Роҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ аз рӯзноманигорон хоҳиш намуданд, ки бо қонунгузории соҳа дуруст шинос шаванд ва дар мавриди нафақаи калон гирифтани шахсони дар вазифаҳои баланд фаъолиятнамуда маводҳои нодуруст нашр насозанд.

 

Муовини раиси Агентӣ Назокат Одиназода имрӯз, 24-уми июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар кишвар нафақа ба миқдори беш аз 10 ҳазор сомонӣ вуҷуд надорад ва касе ин микдор нафақа намегирад.

Номбурда ба суол дар мавриди нафақаи 16-ҳазорсомонаи раиси собиқи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукумов гуфт, «номбурда нафақаи маъюбӣ мегирад, ки он 6 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад. Илова бар ин, Ҳукумов барои мукофотҳои давлатӣ аз нафақаи таъйиншуда боз 20 фоиз иловапулӣ мегирад, лекин нафақааш 15-16 ҳазор сомонӣ нест».

— Нафари дигаре, ки нафақаи баланд гирифтани ӯ мавриди таваҷҷуҳи хабарнигорон қарор дорад ва шумо доимо кунҷковона савол медиҳед, Наталя Назаршоева аст. Бояд бигӯям, ки Наталя Назаршоева корманди бонк аст ва ҳама медонанд, ки маоши кормандони бонк баланд аст. Нафақаи ӯ аз музди меҳнаташ вобастагии калон дорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки музди меҳнати кормандони соҳаи бонк, роҳи оҳан, сохтмон, авиатсия, саноат нисбати дигар соҳаҳо хеле фарқ мекунад,- гуфт Одиназода.

Муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ахиран нафақаи Наталя Назаршоеваро расонаӣ кард ва гуфт, он кас бо назардошти мукофотҳои давлатӣ 15 000 сомонӣ нафақа мегиранд.

Назокат Одиназода аз хабарнигорон гила карда, гуфт: «Ман намедонам, ки ин нобоварии шумо нисбати мо аст ва ё нафароне, ки нафақа мегиранд».

Ин дар ҳолест, ки қаблан директори вақти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар Абдуфаттоҳи Ғоиб дар нишасти хабарие аз гирифтани нафақаи маъюбии осмонии баъзе мансабдорони собиқ, аз ҷумла роҳбари собиқи «Тоҷиксодиротбонк» Наталя Назаршоева нигаронӣ намуда буд. Ӯ гуфт, бино ба маълумотҳои Агентӣ, Назаршоева 17 000 сомонӣ нафақа мегирад.

Абдуфаттоҳи Ғоиб ҳамчунин гуфта буд, аз 10 827 нафаре, ки нафақаи маъюбӣ мегирифтанд, аллакай 7046 нафар «маъюб» пурра сиҳат баромаданд. Дар натиҷаи чунин ҳиллагарӣ ба буҷаи кишвар 14 718 ҳазор сомонӣ ё 2,7 миллион доллар зарар расонида шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here