Ҳамшаҳрӣ, ҳамдеҳа, ҳамватан. Матлабе, ки мехонӣ назари хоси ман аст. Ту ҳам назари хоси худро бигӯ. Масъаларо аз ҳар паҳлӯ андеша намо. Фоидаю зарарашро дар мизони андеша чен кун. Пас рӯйи коғаз биёр ва ба нашрияе бару супор. Яъне, ки бетараф набош, баҳс кун. Фикратро бигӯ, асоснок соз.

Замони Шӯравӣ буд. Вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппаро барҳам дода, дар заминаашон Хатлонро таъсис намуданд. Вале, барои интихоби маркази он баҳси зиёде ба вуқуъ пайваст. Мардуми минтақаи Кӯлоб мехостанд Кӯлоб марказ шавад, сокинони минтақаи Қӯрғонтеппа баръакс, талаб мекарданд, ки Қӯрғонтеппа марказ бошад. Далелу бурҳони асосии ҷонибҳо дурӣ ва мушкилоти роҳ буд. Дар ин замина ҳатто зиддиятҳо ҳам ба вуҷуд омада буданд. 

Агар аз рӯйи адолат гӯем, ҳарду ҷониб ҳам ҳақ буданд. Зеро дар ҳоли Қӯрғонтеппаро маркази вилоят интихоб кардан корафтодагон барои ҳалли одитарин мушкилоти дар сохторҳои вилоятӣ ҳалшаванда, маҷбур мешуданд, ки масалан, аз маркази ҷамоати Дашти Ҷуми ноҳияи Шӯрообод, масофаи тақрибан 350 км роҳро тай намуда, ба ин шаҳр биёянд ва камаш се-чор рӯз вақт сарф кунанд. Ҳол он, ки ин ҷамоат боз деҳаҳое дошт, ки масофаашон танҳо то деҳаи Дашти Ҷум (ҷои воқеияти идораи ҷамоат) 50-60 км роҳро ташкил менамуд. Хуб, ба омадан-ку илоҷе карда меомаданд, аммо оё одамони корбудкунашонро пайдо карда метавонистанд? Агар пайдо кунанд оё корашон ба як бор омадан буд мешуд? Ин як ҷониби мушкилот буд. Ҷониби дигараш он буд, ки то замони будшавии корашон барои пайдокунии ҷойи хоб, хӯрок ва заруратҳои дигар чӣ қадар ранг зард карда метавонистанд? Яъне, имкон дошт омаданашон сабаби корбудкунӣ не, сабаби ранҷу азобу кулфат бигардад. Чунин мушкилот бешакку шубҳа ҳар як шахси корафтодаи минтақаҳои дурдастро ранҷу азоб дода метавонист. Дар ҳоли маркази вилоят интихоб шудани шаҳри Кӯлоб ҳам айнан ҳамин гуна мушкилот барои мардуми вилояти Қӯрғонтеппа, масалан, сокинони деҳаи Корези ҷамоати Пахтаободи ноҳияи Шаҳритӯс ба вуҷуд меомад. Зеро масофаи байни ин деҳа ва шаҳри Кӯлоб тақрибан 340 км буд. Маҳз барои ҳамин ҳам баҳсҳо ва ҳатто зиддиятҳо ба вуҷуд омаданд, гарчи ҳукуматдорони вақт инро пинҳон медоштанд.   

Бо мақсади камкунии азобу ташвишҳои мардум ва пешгирии ягон ҳолати нохуш Эмомалӣ Раҳмонов аз минбари як ҷамъомади ҷумҳуриявӣ (чӣ гуна ҷамъомад буданашро ёд надорам) пешниҳод намуданд, ки маркази вилояти Хатлони навтаъсис шаҳраки Данғара интихоб шавад. Ин замон лабу даҳони аҳли толорро табассум не, тамасхур фаро гирифту ин пешниҳоди хеле дурбинона дастгирӣ наёфт ва маркази вилоят шаҳри Қӯрғонтеппа эълон гардид. Дар натиҷаи чунин амали начандон савобҷӯёнаи зимомдорони вақт ташвишу ошуфтагии мардуми минтақаи Кӯлоб хеле зиёд шуд. Аз ин рӯ пайгирона шикоятҳо мекарданд, арзҳо менамуданд, хоҳишномаҳо менавиштанд. Ин буд, ки вилояти Хатлон умри чандон дароз надида барҳам хӯрд ва вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа аз нав барқарор гардиданд. 

Нафаре агар дар хусуси вилояти Хатлони имрӯза, яъне Хатлони дар замони роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон таъсисшуда пурсад, ҷавоб чунин аст: Сохтори ин вилоят хайрхоҳонаю дурандешона сохта шудааст. Мардуми корафтода азобу ташвиши замони Хатлони аввалиро надоранд. Эшон ба маркази вилоят — шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппа) намераванд. Ҳар кору ҳоҷати доштаашонро (ба ғайр аз баъзе ҳолатҳои истисноӣ) дар ташкилоту идораҳои ваколати минтақавӣ — вилоятӣ доштаи шаҳри Кӯлоб баробар мекунанд.  

