Аз ихтирои қаламу марги Роналд Рейган ва куштори бераҳмона дар Озарбойҷон, то рӯзи табибону ҳавои абрии 30-юми март дар Тоҷикистон
30-юми март дар ҷаҳон чӣ воқеа рӯх дод?
1858 – ихтироъкори қалам ва хаткуркунак Гиман Лимпан қаламро патент карда, ба муомилот баровард.
1905 – Президенти ИМА Теодор Рузвел барои миёнарпвӣ дар музокироти сулҳи Русия ва Ҷопон,шахси мутасаддӣ интихоб шуд.
1905 – ба фаъолият оғоз кардани нахустини пули декоративӣ дар Ню-Йорк.
1941 – Корпуси африқоии Олмон таҳти роҳбарии генерал Эрвин Роммел аввалин ҳамлаи худро ба нерӯҳои Бритониё, дар Либия оғоз кард.
1945 – ИМА дар Ҷанги дуюми Ҷаҳонӣ Австрияро забт кард.
1950 – Ихтирои фототрансистор дар ҷаҳон.
1957 – Тунис ва Марокаш дар Рабат шартномаи дӯстӣ имзо карданд.
1981 – Президенти ИМА Роналд Рейган дар округи Колумбия ҳамроҳи ду полис ва котиби матбуотӣ кушта гардид.
1998 – Ширкати BMW “Ролс-Ройс”-ро бо маблағи 570 миллион доллар харид
2009 – Маъмурияти бандарҳои Ню-Йорк ва Ню-Ҷурсӣ тасдиқ карданд, ки бинои нави Маркази тиҷорати ҷаҳонӣ бо номи қонунии он “Як маркази савдои ҷаҳонӣ” расман шинохта шавад.
1964 – дар Ҷопон бори аввал пахши эфирии телевизион дар амал ҷорӣ карда шуд.
Рӯйдодҳои муҳими таърихии 30-юми март дар ҷаҳон
1822 – Ҳудуди Флорида дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъсис ёфт
— Флорида аслан қаламрави испанӣ буд. Мувофиқи талабномаи “Аҳдномаи Адам-Онис” ба ИМА супорида шуд. Он дар як рӯзи пурҷӯшу хурӯши соли 1822, як қисми ИМА шуд. Флоридаро Шӯрои тереториявии Флорида то соли 1845 идора мекард.
1856 – ба имзо раии шартномаи Париж
— Ҷанги Қрим, дар байни Русия ва қувваҳои муттаҳидшудаи Фаронса, Британияи Кабир ва Туркия, бинобар ба имзо расидани “Шартномаи Париж” қатъ карда шуд.
1965 – таркиши сафорат дар ИМА
— Ҳизби сиёсии “Ҷабҳаи Милии Озодӣ” 30-юми марти соли 1965 Сафорати ИМА бомбаборон кард. Мошини бомбае, ки корманди полиси Ветнам дар наздикии бинои сафорат мерафт тарконида шуд.
1867 – Харидани Аляска аз Русия
— 30-юми марти соли 1867 Аляска аз ҷониби ИМА , ки қаблан ба ҳудуди Русия дохил мешуд, бо маблағи 7,2 миллион доллар харидааст. Русия ин минтақар о чунон фурӯхт, ки қарор дар бораи фурӯши он дар як шаб дода шуд ва шартнома соати 4-и субҳи ин рӯз баста шуд.
1912 – Шартномаи Фез имзо шудааст
Шартномаи Фез дар ҳамин рӯзи соли 1912, аз ҷониби Султон Абуҳафид имзо карда шуд, ки он “Бӯҳрони Агадии соли 1911”-ро ҳал мекард. Тибқи ин қарордод Марокаш бояд минаҳои оҳании худро ба испаниҳо дода, ҳамчун як давлат ба Фаронса тобеъ мешуд.
