Баъди шикояти чандкаратаи сокинони маҳаллаи Саъдӣ Шерозии шаҳраки Москваи ноҳияи М. С. А. Ҳамадонӣ маҷбур шудем ба назди ин мардум рафта, мушкилоти эшонро аз наздик бубинему ба дарди онҳо бирасем.
Дилафрӯз Набиева — сокини бинои чорошёнаи истиқоматии 32-ҳуҷрадори маҳаллаи Саъдӣ Шерозӣ мегӯяд, ки «он ҷои асосӣ, ки оби корезии хонаҳои бинои баландошёнаи мо бояд рафта бирасад, солҳои зиёд ба ин сӯ пур шудаасту фаъол нест. Ҳама ҳоҷатхона ва ҳаммомҳои худро истифода мекунанд ва оби корезӣ ба «колодетс»-ҳо омадаву пур шуда, ба пеши роҳрави даромадгоҳи хонаҳоямон сар зада, бӯи вазнинаш ҳама ҷоро фаро мегирад. Мо сокинони хона маблағ ҷамъ карда, ба МФК рафтаву хоҳиш мекунем, то омада онро кашида бубаранд. Мошин омада, аз «колодетс»-и назди даромадгоҳи хонаҳои мо обро кашида мебарад. Бисёри ҳолатҳо хеле муддат пур шуда, оби корезӣ ба атрофи даромадгоҳҳои мо ҷорӣ гашта, ба ҷӯйбори пеши бино ҳамроҳ мешавад. Мешавад ҳолатҳое, ки гузашта намешавад ва бӯи вазнинаш атрофро гирифта, тирезаҳои хонаҳоро кушода намешавад. Муддати чанд сол аст, ки мо ҳамин мушкилро дорем. Ман муддати 7 сол аст ин ҷо зиндагӣ мекунам ва ёд надорам, ки он чоҳи пуршуда кор карда бошад ва ё онро омада тозаву холӣ карда бошанд. Ман аз ҷамоати Дашти гуло ба ин ҷо кӯчида омадам. Аз бӯю ифлосӣ ростӣ кӯдаконам касал шуданд. Шукронаи Худо, дар деҳа замин гирифта, хона сохтаанд, ба наздикӣ кӯчида меравем ва ҷонамон аз ин ифлосӣ халос мешавад. Аммо инҷо ин мушкилӣ то ба кай давом мекарда бошад? Масалан, ман кӯчида меравам, дигарон ин ҷо зиндагӣ доранд. Мардум, ҳамаи сокинони ин 32 хона ҳам аз ҳоҷатхона истифода мебаранд, ҳам аз оби ҳаммому либоси шӯста ва ҳамааш ба ҳамин «колодетс» омада мерезад. Магар чунин мешавад?».
— Ман зодаи ҳамин маҳаллаи Саъдӣ Шерозӣ ҳастам. Ин бинои истиқоматии баландошёнаро дар даврони собиқ шӯравӣ хатҳои обу корезиаш фаъол буд. Лекин муддати 10 соле, ки ман ин ҷо зиндагӣ мекунам, ҳамон чоҳи калон ҳолати ҳузнангез дорад. Худатон дида истодаед, болою атроф пурра бо алафи сабзида зер карда шудааст ва умуман, чоҳ фаъолият намекунаду ба атрофаш ягон техника ҳам рафта наметавонад. Аз қисмати поин ҳам ҳамсоя девор кардааст ва роҳи даромад ба ин ҷо нест. Ҳамсоя мегӯяд, ки «агар техника барои тоза кардани ин чоҳ биёранд, ман девори кардаамро чаппа мекунам, бигузор онро тоза кунанд». Оби корезии бино ба тагаш меравад, ин ҷо пур шудагӣ,- мегӯяд Фаррух Каримови 37-сола, сокини кӯчаи Саъдӣ Шерозии шаҳраки Москваи ноҳияи Ҳамадонӣ.
Зулайхо Гулмадова — сокини дигари ҳамин бино мегӯяд, ки «оби корезии бинои истиқоматии мо омада дар «коледетс»-ҳои назди даромадгоҳи хонаҳоямон мерезад. Дар ҳоле, ки он бояд ба ҳавзи муайяншуда рафта резад, на ин ки ба ин «колодетс»-ҳо. Чунки «колодетс» барои истифода дар вақти маҳкам шудани роҳи об ва ба ҳавз нарафтан аст, на ин ки барои ҷамъ овардани ифлосӣ. Ман аз соли 1983 дар ин бино зиндагӣ мекунам. Ин бинои 4-ошёнаи истиқоматӣ соли 1983 аз тарафи корхонаи пахтатозакунии ноҳия ба истифода дода шуда, барои коргарони корхонаи пахта сохта шуда буд. Як замон оби ҳавз пур шуд, аз ҷониби корхонаи пахта насоси обкашии дизелӣ оварда, каме ҳам бошад, ба воситаи он ифлосии ҳавзро кашида, ба новаҳои кӯчаи наздик холӣ карданд. (Гарчанде ин кор ҳам ғайристандартист). Дигар ягон маротибае ёд надорам, ки омада тоза карда бошанд. Бо маблағи ҷамъкардаи худамон аз «колодетс»-и назди даромадгоҳи хонаҳои мо оби пуршударо кашида мебаранд».
