Баъд аз зуҳри 9-уми август толори Академияи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон пур аз рӯзноманигорони радио, телевизион ва матбуоти даврии давлатию ғайридавлатии кишвар шуд. Онҳо бесаброна ҳамкасбони меҳмони худ аз Ҷумҳурии ҳамсояи Узбекистонро, ки давоми 4 рӯз дар мамлакат меҳмонанд,  интизорӣ мекашиданд. Соати 17: 15 дақиқа. Меҳмонон вориди толор гардиданд. Ҳамкасбони тоҷикистонӣ эшонро бо кафкӯбиҳои пурмавҷу самимӣ пешвоз гирифтанд.

Раиси Академияи ВАО-и Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода ва муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони кишвар Суҳроб Ализода меҳмононро бо самимияти беандоза хайрамақдам гуфта, рушди муносибот ва ҳамкориҳои судманди кормандони соҳаи матбуоти кишварҳоро ба нафъи мардумони ҳарду давлат арзёбӣ карданд.

Суҳроб Ализода гармии толорро ҳамчун гармии қалби ҳозирин маънидод намуда иброз дошт, ки ин вохӯрӣ бешак бо шарофати дӯстии сарони ҳарду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба рӯзноманигорон насиб гардидааст. Номбурда бо боварӣ қайд намуд, ки ин сафар дар хотири меҳмонон ҷовидонӣ нақш хоҳад баст ва рушди босуботи давлатҳо, равобити ҳасанаи мардумони кишвар боз ҳам густариш хоҳад ёфт.  

Меҳмонон дар навбати худ аз сафари корӣ ба кишвар ва суҳбату вохӯриҳо бо мардумони тоҷику узбектабори Тоҷикистон ибрози қаноатмандӣ намуда, гуфтанд, ки эшон барномаҳои телевизионҳои Тоҷикистон, аз ҷумла «Субҳ»-ро тамошо мекунанд ва аз он лаззат мебаранд.

Шоир, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Ҷумъа Ҳамроев аз таҳияи барномаҳои хуби телевизионӣ ва таъсис телевизионҳои нав, аз қабили «Шаҳнавоз» дар Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ намуд, вале номбурда аз пахши аз ҳад зиёди реклама дар телевизион нигаронӣ кард. Бино ба гуфтаи профессор, қатор ба қатор мондани реклама дар телевизионҳои Тоҷикистон тамошобинро озурда ва барномаро дилбазан мегардонад.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравии аз ҷониби Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон таҳиянамуда супурда шуданд. Ҳамчунин, рӯзноманигорони тоҷику ӯзбек фурсат пайдо карданд, то оиди дастоварду камбудиҳои соҳа суҳбатҳои судманд анҷом диҳанд.

Дар ин чорабинӣ ходимони фарҳанг ва хабарнигорони Ҷумҳурии Узбекистон- шабакаи телевизионии Узбекистон, раиси Маркази фарҳангии миллии тоҷикони Узбекистон-«Ориёно» Шарофат Эрматова,  Муовини сармуҳаррии рӯзномаи «Овози тоҷик»Тоҷибой Икромов, Шоир, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Ҷумъа Ҳамроев, Муҳаррир ва муассиси рӯзномаи «Ховар» (вилояти Сурхандарё) Олим Ҷумақулов, Мудири шуъбаи итиллоотии байналмиллалии «Узбекистон 24» Шарофиддин Тулеганов, Мудири шуъбаи Агентии миллии иттилоотии Узбекистон Нурулло Насриев, хабарнигори Агентии иттилоотии «УзРепорт» Абдулло Буврабаев, наворбардори Агентии иттилоотии «УзРепорт» Суҳроб Ҷӯраев, Муҳарррири рӯзномаи «Халқ сузи» Шойим Бутаев, корманди рӯзномаи «Народное слово» Машкура Зоҳидова, хабарнигори шабакаи телевизионии «Узбекистон 24» Зебо Тухтаева ва хабарнигори шабакаи телевизионии «Узбекистон 24» Ҷамол Маҳмудов иштирок доштанд.

Ёдовар мешавем, ки аз 7-ум то 11-уми август гуруҳи калони ходимони фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доранд. Ҳадаф аз сафари меҳмонон омодасозии маводҳо дар арафаи сафари давлатии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Узбекистон, рушди муносиботи байнидавлатӣ, тарғиби анъанаҳои миллии халқҳо, шиносоӣ бо шароити зисту зиндагии мардуми тоҷику узбек дар манотиқи Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе гуфта мешавад. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here