Ин холокости беинтиҳо ҳамасола сари 1,35 млн одамро мехӯрад

 

Ҳамарӯза тавассути воситаҳои ахбори омма перомуни рух додани садамаҳои нақлиётии маргбор дар ин ё он гӯшаи дунё хабар дода мешавад. Дар қатори ин садамаҳо боз ҳазорҳо садамаҳои роҳу нақлиёти дигар бо фавт ва маъюбшавии одамон рух медиҳанд, ки дар бораи онҳо ягон маълумот дар ҷомеа мавҷуд нест, зеро онҳо гӯё як ҳодисаи «муқаррарӣ» шудаанд. Ба назар чунин менамояд, ки дар саросари ҷаҳон ҷанги эълоннашудае кайҳо оғоз ёфта, бе шакк мухотабонаш аз ду сӯ ронандагон ва пиёдагардон мебошанд…

Маҳз ба ҳамин хотир Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз санаи 6 то 12-уми май дар ҷаҳон баргузории Ҳафтаи амнияти ҳаракат дар роҳҳоро эълон намудааст. Ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе низ бо ширкати масъулини сохторҳои гуногуни давлатӣ, аз қабили мақомоти соҳаи тандурустӣ, нақлиёт, корҳои дохилӣ, маориф ва намояндагони ВАО зери унвони «Бехатарӣ дар роҳҳо: мушкилот ва роҳи ҳалли онҳо» мизи гирд доир гардид. Ба қавли дастандаркорони чорабинии мазкур, ҳадафи ниҳоии ин ҳамоиш мусоидат ба наҷоти ҳаёти одамон дар роҳҳои кулли сайёра буда, дар маҷмуъ ба пешгирии хатари аз байн рафтани ҷони инсонҳо ва ҷароҳатбардории эшон дар садамаҳои нақлиётӣ нигаронида шудааст. Тавре зикр гардид, дар давоми ин ҳафта ҳазорҳо нафар муҳофизони амнияти ҳаракат дар роҳҳо аз тамоми гӯшаву канори ҷаҳон ногузирии нисбатан таъсирбахши танзими ҳаракатро тарғиб мекунанд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралӣ Камолзода бо ифтитоҳ бахшидан ба кори ҳамоиш зимнан иброз дошт, ки пешгирии осебҳо ҳангоми садамаҳои нақлиётӣ мавриди таваҷҷуҳи ин вазорат қарор дошта, бо ин мақсад дар кишвар барномаи

«Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023» амалӣ гардида истодааст. Тавре М. Камолзода зикр намуд, мувофиқи таҳлилу мушоҳидаҳои мутахассисони соҳа, осеббардорӣ ба қатори масъалаҳои танзимшаванда дохил гардида, дар ин самт дар як қатор давлатҳои ҷаҳон баҳри коҳиш додани ин раванд баъзе чораҷӯиҳои муассирро анҷом медиҳанд, ки дар ин раванд Тоҷикистон низ пайваста талош менамояд.

— Дар натиҷаи рушди соҳаи роҳсозӣ, урбанизатсия, зиёдшавии воситаҳои нақлиёт дар кишвар мушкилиҳои зиёд дар ин самт ҷой доранд. Дар самти пешгирии осебҳо, пеш аз ҳама, бояд ба баланд бардоштани маданияти баланди шаҳрвандӣ ноил гардем. Зеро мутаассифона, имрӯзҳо муносибати аҳолӣ ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ коҳиш ёфта, қисми муайяни аҳолӣ онро риоя намекунанд. Барои ислоҳи ин қонунвайронкуниҳо бояд дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шавад,- мегӯяд ӯ.

Зимнан, ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳар сол дар ҷумҳурӣ 180 ҳазор осеби одамон ба қайд гирифта мешавад, ки аз инҳо то 500 нафар дар натиҷаи садамаҳои роҳу нақлиётӣ мефавтанд ва 1,5 ҳазор нафар одамон маҷруҳ мешаванд.

Тибқи омори мунташирнамудаи СММ, айни ҳол теъдоди фавтидагон дар натиҷаи садамаҳои роҳу нақлиёт рӯ ба афзоиш дошта, ҳамасола 1,35 млн нафар ҷони худро ба ин васила аз даст медиҳанд. Ҷароҳатҳои аз садамаҳои роҳу нақлиёт бардоштаи одамон бошад, дар ҳоли ҳозир яке аз омилҳои асосии марги кӯдакон ва ҷавонони то синни 29-сола гаштааст.

Бе шакк рух додани садама дар роҳҳо хисороти бузурги иқтисодиву иҷтимоиро дар пай дорад. Аз рӯи баҳогузориҳо, садама дар роҳҳо дар кишварҳои сатҳи даромадашон паст ва миёна метавонад то 5% маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил диҳад, ки ин барои Тоҷикистон солона тақрибан ба $350 млн рост меояд. Бо назардошти ҳамин, Тоҷикистон дар доираи Стратегия оид ба амнияти ҳаракат дар роҳҳои минтақаи Осиёи Миёна уҳдадор гардид, ки амнияти ҳаракат дар роҳро беҳтар намояд.

