Аз зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ, оғози фаъолияти телевизиони ранга, зериобмонии 10 вилояти Амрико, озоздкунии шаҳрвандон аз зиндони Олмони фашистӣ, бетартибии мухлисони тими Ливерпул дар Ҷоми Англия ва рабуда шудани духтарон аз тарафи гурӯҳи “Боко Ҳарам”, то зодрӯзи Хрушёв, рӯзи ҷаҳонии фарҳанг ва ҳавои боронии 15-уми апрел.

15-уми апрел дар ҷаҳон чӣ воқеа рӯх дод?

1923 – Инсулин барои одамони гирифтори диабет, ба таври умум дастрас гардид.

1927 – Бо сабаби боришоти шадид 10 иёлоти Амрико зери об монд.

1937 – Дар Испания ҷанги шаҳрвандӣ ба амал омад.

1945 – Қӯшунҳои Олмон лагери нигоҳдорандаи зиндониён, ки дар он ҳазорон нафар бо набудани озуқа ба ҳалокат расида, қисми дигар ба бемории домана ва сил гирифтор шуда буданд, озод кард.

1956 – Аввалин телевизиони рангаи олам дар Чикаго пахши барномаҳои худро оғоз кард.

1967 – 180 ҳазор эътирозгарон дар Ню-Йорк ва Сан-Франсиско ба муқобили ҷанги Ветнам эътироз нишон доданд.

1986 – Бомбагузории амрикоиҳо дар Либия, даҳҳо сокини осоишта аз ҷумла духтари Муаммар Қаззофиро кушӣт.

1989 – Дар нимфинали Ҷоми Англия байни Ноттингем ва Ливерпул, дар варзишгоҳи Шеффилди Англия бар асари бетартибиҳо 96 нафар ба ҳалокат расида, 200 нафар маҷрӯҳ шуданд.

2008 – Дар бештари кишварҳои баландшавии арзиши озуқаворӣ ба амл омад.

2010 – Хурӯҷи вулқон дар Исландия сабаби қатъ гардидани парвозҳои ҳавоӣ дар ҳамаи кишварҳои аврупоӣ гардид.

2014  — Зиёда аз 200 нафар духтар, аз тарафи гурӯҳҳои ифротии “Боко Ҳарам” дар Нигерия рабуда шуданд.

1817 – Аввалин мактаби амрикоӣ барои нафарони ношунаво кушода шуд.

1899 – Томас Эдисон ширкати Эдисон Портландро барои истеҳсоли семент таъсис дод.

Рӯйдодҳои муҳими таърихии 14-уми апрел дар ҷаҳон

1917 – Англия немисҳоро дар ҷанги Аррас мағлуб кард.

1948 – Арабҳо дар нахустин ҷанги арабӣ-яҳудӣ мағлуб шуданд

1959 – Сарвазири Куба Фидел Кастро барои пешбурди музокирот ба амрикоиҳо бо сафари 11 рӯза ба Вашингтон рафт.

1952 –Президенти ИМА Гарри Трумен шартномаи сулҳи Ҷопонро  ба таври расмӣ имзо кард.

1953 – ИМА ҳаҷвнигор Чарли Чаплингро барои ҳамдастӣ бо комунистон айбдор кард.

1994 – Созмони Умумиҷаҳонии Савдо таъсис дода шуд.

1999 – Суди олии Покистон сарвазири собиқи ин кишвар Беназир Бҳутто ва ҳамсари ӯро бо фасодкорӣ айбдор кард.

2010 – Президенти амрико Борак Обама сафар ба Марсро эълон кард.

2012 – Роҳбари нави Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун аввалин маротиба дар назди мардум нутқ ронд.

Ҷашнҳои ҷаҳон

15-уми апрел рӯзи умумиҷаҳонии фарҳанг таҷлил мешавад.

15-уми апрел дар саросари ҷаҳон  рӯзи донишҳои экологӣ ҷашн гирифта мешавад.

15-уми апрел дар Босния рӯзи артиш қайд карда мешавад.

15-уми апрелро қазоқҳо ҳамчун рӯзи ошиқон таҷлил мекунад.

15-уми апрел дар Украина иди касбии кормандони ҷустуҷӯйи ҷиноӣ аст.

Дар ин рӯз таваллуд шудаанд:

1452 – рассоми итолиёвӣ Леонардо да Винчи

1832 – шоири олмонӣ Вилгем Буш

1858 – ҷомеашиноси фаронсавӣ Эмил Дюркейм

1878 — сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ

1894 –сиёсатмадор ва сарвазири Иттиҳоди – Шӯравӣ Никита Хрушёв

1955 – Ҳунарманди машҳури саҳнаи киноДоди Файдо

Вазъи обу ҳаво барои имрӯз, 15-уми апрел, дар Тоҷикистон

15-уми апрел дар шаҳри Душанбе ва  ноҳияҳо тобеи ҷумҳурӣ ҳаво абрнок буда, боридани борони шиддатнок дар назар аст.

— шамол аз самти Ғарб 3-8 м/с

— дамо шабона – 7-9 дараҷа гарм; рӯзона – 14-16 дараҷа  гарм

Вазъи боду ҳавои ВМКБ 15-уми апрел тайғирёбанда буда, борони кӯтоҳмуддат меборад

— шамол аз самти Ғарб 3-8 м/c

— дамои шабона – 7-9 дараҷа гарм; рӯзона 14-16 дараҷа гарм

Вазъи обу ҳавои вилояти Суғд тайғирёбанда шуда, боронидани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.

— шамол аз самти Ғарб 3-8 м/c

— дамои шабона 7-9 дараҷа гарм; рӯзона – 12-14 дараҷа гарм

Дар вилояти Хатлон 15-уми апрел ҳаво абрнок шуда дар баъзе ҳолатҳо борон меборад

— шамол аз самти Ғарб 3-8 м/c

— дамои шабона  10-12  дараҷа гарм; рӯзона 18-20 дараҷа гарм

Маълумот аз вазъи боду ҳаво аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ гирифта шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here