корҳои илмӣ — тадқиқотии омӯзгорон, фаъолияти марказҳои илмӣ, шӯрои олимон, тайёр намудани докторантон, магистрантон, аспирантон, таҳияи китобҳои илмӣ — методӣ, ташкили семинарҳо, конфронсҳо, озмунҳо ва олимпиадаҳои фаннӣ ба зиммаи ҷонишини директор оид ба илм вогузошта шудааст.

Ҳасанов Суҳроб,
ҷонишини директор оид ба тарбия
Корҳои тарбиявӣ ва ташкили қисми таркибӣ ва ҷузъи ҷудонашавандаи таълиму тарбия дар муассисаи таълимӣ маҳсуб меёбад. Масъули ин самт фаъолияташро бо ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, шӯрои занон, китобхона ва ғайра тақвият бахшида, дар татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, фармоишҳо ва супоришҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва омода намудани ҷавонон ба ҳифзи Ватан, инчунин, тақвият бахшидани ҳисси миллӣ ва ифтихор аз он, масъулияти шаҳрвандии муҳассилон саъй менамояд.

Салимов Аваз,
ҷонишини директор оид ба таълим
Ҷонишини директор оид ба корҳои таълим ташкилотчии бевоситаи фаъолияти таълимӣ ва корҳои методию баландбардории такмили ихтисоси омӯзгорон ҳисоб меёбад. Таҳти роҳбарии вай мудирони шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона доир ба ихтисосҳо, мудирони кафедраҳо, раисони комиссияҳои фаннӣ, омӯзгорон, лаборантҳо ва коркунони қисми таълимӣ фаъолият мебаранд. Ӯ бевосита дар назди директор ҳисоботдиҳанда буда, корҳои назорат кардани иҷроиши нақшаҳои таълимӣ, барномаҳо, сифатнок гузаронидани дарсҳо, корҳои курсӣ, корҳои дипломӣ, ташкили такмили ихтисос, таҷрибаивазнамоии деканҳо, мудирони кафедраҳо, омӯзгорон, таъмини муассисаи таълимӣ бо ҳуҷҷатҳои таълимӣ — методӣ, назорати гузаронидани таҷрибаҳои истеҳсолии донишҷӯён, тарҳрезии чорабиниҳо барои мукаммалгардонии раванди таълим, ташкили озмоишгоҳҳо (лабораторияҳо), таъмини онҳо бо воситаи зарурӣ, аёниятҳо, назорати иҷроиши нақшаҳо, қабул ва хатми мутахассисон, рафти имтиҳоноти дохилшавӣ, назорати кори шуъбаи таълим, ташкили фаъолияти эҷодии омӯзгорон ва ғайраҳоро бар дӯш дорад.

Шуъбаи таълим
Шуъбаи таълим 5-уми июли соли 2018 ташкил карда шудааст. Шуъбаи мазкур ҷузъи асосии мустақили таркибии сохтори таълимии коллеҷ буда, идоракунандаю ҳамоҳангсози раванди таълим ва кори таълимию методӣ мебошад. Роҳбарии фаъолияти шуъбаи таълимро Усмонов Зарифҷон ба уҳда дорад. Шуъбаи таълим дар асоси қонунҳои Ҷумҷурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва фармонҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону супоришҳои директори коллеҷ ва дастурамали вазифавии кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият менамояд. Мудирияти шуъбаи таълим бо мақсади пурра ва саривақт иҷро намудани вазифаҳои дар назди шуъба гузошташуда гуруҳҳои корӣ ташкил намуда, раванди таълим ва тарбияро назорат мекунад ва дар дарсҳои устодон иштирок намуда, маслиҳатҳои методӣ медиҳад.

Бахши идоракунии сифати таҳсилот
Бо мақсади амалӣ намудани талаботҳои замимаи якуми қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03.07, таҳти №105 “Дар бораи хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф” ва фармони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.03.2007, №330 дар асоси фармоиши директор дар Коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ дар шаҳри Панҷакент бахши идоракунии сифати таҳсилот ташкил карда шудааст. Бахш фаъолияти худро дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф, ҳуҷҷатҳои меъёрии Хадамоти давлатии назорат ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот дар соҳаи маориф, фармоишҳои директори коллеҷ, қарорҷои шӯрои омӯзгорон ва низомномаи бахш ба роҳ мондааст. Мақсади асосии бахш баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси дар бозори меҳнат рақобатпазир мебошад. Роҳбарии бахшро Олимов Қаҳрамон ба уҳда дорад.