Ман чун як шаҳрванд ва зиёии беғараз то кунун афсӯс мехӯрам, ки аз ҷониби роҳбарияти вақт кӯтоҳандешӣ зоҳир шуд ва чунин пешниҳоди аз ҳар ҷиҳат фоидабахш ва дурбинона қабул куҷо, ки ҳатто муҳокима нагардид. Агар Худо карда онро қабул мекарданд, мо тоҷикон дар симои Данғара ҳанӯз ҳамон солҳо нисбатан осон дорои боз як шаҳри калону замонавӣ мешудем. «Осон» ба он маъно, ки дар замони Шӯравӣ дар бунёди марказҳои вилоятҳои навтаъсис ҳукумати марказии Иттиҳод саҳмгузории бештар мекард ва дигар ҷумҳурияҳои бародарро низ даъват менамуд, ки дар ин ташаббус ширкат варзанд. Аммо чӣ илоҷ, ки чун ҳамеша ва ба қавле «тоҷикона» шуду фикри солим дастгирӣ наёфт.

Ман бар он назарам, ки барои баргаштан ба ин масъала ҳанӯз ҳам дер нашудааст. Зеро мубрамии он ҳоло ҳам ҷой дорад ва дер ё зуд ба сари ин қазия баргаштан зарур мешавад. 

Дар ҳоли Данғараро маркази вилояти Хатлон интихоб кардан вилоят ва мардуми он чӣ бурду чӣ бохт мекунанд? Бохт намешавад. Аммо бурди бисёр кардан мумкин аст. 

1. Дар ҳоли ба маркази вилояти Хатлон табдил ёфтани Данғара дурии роҳи байни дурдасттарин маҳалҳо, аз Ғарб то Шарқ (аз ҷамоати Фирӯзаи ноҳияи Н. Хусрав то ҷамоати Дашти Ҷуми ноҳияи Ш. Шоҳин) баробар мешавад. Ин имкон медиҳад, ки равуои мардум ба маркази пешниҳодии вилоят осонтар шавад ва азоби роҳро камтар кашанд. 

2. Хароҷоти роҳ, маҷмӯан барои шаҳрвандон ва барои сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ тақрибан дар ҳамон сатҳе мемонад, ки имрӯз ҳаст. Зеро мардуми ноҳияҳои минтақаи Бохтар тақрибан 90-100 км зиёдтар роҳ тай мекунанд, одамони ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бошанд, 90-100 км камтар. Яъне, ки «ду понздаҳ – як сӣ» мешавад. 

3. Данғара аз ҷиҳати замини холию ҳамвор нисбат ба дигар водиҳои вилоят имконоти бештар дорад. Масалан, водии Вахш ва минтақаи Кӯлоб бо сабаби зичии аҳолӣ ва зиёд будани заминҳои корам чунин имконотро надоранд. Бинобар ин дар ҳоли маркази вилоят интихоб шудани Данғара имконоти фаровоне ба вуҷуд меояд, ки натанҳо хоҷагиҳои аграрӣ ривоҷ меёбанд, балки сохторҳои гуногуни истеҳсолӣ ҳам бунёд шуда рушд мекунанд. Ин чиз омили бас муҳим мешавад, барои расидан ба ҳадафи аз кишвари аграрӣ ба кишвари саноатию аграрӣ табдил додани ҷумҳурӣ ва зина ба зина беҳ шудани рӯзгори шаҳрвандон.  

Фикр мекунам дар шароити кунунӣ моро зарур аст, ки хеле ояндабинӣ карда, ба эътибор гирем, ки агар раванди рушди ҷумҳурӣ ва афзоиши бемайлони аҳолӣ тарзе ки ҳаст, ҳамин тавр рафтан гирад (шубҳае нест, ки ҳамин тавр мешавад) дер ё зуд ба ободонии даштҳои Данғара сарукор хоҳем гирифт. Зеро чуноне, ки ишора шуд, дар ноҳияҳои марказӣ ва ҷанубии кишвар мавзее чун Данғара доманфароху мувофиқ надорем. Пас, оё хуб намешавад, ки то имкон аст, зудтар ба сари ин масъала биёем? Иқтисодчиён ҳисоб кунанд, аз рӯйи дурбинӣ фоидаю зарарро пешбинӣ намуда хулосаҳои худро бигӯянд.   

