Соли нав дар паси дар қарор дорад. Ҳар як сарвари оилаи тоҷик ба қадри имкон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ақаллан дастурхоне барои фарзандон ва хешону дӯстони наздикаш густурда намояд ва ба аҳли оила фароғате муҳайё созаду нақшаи соли навро бо вазифаҳои дар пеш истода бо аъзои оила баррасӣ намояд.

Ҳарчанд бисёр диндорон мегӯянд, ки иди Соли навро ҷашн гирифтан нодуруст аст, аммо ин чорабинӣ на танҳо ба маҷрои зиндагии мо тоҷикон дохил гардидааст, балки қариб кулли халқҳои ҷаҳон ин ҷашнро хушҳолона истиқбол мегиранд.

Дар арафаи идҳо ҳаннотӣ ба авҷи аъло мерасад. Иди Соли нав дар ин маврид истисно нест. Шунидаам, ки савдогари беинсоф бо фурӯшандаи ҳамсояаш «роз» мегӯянд, ки «рӯзҳои бобаракати мо расиданд. Ҳамин рӯзҳо, ки нархро набардорему кисаҳоро пур накунем, дер мешавад». Ин таъкидҳоро инсоне мегӯяд, ки дар давоми умраш на боғро дидаасту на полезро. Маротибае бо нияти чизеро сабз кардан бел ба даст нагирифтааст. Фақат бо роҳи ҳаннотӣ ва фиреби деҳқонони асил пул дарёфт кардааст.

Як рӯз пеш аз иди Қурбон дар гирду атрофи «Садбарг» ба қавле «одам болои одам мезад». Нархи кулча, нон, печен ва дигар шириниҳоро ҳаннотон аз 30 то 80 фоиз зиёд боло бурда буданд. Нархи меваву сабзавот ба арши аъло расида буд. Мардуми дар ҳарос монда ба нархҳо нигоҳ накарда, халтаҳоро пур мекарданд. То бегоҳ тақрибан ҳама рафҳо холӣ гардид.

Бо вайрон кардани яке аз машҳуртарин бозорҳо — «Бозори сабз»-и шаҳри Душанбе ва ба як кунҷи камодаму камнақлиёт кӯчонидани ин бозори дастрас оҳиста — оҳиста дар пештоқҳои мағозаҳои маҷмааи «Садбарг» то чорроҳаи истгоҳи роҳи оҳан ҳаннотони шинохтаи «Бозори сабз» ба ҳар восита нуқтаҳои савдои худро кушоданд. Яке аз савдогарон бо ифтихор гуфт, ки савдо ва ташрифи одамон дар ин ҷо нисбат ба бозори вайроншуда хеле беҳтар аст. Дар ин роҳгузар, ки ҳамеша серодам аст, қисми ками одамон барои паст кардани нарх баҳс мекунанд. «Ба ин нуқтаҳои савдо фақат пулдорон меоянд»,- мегӯяд ҳамсуҳбати ман Муҳаммадҷон бо ифтихори махсус.

Вақте аз нархи мева ва сабзавот пурсон шудем, дарк намудем, ки гуфтааш бо нархгузориаш тақрибан мутобиқ аст. Дар он муддате, ки мо ҳамсуҳбати ин ҷавони зираку доно будем, нимаи рӯз буд ва савдояш хело гарм буд. Харидорон ба нархномаҳои бо ранг навишташуда таваҷҷуҳ намуда, аз фурӯшанда хоҳиш мекарданд, ки мева ё сабзавоти даркориашонро баркашида диҳад. Ин амри воқеист. Аммо нархномаҳое, ки савдогарон барои харид мегузоранд, аз рӯи инсоф нест. Вақте ки килои себи навъи «Симиренко»-ро аз бозорҳои яклухти «Гипрозем», «Меҳргон» ва билохира аз дасти худи деҳқон ё ин ки хоҷагидор бо ҳилаву найранг аз 2 то 3 сомонӣ гирифтаву 10 — 12 сомонӣ нархгузорӣ мекунанд ва боз нисфирӯзӣ ҳалолу ҳаром намоз мегузоранд, магар ин инсоф аст ва ё ба қавле аз кадом гӯшаи имон аст? Нархи дигар меваҷот, ба мисли анор, нок, себҳои сурху зард, мандарин, афлесун, сабзавотҳо — помидор, бодиринг, картошка, пиёз, сабзӣ, шалғам, лаблабу, карам, шалғам, турб ва ғайра аз 2 то 4 баробар зиёд фурӯхта мешавад.

