Аз набудани ҷойи кор ҳамарӯза садҳо зану духтари минтақаи Бохтари вилояти Хатлон дар назди терминали мусофиркашонии шаҳри Бохтар

ҷамъ омада, интизори корфармо мешаванд, то касе онҳоро ба кор даъват кунаду рӯзгорашонро пеш баранд.

Ҳамида, сокини 26-солаи ноҳияи Кӯшониён, мегӯяд, ки ӯро зиндагӣ маҷбур кардааст, то дар ин гармо истода, ба худ ҷойи кор ёбад. Ба гуфти ӯ, музди якрӯзааш, ки аз субҳ то шом ба корҳои саҳроӣ машғул аст, 30 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки соҳиби ду фарзанд аст, шавҳараш дар муҳоҷиарт аст ва дигар барои таъмини оила маблағ равон намекунад, аз ин рӯ барои гузаронидани рӯзгораш ҳар рӯз ба мардикорӣ баромада рӯзашонро пеш мебарад.

Ҳамсуҳбати дигари мо Ситора Ҳасанова, сокини ноҳияи Хуросон, иброз дошт, ки шавҳараш ӯ ва фарзандонро тарк карда, ба Русия рафтааст. «Хусуру хушдоманам маро бо 3 фарзанд аз хона пеш карданд. Ҳоло дар хонаи падару модарам зиндагӣ дорем. Занҳои бародаронам маломаткунон, ҷойи зиндагиатро ёбу баромада рав, мегӯянд. Чанд маротиба ба идораҳои дахлдор барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ муроҷиат кардам, вале бефоида. Аз ноилоҷӣ дар гармои зиёд ба корҳои саҳроӣ машғул шуда, барои рӯзгузаронии худу фарзандонам корҳои сангинро иҷро мекунам, то онҳо зери маломати занҳои бародаронам набошанд”,-мегӯяд ӯ.

Тибқи маълмуоти Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар нимсолаи аввали соли равон ба шуъба ва бахшҳои ин ниҳод 22 ҳазору 261 нафар шахси бекор муроҷиат карданд, ки аз ин шумора 18 ҳазору 516 нафар ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуда, аз он 11 ҳазору 884 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд. Ба ҷуз ин, дар ин давра дар вилояти Хатлон 170 маротиба ярмаркаи ҷойҳои нави холии корӣ ва вазифаҳои озод баргузор карда шудааст, ки тариқи он 1 ҳазору 677 нафари дигар бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд. Суоли матраҳи занҳои бекор ба масъулони соҳаҳои дахлдор ин аст, ки ҳадди ақал барои «мардикорбонувон» як макони аниқ муҳайё кунанд, то онҳо ризқи ҳаррӯзаашонро бе халал пайдо карда тавонанд. Ё ин, ки барои онҳое, ки соҳиби маълумоти олӣ ҳастанд, ҷойи кори доимӣ фароҳам оваранд.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here