Баҳсу интизориҳое, ки раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода ба мерос гирифтааст

Деҳаи Қадамҷой (собиқ Қарасаққол Бобо)-и шаҳри Истаравшан заминҳои корами серҳосили зиёде дорад, аммо сокинонаш ба онҳо танҳо бо ҳавас менигаранд, зеро ҳамаро дигарон мекоранду аз ҳосилашон ҳам баҳра мебардоранд.

Чунин вазъият ҳам қасдан пеш наомадааст. Дар замони шӯравӣ давлат ин заминҳоро дар ихтиёри муассисаҳои давлатӣ қарор дод, аммо пас аз истиқлолият тақсимоти нав анҷом нашуд, то адолатро сари ҷояш шинонад. Ҳамин тавр, қариб 345 гектар ва шояд бештар аз ин замини кораму, ба истилоҳи мардуми маҳал, “лаҳм”-и аз падару бобоён мерос мондаи Қадамҷой, бо он вуҷуд, ки таърихан ва расман ҳудуди ин деҳа маҳсуб мешавад, мавриди баҳбабардории дигарон қарор дорад.

234 гектари ин заминҳои кораму серҳосилро шумо метавонед дар канори шоҳроҳи Душанбе — Чаноқ бубинед, ки ихтиёрдориаш ба дасти Литсейи касбии саноати кишоварзии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шаҳристон аст. Ҳарчанд ин заминҳо марзи маъмурии шаҳри  Истаравшан ба ҳисоб мераванд, ҳоло ба ин литсей тааллуқ доранд.

Дар замони шӯравӣ ноҳияи имрӯзаи Шаҳристон дар ҳайати ноҳияи собиқ Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) буд. 29-уми августи соли 1990 Шаҳристон аз Истаравшан ҷудо ва як ноҳияи мустақил шуд. Он замон мардуми Қарасаққол Бобо (ҳоло Қадамҷой) аз ҳукуматҳои ноҳия, вилоят ва марказ талаб карданд, ки заминҳояшонро ба онҳо баргардонанд, аммо касе ба ҳарфи онҳо гӯш надод. Пас аз воқеаҳои солҳои 90 дар ҷумҳурӣ ин масъала ба гӯшаи фаромӯшӣ супурда шуд ва ба муроҷиатҳои мардуми деҳа ҳам касе таваҷҷуҳ накард. Ба қавли ҳамсуҳбатҳои мо, соли 1996 дигарбора ин масъаларо дар сатҳи ҳукумати ҷумҳурӣ ба баррасӣ гирифтанд, аммо ба далоили норӯшан қароре қабул нашуд, то баҳс ҳалли худро ёбад.

Кор баръакс шуд. Алорағми интизориҳое, ки сокинони Қадамҷой доштанд, соли 2005 ин заминҳо дигарбора ба номи он замон Омӯзишгоҳи касбӣ — техникӣ (ПТУ)-и №20-и Шаҳристон ҳуҷҷат шуданд. Баҳс бо ҳамин фурӯ нишаст, аммо адолати таърихӣ барқарор нашуд ва ҳамоно раҳбарони ноҳияву вилоят ва ҷумҳуриро садо мекунад, ки ниҳоят ҳақро ба ҳақдор расонанд.

Чаро ин баҳс ҳоло боз муҳим шудааст?

Сокинони Қадамҷой мегӯянд, Литсейи касбии саноати кишоварзии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шаҳристон аслан ин заминҳоро барои ҳамон ҳадафҳое, ки гирифта буд, истифода намебарад. Баръакс, заминҳоро ба деҳқонони дохилу хориҷи ноҳияи Шаҳристон ба иҷора медиҳанд, то онҳоро мавриди истифода қарор диҳанд. 

Огаҳони ҳол мегӯянд, собиқ Омӯзишгоҳи касбӣ — техникӣ (ПТУ), ҳоло Литсейи касбии саноати кишоварзии Шаҳристон, дар замони шӯравӣ як муассисаи таълимие буд, ки аҳамияти умумииттифоқӣ дошт. Дар он аз дигар гӯшаву канори Иттиҳоди Шӯравӣ низ шогирдону устодон омада, таълим мегирифтанду дарс мегуфтанд. Теъдоди шогирдонаш ҳам ба марзи 1500 нафар мерасид. Онҳо дар заминҳое, ки таҳти ихтиёри омӯзишгоҳ буд, аз кишту кори ҳирфаии деҳқонӣ, агрономӣ, механизаторӣ, чорводорӣ, картошкапарварӣ ва дигар касбу кор дарсҳои амалӣ мегузаштанд. Ба қавле, омӯзишгоҳ дар замони шӯравӣ садҳо чорвои калони шохдор ва майда низ дошт, ки аз ҳисоби ҳамин заминҳо парвариш меёфтанд.