Факултети технологияҳои инноватсионӣ, иттилоот ва коммуникатсияи замонавӣ
Факултети мазкур яке аз сохторҳои таркибии Коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ дар шаҳри Панҷакент буда, дар самти тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои муҳосиб, барномасоз, барномасоз — иқтисодчӣ, иқтисодчӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва ғайраҳо кор мебарад. Дар тобеияти факултет 2 кафедра фаъолият намуда, садорати онро Ахмедова Умеда бар уҳда дорад. Факултет бо тамоми шароити моддӣ — техникии таълим муҷаҳҳаз буда, шароити таълиму тадрис тибқи талаботи замон ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, 2 синфхонаи компютерӣ, 3 синфхонаи методии ба кафедраҳо мансуб, 3 синфхонаи лексионӣ бо проектор ва тахтаи электронӣ дорад. Раёсати факултет пайваста кӯшиш мекунад, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати тайёр намудани мутахассисони баландихтисос аз имкону захираҳо фаровон истифода намояд. Зеро ба мутахассисоне, ки дар коллеҷ тайёр карда мешаванд, дар бозори муосири ҷаҳонӣ талабот хеле зиёд буда, ин ҳолат зарурати пайваста ба навгониҳо рӯй овардани омӯзгоронро тақозо менамояд.

Кафедраи фанҳои табиӣ — риёзӣ
Кафедра 27-уми декабри соли 2017 таъсис ёфтааст. Ҳадафи асосии кафедра омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои барномасоз — иқтисодчӣ, барномасоз ва ғайраҳо мебошад. Устодони кафедра аз фанҳои информатика, физика, химия, асосҳои барномасозӣ, архитектураи МЭҲ, географияи Тоҷикистон, биология, графикаи компютерӣ, асосҳои алгоритмсозӣ, барномасозӣ ва ғайраҳо ба донишҷӯён сабақ меомӯзонанд ва дар асоси нақшаи кории кафедра фаъолият мебаранд, ки он аз чунин фаслҳо иборат аст: корҳои ташкилӣ, таълимӣ, илмӣ — тадқиқотӣ, семинарҳои омӯзишӣ ва дастурдиҳӣ, кор бо донишҷӯён ва мутахассисони ҷавон. Кафедра дорои ду утоқи компютерии ҳозиразамон буда, онҳо бо дастгоҳҳои навтарини технологияи имрӯза, аз ҷумла ноутбукҳо, тахтаҳои электронӣ, проектрҳо, ки аз онҳо дар дарсҳои амалӣ пайваста истифода бурда мешаванд, ҷиҳозонида шудаанд. Ансоров Ихтиёрхон мудирияти кафедраро бар уҳда дорад.

Кафедраи фанҳои гуманитарӣ — иқтисодӣ
Кафедра 27-уми декабри соли 2017 таъсис ёфтааст. Аз рӯзи таъсиси кафедра устодони он самтҳои асосии корро ба нақша гирифта, тибқи он тайёр намудани мутахассисони баландихтисосро ба роҳ мондаанд.
Аъзои кафедра барномаҳои таълимиву тарбиявиро вобаста ба ихтисоси донишҷӯён омода намуда, тибқи он амал мекунанд. Дар раванди таҳсил, донишҷӯён аз технологияҳои муассиртарини иттилоотӣ, аз ҷумла, шабакаҳои ҷаҳонии интернет васеъ истифода намуда, дар машғулияти беруназколлеҷӣ ва амалиёти таҷрибаомӯзӣ дониш ва малакаи худро сайқал медиҳанд. Айни замон дар кафедра барои тайёр намудани мутахассисони ҷавон 13 нафар омӯзгорони доимӣ ва 5 нафар омӯзгори ҳамкор фаъолият бурда истодаанд, ки 1 нафари онҳо номзади илм мебошад. Мудирияти кафедраро Саидова Насиба ба уҳда дорад.

Иттифоқи касаба
Иттифоқи касабаи кормандони Коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ дар шаҳри Панҷакент 15-уми майи соли 2017 таъсис ёфтааст. Мақсад ва вазифаҳои оинномавии ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба — ин намояндагӣ ва ҳифз намудани ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоиву меҳнатӣ, иқтисодӣ, касбию фардӣ, маънавӣ ва зеҳнии аъзои иттифоқи касаба дар ҳамкорӣ бо корфармо мебошад. Ташкилот кормандонеро, ки аъзои иттифоқи касабаанд, муттаҳид намуда, тибқи нақшаи корӣ ба хотири баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва пешрафти кори онҳо ҳаматарафа кӯмаки моливу маънавӣ мерасонад. Раисии ташкилотро Тӯраев Эркин бар дӯш дорад.

 

Маркази бақайдгирӣ
Маркази бақайдгирӣ чун сохтори нав бо дарназардошти талаботи низоми кредитии таҳсил дар Коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ дар шаҳри Панҷакент 6-уми июни соли 2018 ташкил карда шудааст. Маркази бақайдгирӣ яке аз муҳимтарин шуъбаҳои коллеҷ ба ҳисоб рафта, раванди ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳо, муқаррар намудани номгӯи фанҳои интихобӣ барои ихтисосҳои мухталиф, бақайдгирии давомоти донишҷӯён ва назорати он ҳангоми таҳияи варақаҳои имтиҳонӣ ва ғайраҳоро ба иҷро мерасонад. Маркази бақайдгирии коллеҷ фаъолияти худро ба омӯхтани таҷрибаҳои татбиқи низоми кредитӣ дар дигар давлатҳо ва омода сохтани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ равона карда, ҳамзамон ташкили системаи автоматикунонидашудаи раванди таҳсилро назорат мекунад.

