11 роҳбари бозорҳои шаҳри Тошканди Ӯзбекистон барои роҳ додан ба пӯсидани пиёз дар анборҳо боздошт ва нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. АИ «АП» хабар медиҳад, ки охири моҳи июн дар ҷаласаи эътилофи «Тошбозорсавдо» ҳадди ақал 11 роҳбари бозорҳои шаҳри Тошканди Ӯзбекистон боздошт шудаанд.
Ин ҳодиса дар таърихи 30 июн рух дода, аммо танҳо ҳоло расонаӣ шудааст. Наздикони боздоштшудаҳо мегӯянд, онҳоро давоми ду моҳ дар боздоштгоҳи вазорати корҳои дохилӣ нигаҳдорӣ кардаанд.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба гуфтаи намояндаи Додситонии кулли Ӯзбекистон, нисбати боздоштшудаҳо парвандаи ҷиноятӣ боз ва ҳамаи онҳо дар роҳ додан ба пӯсидани пиёз дар анборҳои давлатӣ айбдор мешаванд.
«Падари маро он рӯз ба ҷаласа даъват карданд. Вале дар рафти ҷаласа ӯро боздошт карданд. Ба ҷуз падари ман роҳбари 10 бозори дигарро ҳам боздошт карданд», — гуфтааст писари яке аз раисони боздоштшуда.
Баҳори имсол дар бозорҳои Тошканд ба харидорон тақрибан 3 ҳазор тонна пиёзи ройгон тақсим карданд. Ба гуфтаи яке аз масъулони эътилофи «Тошбозорсавдо», боздошти роҳбарони бозорҳо маҳз ба ҳамин ҳодиса рабт дорад.
«Боздоштшудаҳо дар расонидани зарар ба буҷаи давлат дар ҳаҷми 12 миллиард сӯм (наздики 1,5 миллион доллар) айбдор мешаванд», — гуфтааст намояндаи эътилоф.
Ба гуфтаи вай, миёни боздоштшудаҳо раисони бозорҳои «Урикзор», «Челонзор», «Бек тупӣ», «Чорсу» ва ғайра будаанд.