1918 – қатли омавии “Рӯзҳои март” дар Озарбойҷон
— Дар ҳамин рӯзи соли 1918 дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон аз 3000 то 12 000 нафар, бо мақчади саркӯб кардани шӯриши мусалмонон, аз ҷониби ҳизби Мусавот кӯшта шуданд.
1939 – “Комикс ДС”Батманро муаррифӣ кард
“Комикс ДС” як ширкати нашркунандаи комикси амрикоӣ буд, ки дар ин рӯз рамз бо номи “Батман”-ро муаррифӣ кард. Ин беҳтар-қаҳрамон аз он замон инҷониб, қалби миллионҳо калонсолон ва кӯдаконро тасхир карда истодааст.
949 –Тазоҳуроти зидди НАТО дар Ирландия
30-юми марти соли 1949, дар Исландия дар назди бинои порлумон ҳазор мардум ҷамъ омада ба сӯйи тирезаҳо санг мезаданд. Мардум намехостанд, ки парлумони Исландия ба иттифоқи ҳарбии НАТО ҳамроҳ шавад, зеро ин кор Ирландияро ба ҷанги сард алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ оварда мерасонад.
1961 – Созишномаи ягона оид ба мубориза ба маводи мухаддир ба имзо расид
— Дар ин рӯзи соли 1961, як конвенсияи ягона оид ба маводи мухаддир интишор шуд, ки он тавлидкунандаи ҳамаи доруҳои ба афюн ё морфин монандро, ки тавлид мешуданд, назорат мекард. Пеш аз ин ҳам, чунин доруҳо буданд, аммо спектри мукаммали ин доруҳоро дар бар намегирифтанд.
2006- “Имзои санади тероризм” дар Бритониё
— Фоҷиаи таркишҳои Лондон дар соли 2005 Бритониёро водор сохт, ки қатъномаҳои худро дар бораи тероризм тақвият диҳанд. Гарчанде баъзе бандҳои он қобили қабул набуданд, вале мақомот баъзе бандҳои онро қобили қабул ҳисобида зуд ба иҷро расониданд.
2009 – Президенти ИМА Барак Обама ба автомобилсозони амрикоӣ як ултиматиум дод
— Бӯҳрони иқтисодии соли 2008 ширкати “Ҷенерол Моторс”-ро маҷбур кард, ки аз ҳукумати ИМА бастаи кӯмаки молиявиро талаб кунад.
Ҷашни умумиҷаҳонӣ
30-юми март рӯзи умумимиллии табибон таҷлил мешавад
30-март таваллуд шудааст:
1746 – рассоми машҳур Франсиско Гойя
1750 – оҳангсоз Ҷон Стаффорд
1979 – сароянда Норах Ҷон
Вазъи обу ҳаво барои имрӯз, 30-юми март дар Тоҷикистон
30-юми март дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳо тобеи ҷумҳурӣ борон меборад.
— шамол аз самти Ғарб 4-9 м/с
— ҳарорат шабона дараҷа гарм; рӯзона – 17-19 дараҷа гарм
Вазъи боду ҳавои ВМКБ 30-юми март абрнок мешавад
— шамол аз самти Ғарб 2-7 м/c
— ҳарорати шабона – 4-6 дараҷа гарм; рӯзона 10-12 дараҷа гарм
Вазъи обу ҳавои вилояти Суғд 30-юми март тайғирёбанда буда, борон меборад.
— шамол аз самти Ғарб 3-8 м/c
— ҳарорати шабона 8-13 дараҷа гарм; рӯзона 20-22 дараҷа гарм
Дар вилояти Хатлон 30-юми март ҳаво, боронӣ пешгӯйи шудааст.
— шамол аз самти Ғарб 3-8 м/c
— ҳарорати шабона 11-13 дараҷа гарм; рӯзона 17-19 дараҷа гарм
Маълумот бобати вазъи боду ҳаво аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ гирифта шудааст.