(Ҷоми ҷаҳонии футболи Бразил (U-17), аз равзанаи ТВ)
Агар фарҷоми ин дидори ноҳинҷорро баройи дастаи миллии Тоҷикистон натиҷагирӣ кунем, ин масоф пеш аз ҳама бархурди тарҳу ақидаву корсозии мураббиёни ду даста буд, ки мураббии Тоҷикистон (ё умуман ҳайати тадорукотии дастаамон) ғофилгиру моту мағлуби идеяҳои ҳамтои испониёияш шуд.
Мусалламан шонси пирӯзии мо дар ин дидор хеле кам буд, хобу хаёлро мемонд – Тоҷикистон, як кишвари акнун сарипоистодаву дар ҳоли рушд ва футболи мо ҳам тақрибан дар сатҳи пасти дастаҳои севумдараҷаи қораи Осиё бо яке аз ғулҳои футболи дунё – қаҳрамони Аврупо ба майдон меомад. Бо ин вуҷуд, дар ин саҳнаи ҷаҳонӣ намебояст ин гуна нотавону бемаҷолу бефурӯғ мағлуби рақиб мешудем, ки шӯрбахтона шудем.
Саҳнаи бозӣ: Рақиб – Испониё, бо тадоруку тайёрии томм дар майдон зоҳир шуд, ки бегумон, баччаҳои мо омодаи чунин пайкори барномарезишудаву ҳадафманду мантиқии рақиб набуданд. Аён буд, ки ҷониби Испониё ба хубӣ қубҳу субҳи дастаи моро омӯхта, санҷида ба майдон омадааст. Ва аз шуруъи дидор испониёиҳо дар ду ҷиноҳи майдон озодона ёлу бол зада, роҳату озод то ҳаждаҳқадамии дарвозаи мо мерасиданду поси гол мекоштанд ва хушнудона дарвозаи моро боз карда самар мебардоштанд. Ҳариф моро маҷоли нафаскашӣ намедод, чӣ расад ба андешаву таркибороию бозисозиҳо. Бозии мо содаву бачччагона менамуд: бо се-чаҳор дифоъгари марказӣ танҳо қалби майдонро фикр мекардем ва ҷиноҳҳову хатти миёна бозу бепаноҳу осебпазир; баччаҳои мо гӯиё як супориш доштанд – тупро бигиру ба пеш парто ва муҳоҷимон бо истифода аз суръату маҳорати инфиродӣ коре кунанд. Дар мо ҳамёриву кори гурӯҳӣ, бозиороиҳои мантиқию самарбор чи дар дифоъу чи дар ҳамла дида намешуд. Ҳариф ки аз лиҳози баданӣ танумандтару омодагии ҷисмонии бартар аз мо дошт, дар майдон ҳар чӣ мехост, мекард, бо суръати баланду шигирдҳои бароямон ғофилгирона. Бад-ин тартиб, бояд натиҷа дар нимаи нахуст ду баробар бештар аз чаҳору як мешуд, ки ба бахти мо, гоҳ тири дарвоза сипарамон мешуду гоҳе ҳам сангарбонамон Шоҳрух заработи роҳи дуру наздики испониёиҳоро маҳор мекард. Испониёиҳо як голбахудӣ заданд, то мо ба худ оем, ки наомадем.
Нимаи дувуми бозӣ тақрибан ҳолати тафреҳӣ барои рақиб дошт – испониёиҳо ҳамчун устод дар баробари навшогирдоне аз Тоҷикистон туп ронданд: ҳадафманду токтикиву устодона. Мо медавидему медавидем, аммо тупро дарёб карда наметавонистем…
Пушти саҳна: Дастаи Испониё муташаккил аз парвардаҳои Реалу Барселонаву Монакою… – ҳама супертимҳои ҷаҳон, дастаи Тоҷикистон аз шогирдони ПОМИР Локомотифи лигаи якуми кишвар – ҷидоли меш бо шер! Суол ин аст, ки куҷостанд аз парвардаҳои Истиқлолу Хуҷанду Хатлону Регарҳои лигаи бартари мо? Шореҳони ТВ хуб мефармуданд ки як гул баҳор нест, ки Помир локомотиф барои мо баҳор орад. Мушкилоти дигари имрӯз: дар даҳ соли охир як мураббӣ дар Тоҷикистон дурахшид – Роман ПИЛИПЧУК аз Русия ки мутаассифона он ҳам дер напоид ва зуд маскавиҳо аз они худ кардандаш – моли хуб бозоргир аст! То кунун дар Тоҷикистон ҳамчунон ки сармояи кофӣ ба рушди футбол намерасад, мураббии омилу тавонманд нест. Ва роҳкор он аст, ки чи аз Русия, чи аз Укроину Белрусу Балкану… ҳатман мо мураббӣ даъват кунем, то ин киштии даргилнишастаи футболамонро бикашаду раҳнамуни баҳри мурод созад…
Обид Шакурзода