Аммо ҳоло, бино ба гуфтаи масъулин, омӯзишгоҳ ё литсей ҳамагӣ 315 шогирд ва 60 омӯзгору корманди техникӣ дорад. Илова бар ин, ба ҷуз 234 гектар заминҳои Қадамҷой 34 гектар замини умдатан обӣ дар минтақаи Саробии Шаҳристон низ дар ихтиёри литсей ҳастанд. Чорвои калони шохдор ҳам дар ҳудуди 40 ва чорвои майда дар ҳудуди 50 сар ҳисоб мешавад.

Воқеан, ҷудо кардани ин қадар замини зиёд барои литсейро масъулини муассиса ба воҳиди тағзия (кормовая единица) низ рабт медиҳанд. Аз рӯи гуфти онҳо, он замон барои ду чорвои калони шохдор 1 га ва ба ҳамин андоза барои 4 то 6 чорвои хурд замин ҷудо мешуд. Аммо иддаи дигар мегӯянд, ки аз рӯи меъёрҳо барои як гови ширдеҳ ва 4 то 6 гӯсфанд 1-гектарӣ замини обӣ ҷудо мешавад. Аммо ҷудо кардани ин қадар замин ба литсей ба хотири чорво набудааст. Ба қавли онҳо, замини литсей аз рӯи ин меъёр ҷудо нашудааст. Аммо агар ба даъвои аввалӣ такя кунем, теъдоди чорвои имрӯзаи литсей ба ин меъёр мувофиқат намекунад.

Он чиро, ки мо натавонистем равшан кунем, даромадҳои ин заминҳо аз ҳисоби иҷора буд, ки ба як қавле, ба суратҳисоби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон интиқол мешаванд. Дар навбати худ, иҷоракорон тамоми масъулиятҳои қонунии худ, аз ҷумла андозу дигар пардохтҳоро иҷро мекунанд.

Он чӣ барои сокинони деҳаи Қадамҷой як суол боқӣ мондааст, ин аст, ки чаро баъди аз Истаравшан ҷудо шудани ноҳияи Шаҳристон, фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ниҳоят поён омадани зарфияту талаботи Литсейи касбии саноати кишоварзӣ масъалаи заминҳои онҳо бозбинӣ намешавад? Дигар ин ки, то ба ҳол ҳеҷ як аз мақомоти давлатии масъули соҳа дақиқ накардааст, ки дар вақташ ба кадом асос ин заминҳоро ба таври бемуҳлат дар ихтиёри омӯзишгоҳ қарор дода буданд. Мутахассисон мегӯянд, маъмулан ин қабил заминҳо муҳлатнок — дарозмуддат ё кӯтоҳмуддат вогузор мешаванд, бахусус ки заминҳои мавриди баҳси мо марзи маъмурии Истаравшан буда, ҳоло дар тавозуни литсейи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, амалан ноҳияи Шаҳристон қарор доранд. Сокинон ҳам мепурсанд, ки то куҷо ин қабил бархӯрд ва ин номуайянӣ ҳаққу ҳуқуқҳои онҳоро нақз намекунад?

Бино ба иттилои расмӣ, аз 234 гектари ин замин 200 гектар замини корам буда, бақия 7 га — корами обӣ, 8 га — боғот, 19 га — чарогоҳ, 4 га — ҷангалу бешазор, 2 га — замини зери об, 1 га — зери роҳ маҳсуб мешаванд. Аммо сокинони Қадамҷой мегӯянд, пас аз пайдо шудани чоҳҳои артезианӣ ҳоло ин имкон пеш омадааст, ки заминҳои обӣ зиёд ва ҳосили бештар низ ба даст оварда шавад. Ҳоло дар ин заминҳо иҷоракорон ҳудуди 5 чоҳи артезианӣ низ кофтаанд.