— Оид ба мушкилоти оби корезии бинои панҷошёнаи истиқоматии маҳаллаи Саъдӣ Шерозии шаҳрак ҳаминро гуфтаниам, ки мо ягон маблағ надорем, ки онро тоза кунем, ё мушкилиашонро ҳал кунем. Ба ин идораи коммуналӣ сарукор дорад. Ҳар соле чор маротибагӣ онро тоза мекунанд,- мегӯяд Хуршед Қурбонов — раиси ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳияи Ҳамадонӣ.
Бояд гуфт, ки раиси ҷамоат берун кашидани ифлосиро аз чоҳҳо дар назар дорад. Аммо нисбати он ҳавзи калонҳаҷм, ки махсус барои ҷамъоварии оби корезӣ муайян шудааст, чизе намедонад. Намедонад, ки ифлосиро аз чоҳ “колодетс”-ҳои назди даромадгоҳҳо намекашанд. Вақте дар бораи ҳавзи асосии муайяни бино аз раиси ҷамоат пурсон мешавӣ, гарчанде муддати ду сол боз раисии ҷамоати шаҳраки Москваро ба уҳда дорад, маълумот надорад ва намедонад, ки он ҳавзи махсуси барои ифлосии бино муайяншуда кайҳо пур шуда, солҳои тӯлонӣ аз истифода баромадаву роҳи даромаду баромад надошта, бояд роҳи ҳаллаш ёфт шавад. Фақат ӯ ҳамон «колодетс”-ҳои баъди пур шудан, аз онҳо баровардани оби ифлосро медонаду халос.
Ҷаноби Қурбонов вақте ба ҳайси масъули ҷамоат дарди мардумро сари вақт ҳал карда наметавонад, пас бояд онро ба идораи аз онҳо болоӣ бирасонад, хоҳ ба таври хаттӣ бошад, хоҳ шифоҳӣ. Вагарна чӣ масъулият доранд, вақте ки он ҳавз солҳо боз пур шуда ва аз истифода баромадау касеро ба ташвиш намеорад ва касе дар андешаи тоза карданаш нест?
Мадвалӣ Валиев — сармуҳандиси МФК-и ноҳияи Ҳамадонӣ бошад, дар вақти пурсиш аз посух додан ба суолҳои банда худдорӣ карда, бо асабоният ба суроғаи сокинони бинои мазкур аз қарздор будани эшон шикоят бурд. Вале ин маънои онро надорад, ки қарздор будани онҳо ба тоза кардаву ба ҳолати аввала баргардонидани ҳавзи пуршудаи чандсолаи оби корезии бино аз мадди назар дур монад ва сокинони бинову атрофиён бо чунин бӯйи вазнин ва ифлосии солҳои минбаъда ҳам тоқат кунанд!
Олим Маҳмудов, директори МНДСЭ-и ноҳияи Ҳамадонӣ бошад, мегӯяд, ки “оид ба ҳамин масъала ба таври хаттӣ худи ман шахсан ба раиси ноҳия ҳашт моҳ пеш муроҷиат карда будам. Раиси ноҳия сардори идораи ҳифзи табиати ноҳия, раиси ҷамоати шаҳраки Москва, сардори МФК-и ноҳияро даъват кард, масъалаи мушкилоти бинои чорошёнаи истиқоматии Саъдӣ Шерозӣ баррасӣ шуд. Дар ҳамин бино 32 оила, бештар аз 200 нафар зиндагӣ мекунанд. Мо корҳои фаҳмондадиҳӣ бурдем, барои он ки оби корезӣ баъди пур шудан ба роҳрави даромадгоҳҳои бино ҷорӣ мешавад. Агар ҳар як одам рӯзе 50 литр об истифода бубарад, дар як рӯз зиёда аз 9 тонна об аз ин бино мебарояд. Ин чиз ва бӯю ифлосӣ метавонад манбаи бемориҳои сироятӣ гардад. Вақте ки лоиҳаи таъминоти оби нӯшокӣ аз ҷониби давлати Ҷопон дар ноҳияи мо амалӣ шуд, насосҳои обкашӣ дар чуқурии 105 метр барқарор карда шуданд, қубурҳо иваз карда шуданд ва фишори об баланд шуд. Об дар ин бинои 4-ошёна бе мушкилӣ то 2-юм ошёна мебарояд. Соҳибони хонаҳои ошёнаи сеюм ва чорум худашон насос насб кардаанд ва ба хонаҳояшон обро бароварда метавонанд. Ҳатто худатон мушоҳида кардед, ки ба ҷуз ин дар хонаҳои ошёнаи сеюм ва чорум боз бочкаҳои нимтоннагӣ гузошта шудааст, ки вақти хомӯш шудани барқ ва ё истифода накардани насос, онҳо аз бочкаҳои захиравии худ, ки дар пешайвон ва ё дар шифти бинои ин хона гузошта шудаанд, истифодаи обро сар мекунанд. Дар як шабонарӯз 12 соат ба сокинони ин хона об медиҳанд, баъди 