Ба қавли коршиносони соҳа, стратегияи мазкур то соли 2030 дар муқоиса ба соли 2010 дар ҳадди то 50 фоиз коҳиш додани маргу мир дар роҳҳои минтақаи Осиёи Миёна нигаронида шудааст. Ин стратегия ҳадаф дорад, ки солона ҷони то 23 000 нафарро наҷот дода, дар минтақа то 250 000 ҷароҳатҳои вазнинро пешгирӣ намояд.

Дар ҳамин ҳол, мувофиқи баҳогузории СҶТ, солона ба сари ҳар 100 000 нафар аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 ҳодисаи ба ҳалокат расидани одамон аз садамаҳои нақлиётӣ рост меояд. Ин рақамест, ки аз нигоҳи сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдувалӣ Раззоқов шубҳабарангез менамояд. Профессор Раззоқов, ки дар самти ҳолатҳои расонидани кӯмаки тиббӣ ва такмили он ҳангоми садамаҳои роҳу нақлиёт дар Тоҷикистон пажуҳиш анҷом додааст, бар ин назар аст, ки пас аз қабул ва татбиқи «Барномаи миллии пешгирии осеббардорӣ, такмили кӯмаки тиббӣ ҳангоми осеббардорӣ ва оқибатҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015», ки бо қарори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амалишавии он ҳоло низ идома ёфта истодааст, чи нишондоди миқдори фавт аз осебҳо ва чи нишондоди миқдори фавт дар натиҷаи ҳодисаҳои роҳу нақлиёт феълан коҳиш ёфта, мутаносибан 5,3 ва 4,9 дарсадро ташкил медиҳад ва он рақаме, ки дар ҳисоботи созмонҳои байналмилалӣ омадаанд, то ҳадде иғроқомезанд, ки воқеият надоранд. «Чунки,- мегӯяд профессор Раззоқов,- садамаҳои роҳу нақлиётро ба мисли ҳодисаҳои дигар рӯпӯш карда намешавад. Онҳо дар пеши назари ҳама рух медиҳанд ва мақомоти БДА ва тандурустӣ фавран ба қайд мегиранду тафтишот бурда мешавад. Аз ин рӯ, он наметавонад аз ҳисоботи оморӣ берун монад».

Бозраси калони шуъбаи техникии РБДА ВКД ҶТ Низом Салимов аз таваҷҷуҳ зоҳир намудани СҶТ ба масъалаҳои пешгирӣ аз садамаҳои роҳу нақлиёт истиқбол намуда, меафзояд, ки бо истифода аз ин таваҷҷуҳ бояд ҷиҳати ҳалли мушкилоти дар ин самт мавҷудбуда тадбирҳои муассир андешида шавад. Нигаронии Низом Салимов аз он аст, ки агар дар ҷое таркиш, сӯхтор, селу обхезӣ ва ё ягон ҳодисаи фавқулоддаи табиӣ рух диҳад, мардум ба он бо ҳайрат менигаранду садо баланд менамоянд, вале мутаассифона, бавуқуъоии ҳодисаҳои садамавии вобаста ба роҳу нақлиётро нодида мегиранд ва ё ҳамчун як амри воқеӣ қабул менамоянд, ки дилхарош аст. Ҳарчанд дар ин ҳодисаву садамаҳо ҳам инсонҳо мефавтанд ва ё якумр маҷруҳу носолим боқӣ мемонанд.

Дар идома Н. Салимов иброз дошт, ки соли 2018 нисбат ба соли 2017 ба амал омадани садамаҳои нақлиётӣ 1,4 фоиз коҳиш ёфтааст. Ба бовари ин корманди масъули БДА, садаманокӣ дар пойтахти кишвар то 2 маротиба коҳиш ёфтаааст, ки ин натиҷаи ворид шудан ба системаи «Шаҳри бехатар» мебошад.

Тибқи маълумоти оморӣ, тайи солҳои 2017-2018 дар роҳҳои кишвар қариб 2300 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 721 нафар ба ҳалокат расида, 2370 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардошта, маъюб шудаанд. Яъне 721 оила мотамзадаву бадбахт шуда, ҳазорон кӯдакон ятим гардидаанд, ки ҳалли масъалаҳои иҷтимоии онҳо ба дӯши давлат меафтад.

