Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар “Кохи Сомон” дар ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум ба парламенти кишвар паём ироа кард.

Дар зер иқтибосҳо аз ин паём оварда мешаванд:

 

Дар бораи буҷети давлатӣ

Қисми даромади буҷети давлатӣ аз 6,5 миллиард сомонии соли 2010 дар соли 2019 ба 24 миллиард сомонӣ расонида мешавад, ки афзоиши он қариб 4 баробар ва ҳиссаи хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ 43,7 фоизро ташкил медиҳад.

Дар буҷети соли 2019 нисбат ба соли 2018 ба соҳаҳои фарҳангу варзиш 17,3 фоиз, илму маориф 14, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 9,5 ва тандурустӣ 7,2 фоиз зиёд маблағ равона карда мешавад.

Тибқи нақшаҳои тасдиқшуда дар соли 2019 афзоиши қисми даромади буҷети давлатӣ нисбат ба соли 2018 13 фоиз, суръати рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз 7 фоиз ва таваррум дар сатҳи на зиёда аз 7 фоиз таъмин гардида, даромади пулии аҳолӣ на кам аз 10 фоиз афзоиш меёбад.

 

Дар бораи афзоиши аҳолӣ

Шумораи аҳолӣ дар кишвар аз 5,4 миллион нафари соли 1990 ба 9,1 миллион нафар дар соли 2018 расид ва дар назар аст, ки соли 2023 аҳолии кишвар ба 10 миллион нафар мерасад.

 

Дар бораи воридоти ашёи хом

Ашёи хоми барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ воридшаванда, ба истиснои ашёи хоми дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва молҳои зераксизӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад ва сохторҳои марбута дар давоми як моҳ тартиби татбиқи имтиёзи мазкурро муайян намоянд.

 

Дар бораи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ

Солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. Ҳамчунин, бо мақсади таъмин намудани риояи дақиқи муқаррароти қонунгузорӣ дар самти мораторий ба Прокуратураи генералӣ супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ нисбат ба масъулони мақомоти давлатие, ки ба фаъолияти соҳибкорон беасос дахолат карда, садди роҳи рушди соҳибкорӣ мешаванд, чораҳои зарурӣ андешад.

 

Дар бораи истиқлолияти энергетикӣ

Соли ҷорӣ мо на танҳо барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ қадами устувор гузоштем, балки бори аввал дар 27 соли соҳибистиқлолии кишварамон ду соли охир мардуми мамлакатро пурра бо барқ таъмин намуда, дар ҳаҷми қариб 3 миллиард киловатт — соат нерӯи барқ содирот кардем.

 

Дар бораи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот пешниҳод менамоям, ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шаванд.

 

Дар бораи маориф

Бояд гуфт, ки дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар.

Ҳамаи кормандони соҳаи маориф, аз дастгоҳи вазорат ва сохторҳои маҳаллии он то устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликият, дар тамоми қаламрави кишвар ҳар се сол як маротиба аз аттестатсия гузаронида шаванд.

 

Дар бораи ройгон будани ёрии аввалияи тиббӣ

Аз арзу шикоятҳои сокинони мамлакат ба унвони Дастгоҳи иҷроияи Президент бармеояд, ки дар баъзе муассисаҳои тиббӣ ҳангоми расонидани кумаки аввалияи тиббӣ аз соҳибони шахсони бемору корафтода маблағ ва доруворӣ талаб карда мешавад, ки ин хилофи қонун мебошад.

 

Дар бораи омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ

Ба Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи илмҳо супориш дода мешавад, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 барномаи нави такмили таълими забонҳои русӣ ва англисиро барои давраи то соли 2030 таҳия ва пешниҳод намоянд.

 

Дар бораи Саразм

Мо тасмим гирифтем, ки соли 2020 ҷашни яке аз ёдгориҳои бостонии кишварамон — шаҳри қадимаи Саразмро доир намоем. Ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки мо маданияти беш аз 5500 — солаи аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшудаи худро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ созем.

 

Дар бораи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ

Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати адлия ва Хадамоти иҷро дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқиро барои солҳои 2019-2021 таҳия ва пешниҳод созанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here