Шумораи гирифторони бемориҳои руҳӣ дар вилояти Хатлон афзоиш ёфта, то имрӯз 12 ҳазор нафар гирифторони ин беморӣ дар ин вилоят ба қайд гирифта шудаанд.
Директори Маркази вилоятии равонпизишкии вилояти Хатлон Саидаҳрор Подавонов гуфт, ки омилҳои гирифтор шудан ба ин беморӣ аслан зуком, таби баланд, бо нуқсон таваллуд шудани кӯдакон аз модар, муноқишаҳои оилавӣ, марги шахсони наздик, ба садамаи нақлиётӣ гирифтор шудан ва ғайраҳо мебошад.
Манбаъ иброз дошт, ки дар соли 2018-ум 755 нафар дар марказ табобат гирифтаанд. Ба гуфти ӯ дар ин давра шумораи гирифторони ин беморӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 118 нафар зиёд мебошад.
Ӯ аз он изҳори ташвиш кард, ки аз сабаби зиёд шудани ин беморон ва норасоии кат дар фарш аз ноилоҷӣ барои беморон ҷой омода карда мешавад. «Агар онҳоро бистарӣ накунем, шояд ягон фалокат рух диҳад, ё ба касе зарар расонанд», — мегӯяд табиб.
Гуфта шуд, ки шароит дар ин беморхона нисбати солҳои гузашта каме хуб шудааст, аммо норасоии табибон боиси нигаронӣ аст. Саидаҳрор Подавонов қайд кард, ки барои рафъи ин мушкилӣ чанд маротиба ба Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, аммо касе дар ин ҷо кор кардан намехоҳад.
Кам ҷудо шудани маблағ барои табобати беморон аз мушкили дигари ин марказ мебошад. Бино ба гуфти ҳамсуҳбатам, барои як бемор дар як рӯз наздик ба ду сомонӣ ҷудо карда мешавад, ки ин хеле кам аст, зеро айни замон дар дорухонаҳо арзиши як ҳаб аз таб қариб ду сомонӣ аст. Барои табобати беморони ин марказ ҳамасола 50 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад.
Ба гуфти Тӯтиё Озодбекова сармутахассиси шуъбаи кадрҳои Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон ҳоло дар миқёси вилоят зиёда аз 900 мутахассиси соҳаи тандурустӣ намерасад, ки аз ин шумора 25 табиби равонпизишк мебошад.
Раҳмоналӣ Додархӯҷаев