Аз таҳлилҳои кормандони БДА бармеояд, ки ҳодисаҳои бо марг анҷом ёфтани садамаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Рӯдакӣ, Варзоб, Ваҳдат, Файзобод, Ҳисор, Турсунзода, Шаҳристон, Хуҷанд, Деваштич, Мастчоҳ, Спитамен, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Кӯлоб, Данғара, Норак, Фархор, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин, Хуросон, Ҷайҳун ва Ёвон ташвишовар буда, зарур аст, ки барои таъмин намудани бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ва бартараф намудани камбудиву норасоиҳои мавҷуда аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

Чунин омори зидду нақиз дар ҳолест, ки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазозода, ки низ дар ин мавзуъ пажуҳиш анҷом додааст, мегӯяд, феълан теъдоди садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон тақрибан баробар бо омори Чину Русия аст. Дар Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз нигоҳи садамаҳои нақлиётӣ баъди Қирғизистон дар ҷойи дувум меистад. Ҷ. Муртазозода пешниҳод дорад, ки «барои пешгирӣ аз садамаҳои маргбор дар Тоҷикистон бояд ҳадди ҷаримаи ронандаҳо боло бурда шавад». Ба фикри ӯ, «ҳоло намешавад бо шиору насиҳат вазъро тағйир дод ва мақомот бояд ба амал гузаранд. Маблағи ҷарима барои набастани тасмаи бехатарӣ ва надоштани курсии кӯдакона дар мошин боло бурда шавад. Бубинед, дар Лондон роҳҳо калон нест, аммо танбашавӣ ба назар намерасад. Чаро? Чунки онҷо ҳама масъала пулӣ аст. Даромадан ба шаҳри Лондон — пул, таваққуфгоҳ — пул. Ин натиҷаи хуб медиҳад»,- муътақид аст ин вакили парлумон.

Ин пешниҳоди Ҷамшед Муртазозода дар ҳолест, ки бо як қарор Ҳукумат аллакай аз моҳи январи соли ҷорӣ ҳаҷми ҷаримаро барои вайрон намудани қоидаи ҳаракат дар роҳ боло бурд. Ҳамакнун ронандагон барои набастани тасмаи бехатарӣ 55 сомонӣ ва барои дар ҳоли сурх будани чароғак рондани мошин то 275 сомонӣ ҷарима месупоранд.

Агар коршиносони соҳа баландии суръати ҳаракат, истеъмоли машруботи спиртӣ, набастани камарбанди курсӣ, истифода накардан аз курсиҳо барои кӯдакон ва надоштани кулоҳи муҳофизатиро омилҳои рӯй додани садамаҳои нақлиётӣ шуморанд, дар Созмони ҷаҳонии тандурустӣ амалан муътақиданд, ки барои коҳиш додани сатҳи фавт бар асари ҳодисаҳои роҳу нақлиёт метавон тавассути беҳтарсозии қонунгузориҳо, таъмини иҷроиши онҳо ва боло бурдани амнияти роҳу нақлиёт даст ёфт.

Сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ профессор Абдувалӣ Раззоқов низ сари ин масъала хулосаҳои худро дорад. Ба эътимоди ӯ, такмили меъёрҳои ҳуқуқӣ, пурзӯр кардани корҳои пешгирикунанда, ҳамкории байнисоҳавӣ, ташаккули хизматрасонии тиббӣ, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва пурзӯр кардани корҳои омӯзишӣ қодир ҳастанд, то дар самти пешгирии осебҳо мусоидати бештаре намоянд.

Дар ҳамин ҳол, вакили парлумон Ҷамшед Муртазозода қабули Стратегияи миллӣ оид ба коҳиши фавт ва осебёбӣ дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, пурзӯр намудани корҳои профилактикӣ дар байни ҷавонон, бахусус, дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, дар ҷараёни таълим ба роҳ мондани мавзуҳо оид ба амнияти роҳҳо, дар сатҳи қонунгузорӣ пурзӯр намудани санксия нисбати гунаҳгорони садамаҳои нақлиётӣ ва ба ин васила боло бурдани ҷаримабандиро роҳи ҳалли мушкилот мешуморад.

Пешниҳоди боло бурдани ҷаримабандӣ, ба қавли ҳолдонҳо, агар аз як сӯ коррупсияро ривоҷ бахшад, аз ҷониби дигар, «табари пулмастонро даста мебандад». Айнан мисли он, ки бо ҷорӣ шудани қонуни танзим марҳила ба марҳила ҳаҷми ҷаримаро барои вайронкунандагонаш боло бурда бошанд ҳам, бо вуҷуди ин, сафи нафароне, ки бо дағдаға ва ба таври ошкоро ғайриқонунӣ тӯю маъракаҳои осмонкаф ороста, ҷашни зодрӯзу хатнасури пайвандонашонро бо ҳамҳамаву дамдама таҷлил намуда, онро бо ифтихор тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пахш менамоянд, коҳиш наёфт ва баръакс, пулмастоне ҳам пайдо шуданд, ки рӯирост тариқи наворҳо дар саҳифаҳои иҷтимоии худ иброз доштанд: «Ҷаримааш панҷуним ҳазорак будай да…».

Ба ин минвол, дар гумон аст, ки баланд бардоштани ҷаримаи вайронкунандагони қоидаҳои ҳаракат дар роҳу нақлиёт роҳи ҳалли масъала бошад. Ва метарсам, ки ин ҳам мисли қонуни танзим сафи бесарону пулмастонро зиёд насозад, то одамро мисли мӯрча зер карда гузаранду бо пардохти «кафанпулӣ»-и шахси фавтида ҷони худро аз панҷаи қонун раҳонанд.

Маҳмадалӣ МАҚСАДУЛЛОҲ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here