Дар натиҷаи пеш бурдани як қатор суҳбату вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳии кормандони милитсияи шаҳри Душанбе бо аҳли хонавода ва наздикони нафарони дар кофтукови расмӣ қарордошта, ҳафтаи сипаришуда 4 нафар шаҳрванд, аз ҷумла 3 сокинони шаҳри Душанбе ва 1 сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба Тоҷикистон баргардонида шудаанд.

Гуфта мешавад, ки инҳо бо моддаҳои 401, иловаи 1 (Ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухурди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо) ва 307, иловаи 3 (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ))-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштанд. Онҳо бо изҳори пушаймонӣ ва бо хоҳиши худ ба Ватан баргашта, ба мақомоти милитсияи пойтахт ҳозир шуданд.

Дар вебгоҳи РКВД дар шаҳри Душанбе дар бораи инҳо чунин маълумот омадааст:

1. Раҳматов Раҳматулло Ҳасанович соли таваллудаш 1982 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, оиладор, соҳиби 5-фарзанд, аз 13-уми январи соли 2016 бо моддаи 307 иловаи 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун гумонбар дар ҷинояти ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт;

2. Каримов Аҳлиддин Наҷмиддинович соли таваллудаш 1987 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, оиладор, соҳиби 4 фарзанд, аз санаи 13-уми январи соли 2016 бо моддаҳои 401 иловаи 1 ва 307 иловаи 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун гумонбар дар ҷиноятҳои ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухурди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо ва ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт;

3. Саодатов Исматулло Қудратович соли таваллудаш 1985 истиқоматкунандаи деҳаи Яккатути ноҳияи Рӯдакӣ, аз санаи 01-уми августи соли 2016 бо моддаҳои 401 иловаи 1 ва 307 иловаи 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун гумонбар дар ҷиноятҳои ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухурди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо ва ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт;

4. Амирхудоев Одина Бодуршоевич соли таваллудаш 1987 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, аз 30-юми августи соли 2018 бо моддаи 307 иловаи 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун гумонбар дар ҷинояти ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт.

Бино ба иттилои тафтишот нафарони зикршуда ҳамчун ҷинояткорони расман дар ҷустуҷӯ қарордошта давоми 2 сол, то ин вақт дар шаҳрҳои гуногуни кишварҳои хориҷӣ умр ба сар бурда, ҳафтаи сипаришуда бо ёрӣ ва роҳнамоиҳои кормандони милитсияи шаҳри Душанбе аз кишварҳои гуногуни хориҷӣ ба Ватан баргардонида шудаанд. Зимни ба мақомоти милитсия ҳозир гардидан номбурдагон ба тафтишот изҳор доштаанд, ки аз кардаи худ сидқан пушаймон буда, аз сабаби гумроҳӣ шомили ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ гардидаанд.

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here