Инак, вақте литсей қудрати истифодаи 234 гектар заминро надорад, ба болои ин, соҳиби 34 гектар дар худи Шаҳристон ҳам ҳаст ва замини гирду атрофи худи литсей ҳам 7 гектар чен мешавад (аз ин хотир, дар байни литсейҳои кишвар калонтарин ба ҳисоб меравад), чаро ба соҳибони аслиаш баргардонида намешавад, то онҳоро ба нафъи иқтисоди ноҳия истифода кунанд? Оё даъвои мардуми Қадамҷой мантиқӣ нест? Дар акси ҳол, ба иҷора додани ин заминҳо ба деҳқонони дигар то куҷо барои истифодаи самараноки онҳо метавонад мусоидат кунад? 

Мардуми Қадамҷой деҳқонони асил ва кордонанд, ки бозорҳои гирду атрофро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин мекунанд. Мардуми маҳал мегӯянд, дар ҳоли ба истифодаи онҳо даромадани ин заминҳо дасташон барои рушди кишти зироатҳои гуногун ва боғу чорвопарварӣ низ боз мешавад. Ҳоло онҳо фақат метавонанд заминҳои худашонро аз литсей иҷора гирифта, кор кунанд, ки табиист, ҳаққи қонуниии онҳо риоят  намешавад. 

Ва кош ин танҳо дарди мардуми Қадамҷой мебуд! Дар замони шӯравӣ 70 гектар замини ин деҳаро ҳукумат барои бӯстонсароҳои мансабдорон ҷудо карда буд. Ин ҳам дарди бахайр аст. Он айём давлат боз 140 гектар замини корами онҳоро гирифта, дар ихтиёри фабрикаи як замон маъруфи нассоҷии “Трикотаж” гузошта буд. Фабрика дар ин 140 гектар замин хоҷагии ёрирасон ташкил карда, барои коргаронаш зироату сабзавот парвариш медод. Пас аз фурӯпошии шӯравӣ фабрика хусусӣ шуд ва дар баробари он заминҳояш низ ба ихтиёри молики нав — ҶДММ “Гулгашт” гузаштанд. Бино ба гуфтаи огаҳони ҳол, ҳоло худи корхона умуман кор намекунад, аммо заминҳояшро саҳмдорони ҶДММ “Гулгашт” истифода мебаранд.

Тавре мебинем, ҳам Литсейи касбии саноати кишоварзии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шаҳристон ва ҳам ҶДММ “Гулгашт” аз баракати замони шӯравӣ соҳиби заминҳои беҳисоб шуданд. Бале, тақсимоти шӯравӣ асоснок буд. Сиёсатҳои маъмуриву иқтисодии он рӯзҳо тақозо мекард, ки литсей ё корхона соҳиби замини худ бошанд, рушд кунанд, зеро ҳамчунин зарурат вуҷуд дошт ва ба салоҳи кор буд. Аммо ҳоло ки литсей ва корхона қудрати истифодаи мақсадноки ин заминҳоро надоранд, ба сиёсатҳои иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол мувофиқат мекунад ё не? Инро ки ин заминҳоро иҷора дода, даромадҳои ночиз мегиранд, чӣ гуна мешавад арзёбӣ кард? 

Аз сӯи дигар, агар дар замони шӯравӣ дар Қадамҷой ҳудуди 40 оила зиндагӣ мекард, ҳоло теъдоди хонаводаҳо аз марзи 200 гузашта, талаботи мардум ҳам ба замин афзудааст. Муҳимтар аз ҳама, худи мардум мехоҳанд заминҳояшонро гирифта, мақсаднок ва барои фоидаи ҷомеа истифода кунанд. Чаро онҳоро ҳукумат набояд шунавад?

Сокинони Қадамҷой ба ин боваранд, ки барои ҳалли мушкилашон мусоидати раиси кунунии шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода хеле муассир метавонад бошад, чун ӯ як шахси коргару кордон ва ободкор аст. Ба қавли онҳо, раҳбарони пешин мекӯшиданд ба ин масъала дахолат накунанд ва ё аз ҳалли мушкил гурезанд.

Ин ҳам баҳсест, ки аз раҳбарони пешин барои раиси кунунии шаҳри Истаравшан ба мерос мондааст. Мантиқан, ӯ вориси ин умедвориҳо аз барқарор шудани адолати таърихӣ низ ҳаст, ки мардуми Қадамҷой аз ӯ доранд.

 

“ФАРАЖ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here