Бар асари сели рӯзи 14-май дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ду нафар ба ҳалокат расида, 37 манзили истиқоматии сокинон пурра хароб гашт.

Раиси ноҳияи Хуросон Раҳматулло Сафарзода иттилоъ дод, ки сели рӯзи 14-май дар деҳаҳои Хуросон, Истиқлол, ба номи Н. Асадулло, Ҳалқаҷар ва 18-ум анҷумани ҳизби ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ ва Пахтаободи ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ 37 манзили истиқоматии шаҳрвандон пурра хароб карда, ба 282 манзили дигар қисман зарар расонида, қариб 80 гектар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, 9,7 гектар заминҳои наздиҳавлигӣ, 2,5 гектар заминҳои ғайрикишоварзӣ ва 11,36 гектар заминҳои президентӣ, 80 сар чорвои хурд ва 12 сар чорвои калонро зери селоба мондааст.

Ба гуфтаи раис, барои сокиноне, ки хонаҳояшон аз офат зиён дидааст, беш аз 30 хайма ороста шуда, ҳайати табибон ва хизматчиёни ҳарбии Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон шабонарӯзӣ дар хизматанд.

Бояд гуфт, ки дирӯз муовини сарвазири кишвар Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ  ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз деҳаҳои офатзадаи ноҳияи Хуросон дидан карда, ба оилаҳои осебдида кумакҳои пулӣ ва маводи озуқа, аз қабили орд, равған, картошка, пиёз ва ғайра дастрас ва онҳо бо хӯроки гарми ройгон таъмин карда мешаванд.

Аз ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон хабар доданд, ки   сели рӯзи 14-май боиси фавти ду нафар сокини ноҳия гардид. Фавтидаҳо  Холбой Боймуродов сокини 55-солаи ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ ва Қумриддин Камолови 64-сола сокини ҷамоати Айнии ноҳияи Хуросон мебошанд.

Корҳои бартарафкунии офати табиӣ дар деҳаҳои зарардидаи  ноҳияи Хуросон идома доранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here