Ман дар боло гуфтам, ки дар ҳоли маркази вилояти Хатлон дониста шудани шаҳри Данғара сокинони ноҳияҳои минтақаи Бохтар тақрибан 90-100 км зиёдтар ва одамони навоҳии минтақаи Кӯлоб баръакс, 90-100 км камтар роҳ тай мекунанд. Яъне, ки «ду понздаҳ – як сӣ» мешавад. Дар баробари ин боз имконе ҳаст, ки масофаи байни Данғараю Бохтар нисбати ҳозирааш хеле камтар карда шавад ва равуои мардум боз ҳам осонтар гардад. Яъне, роҳи мавҷудаи байни шаҳри Леваканду НБО-и Сангтуда-2 – Қазонгузар –  Чашмаи бузмак навсозӣ шавад ва тамоми нақлиёти аз водии Вахш ба Данғара меомадагӣ ба воситаи роҳи ҳозираи куҳӣ нею аз тариқи ҳамин роҳ ҳаракат кунанд. Боз имконияти хуби дигар ҳаст, ки дар ҳоли истифода шуданаш фоидаи зиёд дода метавонад. Яъне, роҳи мавҷуда шуруъ аз гардиши мавзеи Ӯялии ҷамоати Айнии ноҳияи Хуросон ба сӯйи ноҳияи А. Ҷомӣ ба воситаи маркази ин ноҳия ва хоҷагии моҳипарварӣ то шаҳри Леваканд ба равуои ҳамагуна мошинҳо мувофиқ кунонида шавад. Ҳамин корро аз гардиши Ӯялӣ ба воситаи роҳи қирпӯши қад-қади адир, ки асосан барои мардуми рустоҳои ҷамоати Арали ноҳияи А. Ҷомӣ хизмат мекунад, то баромадгоҳи шарқии маркази ин ноҳия, пас ба воситаи хоҷагии моҳипарварӣ то шаҳри Леваканд ҳам анҷом додан мумкин аст. Дар ин сурат ташвишу хароҷоти мардуми ноҳияҳои Хуросон, А. Ҷомӣ, ҷамоатҳои ҷанубии ноҳияи Ёвон, ҷамоати Навзамини ноҳияи Дӯстӣ (собиқ Ҷиликӯл), ҷамоати Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон, ҳатто ҷамоатҳои Лоҳуру Эсанбои ноҳияи Рӯдакӣ вақти аз тариқи ин роҳ ба Данғара равуо намудан, анча камтар мешавад. Чунки ин роҳ хеле қарибу ҳамвор аст. Боз мисолҳои дигар: Агар корафтодагони шаҳри Норак ба маркази имрӯзаи вилоят ба воситаи Ёвон тақрибан 150 км, ба воситаи Дангара 160 км роҳро тай кунанд, дар ҳоли маркази вилоят шудани Дангара онҳо ҳудуди тақрибан 40 км роҳ мераванду халос. Ҳамчунин корафтодагони ноҳияи Ёвон, масалан, аз деҳаи Чормағзак барои ба маркази имрӯзаи вилоят омадан агар ҳудуди 110 км роҳро тай созанд, дар ҳоли маркази вилоят будани Дангара тақрибан 40 км роҳ мепаймоянд. Иқдоми маркази вилояти Хатлон шудани Дангара барои корафтодагони ВМКБ ҳам бефоида намешавад. Зеро роҳи онҳо ҳам ҳангоми ба маркази Хатлон омадан тақрибан 90-100 км камтар мешавад. Агар иқтисоддонҳо ҳамаи инро ба ҳисоб гиранд, гумон мекунам, ки маблағи ҳангуфтеро ташкил мекунад ва яқин мегардад, ки бо мурури вақт фоидаҳои калон ҳам ба даст меоянд. 

Ҳамаи ин як сӯ. Дар ҳоли Данғараро ба маркази вилояти Хатлон табдил додан адолати замоне риоя нагашта барқарор мешавад, шаҳри наву замонавӣ бунёд мегардад, ҳазорон ҷойҳои корӣ ба вуҷуд меоянд ва зиндагии мардум боз ҳам беҳтар мешавад.

Албатта, ин кор осону камташвишу арзон нест. Зуд буд мешудагӣ ҳам нест. Лекин арзанда аст. Агар дер ё зуд ба сари ин масъала омадем, ба хотири якбора мушкил нашудани кор, набояд ҳамаи сохторҳои вилоятӣ ба Дангара кӯчонида шаванд. Ин амалро бо тадрич, дар раванди чандин солҳо бояд кард. Андеша дорам, ки дар ин масъала омӯхтани таҷрибаи бародарони қазоқ оиди аз Алма-Ата ба Остона кӯчонидани пойтахташон айни муддао мешавад. 

Умед дорам, ки ҳамватанони азиз атрофи ин масъала баёни фикрҳои хешро дареғ намедоранд ва ба баҳси хайрхоҳонаю созанда ҳамроҳ мешаванд. 

ҲАСАН ЮСУФИ ФАЙЗБАХШ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here