Рушди варзиш
Дар Коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ дар шаҳри Панҷакент ба рушди соҳаи варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Бо ибтикори Созмони ҷавонони коллеҷ, дастаҳои яккачини футбол ва волейбол ташкил карда шудааст. Дар соли 2018 донишҷӯйи курси 3-юм Қосимов Хайём дар мусобиқаи кушоди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар намуди пауэрлифтинг баргузор гардид, ширкат варзида, дар вазни 60 кг ҷойи 3-юмро ишғол намуд.
Ҳамчунин, соли 2018 донишҷӯйи коллеҷ Ёров Золизар дар мусобиқаи варзишӣ, ки бахшида ба 25-солагии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент баргузор гардид, иштирок намуда, ҷойи аввалро соҳибӣ намуд.

Номгӯйи ихтисосҳо
Барои хатмкунандагони синфи 11
— Шабакаи телекоммуникатсионӣ;
— Таъмини барномавии коркарди маълумоти иқтисодӣ ва иттилооти корӣ;
— Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ;
— Ҳисоби муҳосибӣ, таҳлил ва назорат;
— Технологияи истеҳсоли дӯзандагӣ;
— Иқтисодиёт ва ташкил дар соҳаи сайёҳӣ;
— Истифодабарии шабакаҳои телекоммуникатсионӣ;
— Графикаи компютерӣ;
— Таҷҳизот ва технологияи истеҳсоли кафшергарӣ;
— Технологияи истеҳсолии мебел;
— Технологияи маҳсулоти қаннодӣ;
— Коркарди меваю сабзавот;
— Фаъолияти тиҷоратӣ дар корхонаҳои савдо;
— Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаҳои тиҷоратӣ;
— Омор.

Номгӯйии ихтисосҳо
Барои хатмкунандагони синфи 9
— Технологияи информатсионӣ ва телекоммуникатсионӣ;
— Хизматрасонии техникӣ ва компютерҳо;
— Системаи компютерӣ ва Интернет — технология;
— Дӯзанда;
— Монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ;
— Барқчӣ оид ба қисмҳои барқии автомобил;
— Курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ;
— Забони русӣ;
— Забони англисӣ;
— Забони хитойӣ;
— Пешхизмат;
— Тарроҳ — дӯзанда;
— Кабелчӣ — кафшергар;
— Хиштчин — деворгар;
— Кафшергари газию барқӣ;
— Монтёри барқӣ оид ба иншооти хаттӣ ва алоқаи телефонӣ;
— Биология;
— Алгебра;
— Таърих;
— Химия;
— Физика.

Ташаббусҳо
Сафари расмии сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҷаноби Абдулазиз ибн Муҳаммад ал — Бодӣ ба Коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ дар шаҳри Панҷакент ва шинонидани ниҳоли дӯстӣ.
Анҷумани илмӣ — амалии байналмилалӣ дар пойгоҳи куҳнавардию сайёҳии «Артуч».
Иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ дар анҷумани илмӣ — амалии байналмилалӣ бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ҳамчунин Барномаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об — барои рушди устувор барои солҳои 2018 — 2028», “Технологияҳои инноватсионӣ ва дурнамои рушди умумитабиӣ ва иҷтимоӣ — гуманитарӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ” 5-8-уми июли соли 2018, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент.
Иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ дар анҷумани илмӣ — амалии байналмилалӣ дар мавзуи “Масоили мубрами илмҳои педагогӣ ва тайёр намудани мутахассисони таҳсилоти олӣ” ва озмуни эҷодии байналмилалии “Роҳи бузурги абрешим”, 23-24-уми октябри соли 2018, ш. Панҷакент.
Иштироки ҷонишини директор оид ба таълим Салимов А. ва донишҷӯёни коллеҷ Мардонбердиева Шоҳсанам, Саидова Сабрина, Облоқулов Анӯшервон дар конфаронси илмӣ — амалии “Мактаби тобистона барои донишҷӯёни коллеҷҳои шарик” дар мавзуи “Технологияҳои озуқаворӣ”, 9-13-уми июли соли 2018, ш. Бишкек.
Иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ дар озмуни “Ҳунарҳои мардумӣ” бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, 3-юми марти соли 2018, ш. Панҷакент.
Иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ дар намоиши “Ҳунарҳои мардумӣ” бахшида ба иди Меҳргон, 13-уми октябри соли 2018.
Иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ дар форуми якуми ҷумҳуриявии илмии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар мавзуи “Тоҷикистон дар фазои сайёҳии ҷаҳонӣ аз нигоҳи донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ”, 9-10-уми ноябри соли 2018, ш. Душанбе.
Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар коллеҷ курси кӯтоҳмуддати омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шудааст. Дар он донишҷӯёни муассиса таҳти роҳбарии чевари моҳиру чирадаст Мирзоалимова Раънохон назокатҳои ҳунарҳои қадимӣ, аз ҷумла бофандагиву кашидадӯзӣ, попурзаниву бахиязанӣ, сӯзанзаниву қуроқдӯзӣ ва ғайраро меомӯзанд.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here