(Шикояте ҷойи Марсия ба гӯши кар ба шикваи мардуми баъзе аз масъулони шаҳри Панҷакент)

Замон наркуши модапарвар шудаст,

Зи бас мода дар сурати нар шудаст.

Зи бӯи дурӯғ, аз тафи фитнаҳо,

Замин оғили бачаи хар шудаст…

Фиғон аз гулӯ мекашам, Шуҳрато,

Чӣ гӯям, ки гӯши фалак кар шудаст!

(Шӯҳрати Давлатшоҳ)

 

Хурд будам. 

Боре муаллим суруди кӯдаконаеро, ки агар хато накунам, моли Аминҷон Шукуҳӣ буд, барои азёд кардан супориш дод. Аз он суруд ду мисраъ дар дафтари хотираи кӯдакиам нақш бастааст:

…Ана, омад трактор ҳам,

Тракторчӣ – амак, хуррам…

Ёдам меояд, ки он замон чӣ қадар ифтихор пеши ҳамсинфон доштам. Охир, танҳо амаки ман тракторчӣ буд. Амаки ягон ҳамсинфи дигари ман не! 

Амакам фақат маро ба трактори кӯҳнаи кабудаш мешинонид ва заминҳои он замон бароям бекарони деҳаамонро ҷуфт мекард. Пеши ҳамсинфон мегуфтам, ки ин сурудро шоир барои ман навиштааст ва онҳоро барои ҳамраҳи ман ба трактори амакам нишастан, тарғиб мекардам…  

Фишори равониеро, ки масъулони шаҳри  Панҷакент,- аз райисони хоҷагии деҳқонӣ то ба шуъбаи замину аз он болотар тӯли шаш соли охир ба сари амакам овардаанд, аз забони ҳамдеҳагон шунидам. Ин даводав ӯро ба бистари беморӣ ва баъдтар ба домони марг расонид. 

Амакам орзу доштааст то барои фарзандонаш, алалхусус барои фарзанди муаллимаш- Лоиқ Шералӣ ва Умаралӣ Ниёзов замини наздиҳавлигӣ гирад. 

Райиси шӯъбаи замини ноҳия Низомӣ бошад, ҳамарӯза ӯ ва муроҷиаткунандагони дигарро ба риштаи тамасхур кашида, “амак, пагоҳ ҳал мешавад, ҳафтаи дигар ҳал мешавад”, — гуфта, пагоҳи дигар бо баҳонаҳои “ман дар Хуҷанд”, “ман бо намояндаҳои Душанбе” рақами тилфони намехостаашро ба руйихати сиёҳ медаровардааст. 

Дар ҳамин ҳол, даҳҳо далел ҳаст, ки шахсони дорою дароздаст ба осонӣ соҳиби замини наздиҳавлигӣ шудаанд ва албатта, муфт не. Рӯзе нест, ки дар ягон мақомот ҳам суд, ҳам прокуратура, ҳам милисаи шаҳр дар мавриди мушкили замину заминфурӯшӣ дар Панҷакент шикояти шаҳрвандон пешниҳод нагардад. Низомӣ ва райисони хоҷагиҳои деҳқонӣ фикр мекунанд, ин ҳама пушти парда мемонад, аммо офтобро бо доман пӯшонида намешавад: Фақат дар деҳаи Дашти Қозӣ даҳҳо далели муфту осон соҳиби замини обӣ шудани шаҳрвандон ва дар ҳамин ҳол солҳо боз ба ваъдаи масъулони ҳукумати шаҳру ҷамоату хоҷагиҳои деҳқонӣ бовар кардаҳо ҳастанд. Ба ин мавзӯъ ҳатман баъди тадқиқоти журналистии муфассал бармегардем! 

Мӯҳтарам масъулин!

Амаки ман як шаҳрванди қаторӣ буд, аммо ба ваъдаҳои Шумо бовар карда, ҳатто дар ягон сӯҳбат аз ин мушкилаш ба ман забони шиква накушодаасту имрӯз аз забони дигарон мешунавам, ки ғами бе замину бе хона будани фарзандонаш, вазъи ӯро рӯҳан бадтар мекард, афсурдатар менамуд. Дар сӯҳбатҳои охиринаш аз ин мушкил тез-тез ёдовар мешуд, ки фарзандонаш бе ӯ чӣ кор мекунанд. Амаки бемори маро маҳз дурӯғу бепарвоию фориғболию ба масъулияти хеш аз пушти панҷа нигаристани Шумо аз пой афтонид!  

Шуморо ман ба Додгоҳи виҷдон месупорам! 

Албатта, агар қатрае виҷдон дошта бошед! 

Донед, ки Шумо мансабдорони умедкуш ҳастед, шояд даҳҳо, садҳо нафарро мисли амаки ман ба марги тадриҷӣ маҳкум кардаеду умеди зистанро дар қалбашон хомӯш кардаед!

Аз фардои хеш андеша кунед, умре мансабдор боқӣ намемонед, зеро:

Чунин аст расми саройи дурушт,

Гаҳе зинсавору гаҳе зин ба пушт!

Аз мардумозорию гӯши ба шикояти мардум кари Шумо, аз обу лой кардани заминҳои обӣ аз ҷониби райисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва албатта бо иҷозаи Шумо дар идома мардум хоҳад гуфту назди қонун ҷавоб хоҳед дод! Ба ин бовар дорам!

Рӯҳи саргардони амаки ғурамарги ман ҳаргиз Шуморо нахоҳад бахшид!

Хуршед Атовулло

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here