Аз фиристодани аввалин системаи моҳвораӣ ба кайҳон, ҷанги пурқурбонӣ дар Ветнам, тӯлонитарин бозии тенис дар ҷаҳон, паҳни зукоми парранда дар Чин ва ташкили давлати Маҷористон, то рӯзи умумиҷаҳонии “рок ва ролл”-у ҳавои боронии 13-уми апрел

13-уми апрел дар ҷаҳон чӣ воқеа рӯх дод?

1923 – Бар асари тӯфони шадид дар Ҷопон 100 нафар ба ҳалокат расид.

1931 – Бадтарин сӯхтори зеризаминӣ дар таърихи Чикаго 10 нафарро кушта хисороти ҷиддие расонд.

1933 – Аввалин парвозро аз болои кӯҳи Эверест, Лорд Клайдсдейл ба анҷом расонд.

1945 – Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Булғористон, Венаро забт карданд.

1960 – Аввалин системаи моҳвораӣ ба кор даромад.

1964 – Сидне Пуитер нахустин ҳунарманди сиёҳпӯсте буд, ки ҷоизаи Оскарро ба даст овард.

1972 – “Ҷанги Ан Лок” як воқеаи муҳими Ветнам буда, тақрибан 66 рӯз давом кардааст. Дар ин ҷанг 10 ҳазор сарбоз ба ҳалокат расида, Ветнами Ҷанубӣ ғалаба юа даст овард.

1979 – Бозии тӯлонитарини тенис дар ҷаҳон, баъд аз 101 соат анҷом ёфт.

2007 – “Гугл” эълон кард, ки ширкати рекламавии “Доубле-Кликс”-ро бо маблағи 3,1миллиард доллар ба даст овардааст.

2013 – Пекин пойтахти Чин, дар бораи аввалин ҳолатии зукоми парранда , ки дар тамоми кишвар паҳн шуда буд, гузориш дод.

Рӯйдодҳои муҳими таърихии 13-уми апрел дар ҷаҳон

1802 – Парлумони Англия ба католикҳо озодии диниро дод.

1849 – Ҷумҳурии Маҷористон таъсис дода шуд.

1987 – Президент Рейген бори дигар роҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачёвро ба гуфтушунид дар Вашингтон даъват кард, вале Горбачёв ин даъватро рад кард.

1919 – Ҳукумати муваққатии Ҷумҳурии Корея ташкил ёфт.

1919 – Қӯшунҳои Бритониё дар Ҳиндустон 400 ғайринизомиро ба қатл расонданд.

1939 – Киштии ҳарбии ИМА барои санҷидани қудрати низомии баҳрии Ҷопон вориди ин кишвар шуд.

1941 – Паймони бетарафии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷопон ба имзо расид, ки мувофиқи он тарафҳо дар давоми Ҷанги дуюми ҷаҳон ба қаламрави ҳамдигар набояд ҳамла мекарданд.

1941 – Қушунҳои Олмон Белград ва Югославияро забт карданд.

1990 – Иттиҳоди Шӯравӣ масъулияти куштори ҳазорон полякро дар Ҷанги дуюми ҷаҳон қабул кард. Давлати Шӯравӣ қаблан ин қатлро ба фашистон нисбат медод.

2010 – Ҷаласаи амнияти ядроӣ, ки байни давлатҳои дорои яроқи ҳастаӣ баргузор шуда буд, ба анҷом расид. Дар ҷаласаи дурӯза ба масъалаҳои мухталиф, аз қабили тероризми ҳастаӣ ва дигар мавзӯъҳои муҳим баррасӣ шуданд.

Ҷашнҳои ҷаҳон

13-уми апрел рӯзи умумиҷаҳонии “рок ва ролл” як  навъ мусиқии замони муосир таҷлил мешавад.

13-уми апрел дар Русия рӯзи сарпарасти ҳунармандон ва филантропҳо ҷашн гирифта мешавад.

13-уми апрел дар Таиланд С нави миллӣ ҷашн гирифта мешавад.

13-уми апрел дар иёлоти Панҷоби Ҳиндустон ҷашни мазҳабии Сих-Вайсахӣ, Соли нав  ва рӯзи ҳосил қайд мегардад.

Дар ин рӯз таваллуд шудаанд:

1963 – шоҳмотбози машҳури рус Гарри Каспаров

1949 – журналисти англис Кристофер Хичнес

1924 –хореографи амрикои Стэнли Донен

1906 – драматурги фаронсавӣ Самуил Бекетт

1749 – Сиёсатмадори амрикоӣ, президенти 3-юми ИМА Томас Ҷеферсон

Вазъи обу ҳаво барои имрӯз, 13-уми апрел дар Тоҷикистон

13-уми апрел дар шаҳри Душанбе ва  ноҳияҳо тобеи ҷумҳурӣ  боридани борони шиддатнок дар назар аст.

— шамол аз самти Ғарб 3-8 м/с

— дамо шабона – 9-11 дараҷа гарм; рӯзона – 15-17 дараҷа  гарм

Вазъи боду ҳавои ВМКБ 13-уми апрел тайғирёбанда буда, борон меборад.

— шамол аз самти Ғарб 3-8 м/c

— дамои шабона – 5-7 дараҷа гарм; рӯзона 12-14 дараҷа гарм

Вазъи обу ҳавои вилояти Суғд тайғирёбанда шуда, борон меборад

— шамол аз самти Ғарб 4-9 м/c

— дамои шабона 10-12 дараҷа гарм; рӯзона – 15-17 дараҷа гарм

Дар вилояти Хатлон 13-уми апрел ҳаво абрнок буда, борон меборад.

— шамол аз самти Ғарб 3-8 м/c

— дамои шабона  12-14  дараҷа гарм; рӯзона 18-20 дараҷа гарм

Маълумот аз вазъи боду ҳаво аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ гирифта шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here