Рӯзи 31-уми август аввалини гуруҳи ҳоҷиёни Тоҷикистон, ки имсол дар Каъба ин маросимро адо карданд, ба ватан бармегарданд.

ИА «АП» дар такя ба иттилои як манбаъ аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҷумҳурӣ хабар дод, ки то 14 сентябр ҳамаи зойирини тоҷик ба ватан бармегарданд.

Дар ин хабар гуфта мешавад, ки намояндагони ин кумита дар Маккаву Мадина бо онҳо суҳбат ороста, меъёрҳои қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо»-ро, ки мувофиқи он гуселу пешвози ҳоҷиён дар доираи оила гузаронида мешавад, бори дигар шарҳ доданд.

Дар ин шарҳ гуфта шудааст, ки қонун ташкили маросимҳое чун «ҳоҷиталбон» ва «ҳоҷиошӣ»-ро манъ мекунад. Тақсими оби зам-зам ва хурмои хушкшуда мумкин аст. Сокинон ҳоҷиро бо адои маросими ҳаҷ табрик карда метавонанд.

Имсол наздики 6 ҳазор нафар тоҷикистониён ба ҳаҷ рафтанд. Арзиши адои маросими ҳаҷ барои шаҳрвандони Тоҷикистон 33 ҳазору 410 сомониро ташкил додааст.

Акс аз «АП»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here