Дар Бозиҳои Осиё-2018 ҳамаи дастаҳои иштирокчӣ аз Осиёи Марказӣ соҳиби медал шуданд, ба ғайр аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки ҳанӯз дастоварде надорад.

Дар ин рӯйхат Ӯзбекистон пешсаф аст, ки дар ҳисоби худ то дирӯз 14 медал, аз ҷумла 3 медали тило, дошт. Қазоқистон 21 медал дорад, ки яке тило аст. Қирғизистон 9 медал, Туркманистон 3 медал ба даст овардаанд, вале то ҳанӯз ягон тило надоранд. Чанде пеш намояндаи Афғонистон ҳам дар ин мусобиқа соҳиби медал шуд. Варзишгар дар намуди ушу ба кишвараш медали биринҷӣ овард.

Дар маҷмӯъ дастаи мунтахаби Чин пешсафи мусобиқа аст. (83 медал, аз ин 38 тило), Ҷопон – 68 (20 тило) ва Кореяи Ҷанубӣ – 49 (11). Аз 45 кишвари иштирокчӣ намояндагони 24 мамлакат соҳиби медалҳои Бозиҳо шудаанд.

Варзишгарони Тоҷикистон ҳоло имкони ба даст овардани медалҳои ин мусобиқаро доранд. Умед ба чемпиони ҷаҳон Дилшод Назаров ҳаст, ки 26-уми август ба майдон мебарояд. Баъд, 28-уми август паҳлавонони маъруфи кишвари мо дар намудҳои қураш, ҷудо ва самбо майдондорӣ хоҳанд кард, ки ҳунарнамоии Комроншоҳи Устопириён, Беҳрӯзи Хоҷазода ва дигарон дар назар аст.

Намояндагони Тоҷикистон дар намудҳои гуштии юнонӣ-римӣ, камонварӣ ва таэквандо аз идомаи мусобиқа маҳрум шуданд. Дар футбол дастаи бонувони Тоҷикистон баъди шикаст бо натиҷаи якхелаи 0:16 аз дастаҳои Кореяи Шимолӣ ва Чин, аз Ҳонконг низ шикаст хӯрд. Ин навбат онҳо тавонистанд, ки ба дарвозаи ҳариф як гол зананд ва ба дарвозаи худ нисбатан камтар гол оваранд — 1:6.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here