12 соат онҳо аз зарфҳои захиравии нимтоннагии худ истифода мебаранд. Ҳавзи калоне, ки барои оби корезии ин бино сохта шудааст, дар ҳаҷми 150-тоннагӣ пешбинӣ шудааст. Солҳои тӯлонӣ ин ҳавз пур шуда, тоза карда нашудааст. Баъди он, ки ҳукумати шӯравӣ пош хӯрд, ин ҳавз кайҳо аз ахлот пур шудааст. Ман ёд дорам, ба ноҳия ба кор омада будам, ки солҳои 1983 буд ва ин бино аз ҷониби корхонаи пахтатозакунии ноҳия барои коргаронаш ба истифода дода шуд. Дида будам, ки чуқурии ин ҳавз 4-5 метр буд. Вақте соли 1991 ҳукумати шӯравӣ барҳам хӯрд, корхонаи пахтатозакунӣ низ барҳам хӯрд ва соҳибони хонаҳо ҳар кадоме хонаҳои худро харидориву хусусӣ намуданд. Бояд сокинони ин бино бо идораи коммуналии ноҳия шартнома бубанданду ифлосии ин биноро идораи коммуналӣ кашонида бубарад. Ман ба идораи коммуналӣ маслиҳат медиҳам, ки ақаллан маблағи сӯзишвориашро аз сокинони ин бино бигираду маблағи дигарашро не. Дар вақташ дар ноҳияи мо як адад иншооти тозакунӣ дар пушти корхонаи консервабарории ноҳия ва иншооти тозакунии дуюми оби корезӣ дар деҳаи Марғоб пешбинӣ шуда, ҳама қубурҳояш кашида шуда буд. Ҳатто дар ҳамин деҳа ҳозир ҳам қубурҳои кашидааш ҳаст. Ростӣ, ман намедонам барои чӣ ин кор намекунад. Агар хатҳои обу корезӣ фаъолият мекарданд, мо ба ин мушкилиҳо намерасидем. Мо дар байни мардуми бинои истиқоматӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарем».
Ҷанобон Қурбонов, Валиев ва Маҳмудов, магар ифлосии ҳамон ҳавзи дорои гунҷоиши 150-тоннагиро бо истифодаи техника кашонида бурда дар ҷои дури ахлотпартоӣ партофтан имкон надорад? Агар он коре, ки дил бикашад, роҳи ҳалли худро меёбад ва боз ин мардум метавонанд муддати 7-10 соли дигар бе мушкилии оби корезӣ зиндагӣ кунанду ҳеҷ ифлосиву бӯйи бад онҳоро азият надиҳад. Имкон дорад ва инро амалӣ кардан лозим. Танҳо ҳавсалаи худотарсӣ ва дилсӯзӣ даркор, масъулият даркор. Агар рафту ҳавзи пур тоза карда шуда, ба фаъолият оғоз кунад, идораи коммуналӣ дар вақтҳои муайян онро омада кашида бурда тоза мекунад ва ин масъала роҳи ҳалли худро меёбад. Аммо барои чӣ масъулон, нафарони маошгир пайи андешаи ин кор намешаванд? Ман ҳайрони чунин роҳбарон ҳастам. Барои чӣ вакилони маҳал ба ном вакил таъин шудаанд? Муовинони соҳавии раиси ноҳия барои чӣ механизми роҳи ҳалли ин мушкилиро фикр намекунанд? Маблағ низ на он қадар зиёд сарф мешавад барои сӯзишвории экскватор ва самосвалҳо.
Дар байни мардуми ин бино ва биноҳои баландошёнаи дигар корҳои фаҳмондадиҳӣ бурдан лозим. Ба ном не, воқеан мардумро фаҳмонида тавонистан даркор, ки худ қазоват кунед, чанд сол боз мушкилӣ аз пеши хона, аз «колодетсҳо» сар зада, шуморо азият медиҳад. Ман мутмаинам, ки мардум роҳҳои ҳалли мушкилро бо ҷону дил қабул доранд.
Аммо гап сари он аст, ки кор нест! На идораи коммуналӣ, на ҷамоати шаҳрак, на вакилон, на домуллоҳову на кумитаи ҳифзи табиати ноҳия коре намекунанд! Агар коре мекарданд ва роҳи ҳалли ин мушкилро меёфтанд, нуран алонур мешуд.
Ифлосӣ манбаи бемориҳои сироятӣ аст. Ҳамаи 32 хона ҳоҷатхонаву ҳаммом доранд ва ҳама аз онҳо истифода мебаранд. То вақте дунё арзи ҳастӣ дорад, зиндагӣ давом дорад. Бояд кор карда, ислоҳ кард, на ин ки барои рӯз кӯр кардан ва ё роҳбарӣ зист. Беҳуда Лоиқи бузургвор нафармудааст:
Дар пайраҳаи ҳаёт по мондани мо,
Ҳайф аст, ки он қадамшуморӣ бошад.
С. ХАЛИЛИЁН, «ФАРАЖ», ноҳияи Ҳамадонӣ