Дар вилояти Хатлон аз соли 1991 то ду моҳи соли 2020-ум 3 ҳазору 481 нафар гирифтори бемории вируси норасоии масунияти одам (ВНМО-СПИД) ба қайд гирифта шудааст, ки аз он  то имрӯз 947 нафар фавтидаанд.  Ҳоло 2 ҳазору 534 нафар гирифтори ин беморӣ дар вилоят умар ба сар мебаранд.

Директори маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам дар вилояти Хатлон  Илёсиддин Саидов гуфт, аз шумораи гирифторони ин беморӣ 62 дарсадро мардҳо, 37 дарсадро занон ташкил дода,   кӯдакони то синни 18-сола, ки ба ин беморо гирифторанд, 373 нафарро ташкил медиҳанд.

— Дар соли 2018-ум 441 нафар  гирфтори бемории ВНМО дар вилояти Хатлон ба қайд гирифта шуда буд ва дар соли 2019-ум 377 нафаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2018-ум 70 ҳолат кам аст, — илова кард ӯ.

Манбаъ иттилоъ дод, ки гирифторони бемории ВНМО дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Ҳамадонӣ, Кӯшониён, Ҷалолидини Балхӣ ва ноҳия Ёвон бештар ба қайд гирифта шудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here