Ман аз ин «бозори нав» аз сабабе, ки ҷои корам дар наздикии ҳамин маҷмаа мебошад, бисёр маврид дидан мекунам. Ҷои дилкушо ва серодам аст. Бисёр вақт зарурате меафтад, ки аз ҳамин ҷо чизе харид кунам. Дар маҳаллаи зистам — микрораёни 102 нархҳо айнан ҳамин аст. Умуман, тақрибан дар ҳама бозорҳои хурди пойтахт нархгузорӣ дандоншикан аст. Дар маркази шаҳр бозорҳои яклухту дастрас нест. Қисми зиёди мардону занони коршоями пойтахт маоши ночиз, аз 500 то 800 сомонӣ мегиранд. Афзудани қимати об, андози хона, барқ, хоҷагии коммуналӣ, роҳкиро, замин, хоҷагидорӣ ва даҳҳо намуди озуқаворӣ, доруворӣ ва дигару дигар дарде гаштааст тоқатфарсо. Аз бисёр рафиқону ҳамкорон шунидаам, ки имсол маззаи тарбузу харбузаро ягон мавриде дар куҷое чашидаанд. Тобистону аввали тирамоҳ дар вақти мавсим нархи тарбузу харбузаро ҳаннотон аз 10 то 25 — 30 сомонӣ бардоштаанд. Бо ин пули «ҳалол» савдогарони ҳаннот ё падару модарашон ба зиёрати Маккаи мукаррама барои ҳоҷишавӣ ва нуфузи зиёдтар пайдо кардан мераванд. Унвони «ҳоҷӣ»-ро ки соҳиб шуданд, мизоҷонашон меафзояд ва ба қавле ба боварии доимӣ медароянд.

Бозори «Меҳргон», ки дар маҳаллаи Сурхоб ба истифода дода шудааст, нисбати «Бозори сабз»-и пешина хело зебо ва кушоду барҳаво сохта шудааст. Мо вориди яке аз биноҳои дуошёнаи мева, сабзавот, асал, гӯшту чакка, салатҳои гуногун, нону кулча мешавем, ки дар ошёнаи якум ҷойгиранд. Дар ошёнаи дуюм мағзу мавиз, ғулингу писта ва амсоли ин дигар маҳсулотҳо ба фурӯш бароварда мешаванд. Чун анъана барои харидорони пулдору бой ва чуноне, ки баъзан худи онҳо мегӯянд, «тозахӯр», рафҳои қимат ва маҳсулоти хушсифат пешкаш карда мешавад. Рафҳои мевафурӯшӣ аз себ, нок, анор, мандарин, афлесун ва дигар меваҳо устокорона ва назаррабо оро дода шудаанд. Чун одати пешина аз нарху навои себу анор пурсон шудам. Савдогар — ҷавонмарди чусту чолок дар як мижа таҳ задан булбул барин нархҳоро баррасӣ намуда, халтаи селофанӣ дар даст илова кард: «Муаллимҷон, гӯед аз кадомаш гирам, аз инда арзон намеёбӣ, себ мехӯрӣ, себ». Фурӯшанда майли маро ба себи навъи «Симиренко» ҳис карда, маккорона гуфт: «Устод, барои дигарон килограммаш 18 — 20 сомонӣ бошад, ба хотири шумо 16 сомонӣ медиҳам». Нархи анор аз 20 то 25 сомониро ташкил медод.

Илоҷе карда аз «қап»-и ин ҳаннот халос хӯрдаву ба бозори яклухт, ё ба қавле «деҳқонбозор» раҳсипор гаштам. Дар баландии паси бозор айвони кушодаи барҳаво ва гирдогирдаш анборчаҳои хурд барои нигоҳ доштани маҳсулот, ки яклухт фурӯхта мешаванд, тариқи иҷора мавриди истифода бурдан қарор доранд. Ана, дар инҷо ҳис карда мешавад, ки қисми зиёди савдогаронаш инсоф доранд. Чанд нафар савдогарон нархҳо ва чӣ қадар дар болои маҳсулот нарх зам карданашонро гуфтанд. Шамсулло Фатҳиддинов аз ноҳияи Файзобод себи хоҷагиашро оварда, бо нархи дастрас — 3-4 сомонӣ чаканафурӯшӣ дорад. Ӯро хуб мешиносам, деҳқони асил аст. Шамсулло гуфт, ки «ҳар сол аз дари хона мефурӯхтам. Имсол себҷаллобон нархи себро дар ҷояш аз 1 ва 1,5 сомонӣ зиёд накарданд. Ҳамон одамонро дар ин бозор вохӯрдам, ҳамон хелу ҳамон навъи себе, ки айнан мисли себҳои мананд, оварда дар ин бозор ва бозори «Саховат» аз 4 то 5 сомонӣ ба дигар савдогарони чаканафурӯш месупоранду байни 3-4 рӯз соҳиби пули бедардимиён мегарданд».

