Барои саривақт иҷро накардани нақшаи андоз ва бемасъулиятӣ дар 11 моҳи соли равон нуҳ нафар сардори нозироти андози шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз вазифаҳои хизматиашон озод карда шуданд.
Ба гуфти сардори шуъбаи кадрҳои Раёсати нозироти андоз дар вилояти Хатлон Рухшона Шириналиева аз аввали сол сардорони нозироти андози шаҳри Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳритуз, Ёвон, Вахш, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ аз вазифаҳояшон озод карда шуданд.
Ӯ гуфт, танҳо дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таи 11 моҳ се маротиба сардори нозироти андози ин ноҳия иваз карда шуд. Сабаби ин иҷро нашудани нақшаи андози ноҳия мебошад.
Номбурда илова кард, ки ҳамчунин барои бемасъулиятӣ ва назорати дуруст набурдан аз болои зердастон сардорони нозироти андози шаҳри Левакант, ноҳияҳои Кушониён, Вахш, Қубодиён, Шаҳритуз, Ёвон, Носири Хусрав, Хуросон, Ҷайҳун, Панҷ, Данғара, Кӯлоб, Восеъ, Ҳамадонӣ, Ховалинг, Балхӣ, Балҷувон ва Шамсиддини Шоҳин аз ҷониби Кумитаи андози ҷумҳурӣ ба муҷозоти интизомӣ кашида шуданд.