Дар Тоҷикистон нархи истифода аз нирӯи барқ боло рафта, як киловат соати он ба тақрибан 20 дирам баробар шуд. Дар ин бора «РО» хабар дода менависад, ки санади аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон қабулшуда дастраси ин хабаргузорӣ шудааст ва дар он чунин иттилоъ мавҷуд аст.
Гуфта мешавад, ки қарори афзоиши нархи нерӯи барқ рӯзи 25-уми сентябр аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон содир шудааст. Бар асоси ин санад, ки рӯзи 2-юми октябр дастраси Радиои Озодӣ гардид, аҳолии Тоҷикистон аз якуми ноябр барои ҳар киловат соат нерӯи барқ 19,37 дирам пардохт хоҳанд кард. То ин вақт ҳар киловат соат нерӯи барқ барои аҳолӣ 16,85 дирам арзиш дошт.
Бар асоси қарори ҳукумат, аз 1-уми ноябр ба истиснои ТАЛКО нархи барқ барои корхона ва муассисаҳои дигари кишвар низ боло меравад. Инчунин, корхонаи «Комбинати металлургии Тоҷикистон» барқро аз 1 май то 30 сентябр бо нархи имтиёзноки 8,28 дирам дарёфт мекунад. Арзиши ҳар киловат соат нерӯи барқ барои боқии корхонаҳои кишвар 47,13 дирам муқаррар шудааст.
Корхонаҳои соҳаи буҷетӣ, иншооти варзишӣ, нақлиёти барқӣ минбаъд чун аҳолӣ барои ҳар киловат соати барқ 19,37 пардохт мекунанд.