Ҳамсуҳбати дигари ман ҷавонзани душанбегӣ Саодат Раҳимова (бо хоҳиши ӯ ному насабашро дигар кардем) мебошад. Саодат арз намуд, ки зиндагӣ маҷбураш кардааст, ки ҳанӯз чашми рӯз кушода нашуда, аз паси маҳсулоти ҳаррӯзаи бозоргир шавад: «Бо амри тақдир шавҳарам 3 сол пеш аз дунё гузаштанд. 4 нафар фарзандам ҳама мактабхонанд. Ба замми хӯрдану пӯшидан, ба ҳар яки онҳо роҳкиро, фондҳои гуногуни мактабӣ зарур аст. Ғайр аз ин, баъзан ба тӯю маъракаҳо рафтан зарур меояд, ки дасти холӣ рафта намешавад». Саодат маҳсулоти тоза — себ, помидор, бодиринг, булғорӣ, гулкарами чинӣ ва ғайраро яклухт харида, дар болояш аз рӯи инсоф чизе зам карда мефурӯшад.

Ба анборҳо назар дӯхта, бо як ҷавонмарди тақрибан 48 — 50-сола, ки худро Насрулло Абдуллоев муаррифӣ кард, ҳамсуҳбат гаштем. Ӯ гуфт, ки «аз деҳаҳо себ харида меорам, инчунин дар ҳамин ҷо бисёр шиносҳову мизоҷон себ оварда, барои фурӯш пешкаш мекунанд. Ҳар субҳи барвақт аз маҳаллаи «Восточная холма» омада, борамро тариқи яклухт ба он мизоҷоне, ки дар бозорҳои хурд савдо мекунанд, мефурӯшам. Баъзан мешавад, ки дар болои килои себ дирами ночизе ҳамроҳ карда, ба фурӯш мебарорам. Аз рӯзи аввали ба кор шуруъ намудани ин бозор дар ҳамин анбори хурдакаке, ки акнун ҷои корам гаштааст, заҳмат мекашам. Бо мизоҷон кор карда тавонистан, дили онҳоро ба даст овардан кори саҳл нест».

Аз ин анбор баромада, гирди бозор гашта истода, чашмам айнан ба себе, ки дар «Павилион», бинои дуошёна он ҳаннот ба ман 16 сомонӣ фурӯхтанӣ буд, дакка хӯрд. «Гиред, 3 килояш 10 сомонӣ медиҳам». Себро тагурӯ кардам. Ҳамон себе буд, ки ба ман «тозафурӯшҳо» пешкаш намуда буданд. Ман аз ин фурӯшандаи деҳқон ба 10 сомонӣ 4 кило себ бо нархи 2 сомониву 50-дирамӣ харида, аз бозор баромадам. Зиндагӣ ҳамин будааст. Агар хоҳед ба маънои мақоли «Як бому ду ҳаво» сарфаҳм равед, хубаш аз бозорҳо дидан кунед.

Ҳукумати шаҳри Душанбе барои ба эътидол овардани нархи гӯшт баъзе кӯшишҳо ба харҷ дода буд. Ҳарчанд тавсияи мақомот 35 — 36 сомонӣ барои як килограм гӯшт бошад ҳам, дар аксари кулли нуқтаҳои савдои гӯштфурӯшӣ аз тарафи савдогарон 40 — 42 сомонӣ ба фурӯш бароварда мешавад. 

Дар бозори назди хонаи ман марде солҳо боз ба фурӯхтани орд машғул аст. Ба болои ҳар як халтаи орд аз 15 то 25 сомонӣ изофа монда, ба савдо мебарорад. Тариқи килобаркаш бошад, ба сари ҳар як кило 1 сомонӣ аз нархи яклухт зиёд мефурӯшад. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки соҳиби чанд хонаву ҳавлӣ гаштааст. Маркази савдои «Сомон», ки дар шафати ҳамин бозор фаъолият мекунад, нархҳои дандоншикан дорад. Умуман, марказҳои савдо дар Душанбе ба ҷои бо нархи арзонтар ба фурӯш баровардани маҳсулоти ниёзи аввал нисбати мағозаҳои хурд нархҳоро қимат мекунанд. Ин мавзуест дигар.

Аммо дар ҳайратем, ки чаро бахшҳои дахлдори Ҳукумати шаҳри Душанбе, бахусус бахши зиддиинҳисорӣ ба ин масъалаҳо кам дахолат мекарда бошанд? Наход дар як бом ду ҳаво бошад? Наход нархи себи якхела дар сари бозор дар ҷои гарму нарм 18 — 20 сомонӣ бошаду дар паси бозор 2,5 — 3 сомонӣ фурӯхта шавад? Ё ин ки халтаи ордро аз як километр ба мошин бор карда овардаву 15 — 25 сомонӣ дар болояш зам кунанд?

Дар ҳамин ҷо таваққуф мекунем, зеро домони ин мавзуъ дароз аст. Ин ва дигар амсоли ин саволу пурсишҳо шояд дар соли нав ҳалли худро ёбанд.

 

Убайдулло РАҲИМОВ, узви ИЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here